номаҳо
СИПОСГУЗОРАМ
21 марти соли равон дарди гурдаам шиддат гирифту маро тамоман беҳол кард. Баъди ташхис табибон пайванди гурдаи иловагиро тавсия доданд. Мувофиқи хулосаи мутахассисони варзидаи соҳаи тибби ҷумҳурӣ амалӣ намудани чунин ҷарроҳиро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зарур шумурдем.
14 июни соли 2015 озими ин кишвар шудам. Бехабар аз он, ки дар ин ҷо гузаронидани ҷарроҳии шаҳрвандони хориҷӣ муваққатан манъ шуда будааст.
Бо умеди ёрӣ ба наздиконам нома ирсол намуда, арз доштам, ки тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ҷарроҳӣ мусоидат намоянд.
Ниҳоят, дар бемористони «Бақиятуллоҳил Аъзам» оқои Искандарӣ, табиби басо мушфиқу меҳрубон маро бо ҷумлаи ёваронаш ҷарроҳӣ намуданд. Аз муносибати хуби ҳайати пизишкон ва кормандони бемористон хушам омад. Ба эшон миннатдории худро изҳор менамоям.
Аз сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ва кормандони сафорат, ки аз ёриашон баҳравар гаштаам, сипосгузорам.
Анвар МИРЗОАЛӢ, ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2015 №: 173 Мутолиа карданд: 1377