ҳукумат
Маҷлиси навбатии Ҳукумат
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он наздики 60 масъала баррасӣ ёфт.
Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи вазорату идораҳо таъйиншударо ба кори садоқатмандонаю софдилона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд.
Сипас масъалаи омодасозии саривақтии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баҳри аз ҳозир оғоз намудани омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла омодасозии марказҳои барқу гармидиҳӣ, дегхонаҳо ва шабакаҳои таъминоти барқ, гази табиӣ, гармӣ ва оби гарм, тезондани сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, кам кардани талафоти барқу газ, ба фурӯзандаҳои каммасраф гузаштан дар саросари қаламрави мамлакат, афзоиш додани захираи озуқаворӣ ва маводи сӯхт, аз қабили ангишт, гази моеъ ва мазут ва ҳамчунин бо истифодаи пурсамар аз заминҳои корам ва дигар имконоти мавҷуда афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои қатъӣ дод.
Доир ба масъалаи омодагӣ ба зимистон нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати ситоди ҷумҳуриявӣ тасдиқ шуд.
Барномаи барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкаши Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об барои солҳои 2010-2015 тасдиқ гардид, ки дар натиҷаи татбиқи босамари он обтаъминкунии 360 ҳазор гектар заминҳои корам ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мегардад. Ин шумора 48,5% ҳамаи заминҳои бо пойгоҳҳои обкашӣ обёришавандаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин Низомнома оид ба тартиб ва мӯҳлати (давомнокии) батаъхиргузории ӯҳдадориҳои андоз тасдиқ гардид.
Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳисоботи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов шунида шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки солҳои охир маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ва ғамхорӣ ба кормандони соҳа хеле афзун шудааст ва дар натиҷа дар ду соли охир норасоии муаллимон аз 8881 нафар ба 2969 кас расонда шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо баровардани баъзе мактабҳои хурд ва умуман босамар амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ дод.
Лоиҳаҳои як қатор санадҳои қонунгузорӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштанд. Тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009», «Дар бораи фарҳанг» ва «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» пешниҳод карда шуданд.
Ҳамчунин хулосаи Ҳукумати мамлакат ба лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд хулосаҳои дигари Ҳукумат ба лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи суғуртаи мутақобила» ва «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрҳуҷрагӣ ва ширкати (рафоқати) соҳибмулкони манзил» маъқул дониста шуданд.
Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, Барномаи рушди соҳаи заргарӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Шаҳринав ва Қоидаҳои ташкил ва истифодаи фонди давлатии тухмӣ тасдиқ карда шуданд.
Дар мавриди Барномаи рушди соҳаи заргарӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015 таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи ин барнома 10 корхонаи нави ин соҳа бунёд меёбад. Айни ҳол дар мамлакат 5 - то чунин корхона фаъолият мекунад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки баҳри ривоҷу равнақ додани ин соҳа ва ҳарчи бештар омода намудани кадрҳо ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ аз тамоми имкону захираҳо фаровон истифода бурда шавад.
Бо назардошти супоришу пешниҳодҳои иловагии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маориф Академияи таҳсилоти Тоҷикистон номгузорӣ карда шуданд.
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафро қотеона талаб намуда, ҳамчунин оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ба роҳбарони тамоми сохторҳо дастуру ҳидоятҳо дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5865