номаҳо
АЛҲАЗАР АЗ ЗОҲИРПАРАСТӢ!
Бархе аз мусулмонон исломи асилро дар зоҳирпарастӣ дарёфтаанд. Аз ҳеҷ нуктаву талаботи асосии он огоҳӣ надоранду бар зоҳир ҳама диққатро равона намудаанд. Кош боз он либосҳо миллӣ бошанду ҳуснашонро андак бияфзоянд ва ё бо пӯшидани онҳо, воқеан, як рукну талаботи исломро ба ҷо оварда бошанд. Баъзан аз ин қабил зоҳирпарастон рафторҳое сар мезананд, ки боиси ҷалбу нороҳатии аксари мардум мегардад.
Ба пиндорам, замони он фаро расидааст, ки либосҳои миллӣ тарғиби бештар шаванд. Фарҳанги либоспӯширо дар дарсҳои тарбиявии тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаву миёнаи махсусу олии касбӣ ба хонандагону донишҷӯён биёмӯзанд. Охир то ба кай ин гурӯҳ ба зоҳирпарастӣ таъсири манфии худро бояд бирасонанд? Алҳазар аз зоҳирпарастӣ!
Н. РАСУЛОВ, шаҳри Чкалов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2015 №: 173 Мутолиа карданд: 1267