logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

27 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” – Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ, Лашкарбекова Елена Анатолевна ва Амонулло Саъдуллоев аз вазифа озод карда шуданд.
Тавре зикр гардид, ҳамчунин, 50 дарсади кормандони дастгоҳи марказии ШСХК «Барқи Тоҷик» ихтисор шудаанд.
Исмоилов Мирзо Ибрагимович, ки ба вазифаи раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” таъйин гардид, ба аъзои Ҳукумат муаррифӣ карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти иқтисодию молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» шадидан изҳори нигаронӣ карда, аз роҳбарияти нави ширкат талаб намуд, ки сиёсати кадрӣ, пулию молӣ ва фурӯши барқро ба низом дароранд.
Сафарзода Зафар сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъйин гардид.
Туйчизода Равшан муовини якуми директори генералии  Корхонаи  давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Холдоров Олимҷон Ортиқович директори Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ  ва  лоиҳакашию  кофтуковӣ  таъйин гардиданд.
Одинаева Бунафша Фатоевна аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод карда шуд ва аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ тасдиқ гардид.
Инчунин, лоиҳаи як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, “Дар бораи истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия”, маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин чанд хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳо, ки маъқул дониста шуданд, аз ҷумла ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, пешниҳод гардид.
Лоиҳаи Созишнома оид ба идома додани кори Маркази байналмилалии илмию техникӣ ва Созишномаи сармоягузорӣ  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир семент” оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолии семент, гачкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.
Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020, Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пешбурди феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд ва Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи ташкилоти адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ тасдиқ карда шуд.
Нақшаи генералии маркази ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон низ тасдиқ гардид.
Дар фароварди маҷлис ба масъулон доир ба андешидани чораҳои зиддибуҳронӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватании воридот- ивазкунанда, сарфаву сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва омодагии ҷиддӣ ба оғози соли нави таҳсил ва истиқболи шоиста аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дода шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2015    №: 176    Мутолиа карданд: 13059
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед