номаҳо
БЕХАТО ГАП ЗАНЕМУ НАВИСЕМ
Забон омили ваҳдатофар аст ва густариши забони адабӣ метавонад ваҳдату ягонагиро таҳким бахшад. Бинобар ин, барои боз ҳам беҳтару амиқ омӯхтан ва бо забони адабии тоҷикӣ ҳарф задан барои донишҷӯён мутолиаи адабиёти бадеӣ тавсия мегардад, ки ин раванд ҳамчунин барои ғанигардонии таркиботи луғавии забони эшон мусоидат мекунад. Забони худро хуб надониста, забони ғайрро аз худ намудан имконнопазир аст. Мо бояд имрӯз кӯшиш бар он кунем, то ки ҳар як фарди соҳибзабон бо забони адабии тоҷикӣ бехато, ҳарф занад ва босаводона нависад, зеро нерумандтарин забон ҳамон аст, ки забони меъёр бо забони гӯяндагонаш наздик бошад. Омӯзиши забон нахуст аз оила, аз модар оғоз мегардад ва тифл аввал сухан гуфтанро аз забони модар меомӯзад. Бинобар ин, модарон бояд аввал худ босавод бошанд, барои забономӯзии фарзандон бештар таваҷҷуҳ намоянд. Поку беолоиш ва бегазанд нигоҳ доштани ин ганҷинаи бебаҳо қарзи фарзандии ҳар як соҳибзабон аст.
Н. НАЗИРӢ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2015 №: 173 Мутолиа карданд: 1320