номаҳо
ЗАМИНИ БАҲСНОКУ МАСЪАЛАИ ДАРДНОК
Бо қарори собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ таҳти рақами №399 аз 19.06.2014, бинои кинотеатри тобистона, ки дар ҳудуди Коллеҷи кишоварзӣ ҷойгир аст, бо 40 сотих заминаш ба шаҳрванд А. Абдуллоев барои сохтмони мағозаи тиҷоратӣ ҷудо шуд. Ҳол он ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замини ба соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ҷудо шударо барои ба дигар мақсад истифода бурдан иҷозат намедиҳад. Пас, бо кадом роҳ шаҳрванд А. Абдуллоев иҷозати хусусигардонии ин биноро гирифт?
Иловатан 46 сотих замине, ки кишту кор мешавад, якбора дар ҳуҷҷатҳо «ғайрикишоварзӣ» таъйин гардид. Оё раиси ноҳия ё раиси ҷамоати деҳот ҳақ доранд, ки сохтори заминро тағйир диҳанд?
Ҳанӯз соли 2007 ҳамин мавзеъ ба шаҳрванди дигар барои сохтмони маркази савдо дода шуда буд. Соли 2008 бо қарори собиқ раиси ноҳия А. Ҳикматов сохтани маркази савдо дар қитъаи замини муассисаи фарҳангӣ манъ гардид.
Дидаву дониста дар давраи роҳбарии раиси дигар боз ҳамон мутасаддиёне, ки то ҳол баъзеашон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ифои вазифа доранд, ба шаҳрванд А. Абдуллоев хизмати хирсона намуда, иҷозатномаи истифодаи заминро барои сохтмон доданд. А. Абдуллоев бехабар аз баҳснок будани ин қитъаи замин ба сохтмон пардохта, маблағи зиёд сарф кард.
Агар ба ҷои ин бино ягон корхонаи истеҳсолӣ, бунгоҳи тиббӣ, ё маркази варзишӣ барои ҷавонон бунёд мегардид, сад дар сад дастгирӣ менамудем. Аммо бунёди маркази фурӯши чӯбу тахта чӣ зарурат дошт? Ҳол он ки чунин маркази боҳашамати савдо дар шаҳраки Бӯстон вуҷуд дорад.
Шодибек УСМОНОВ, ноҳияи Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2015 №: 173 Мутолиа карданд: 1402