logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЧИН

Дар вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони Корпоратсияи коркарди тиллои «Зиҷинг Майнинг» Чэн Ҷинхэ масъалаи вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии ҶДММ корхонаи муштараки  «Зарафшон” дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
ҶДММ  «Зарафшон» моҳи августи соли 2007 таъсис ёфта, то имрӯз ба муваффақиятҳои калони истеҳсолию технологӣ ноил гардидааст. Ширкати «Зиҷинг Майнинг» аз соли 2007 то 1 январи соли 2015 дар ҶДММ корхонаи муштараки «Зарафшон» зиёда аз 277 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намуда, аз ҷумла техникаю технологияи навтарини соҳаро ворид намудааст.
Роҳбарияти ширкати чинӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд ва уҳдадор шуданд, ки новобаста ба мушкилоти буҳрони иқтисодӣ корхона ояндаи наздик 2 адад полоишгоҳи нави замонавӣ бунёд намуда, дар кони Тарор истихроҷи маъданро ба роҳ мемонанд.
Бо истифода аз технологияи муосир ва самаранок истифода бурдани канданиҳои фоиданок, соли равон  дар «Зарафшон» истеҳсоли маҳсулоти нав - хокаи мис ба роҳ монда шуд. Қаблан маҳсулоти мазкур дар омехтагӣ ба полоишгоҳ партофта мешуд. Оянда тибқи нақша корхонаи холискории мис низ сохта мешавад.
Ҳамчунин ба итмом расондани асосноккунии иқтисодию техникии кони Ҷилав ва ба истифода додани коргоҳи нави заршӯӣ бо иқтидори 10 000 тонна дар як шабонарӯз дар назар аст. Бо амалӣ шудани ин лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то соли 2016  то ба 1,5 млрд. сомонӣ хоҳад расид ва аз ин ҳисоб 500 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд. Ҳоло дар ин корхона 2260 корманд аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва 52 мутахассиси хориҷӣ фаъолият мекунанд.
Дар соли равон корхона истеҳсоли 2800 кг тилло ва 220 кг нуқраро ба нақша гирифтааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои соли рафта  131,6 дарсад зиёд аст.
Сарфи назар аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ корхонаи «Зарафшон» аз соли 2009 инҷониб бо фоида фаъолият дорад.

Дар суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтси масъалаи вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия бо ин ширкати пешрафта мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.
«Хуавей» бузургтарин ширкат дар ин соҳа буда, зиёда аз 100 намояндагӣ дар кишварҳои хориҷӣ дорад. Бо Тоҷикистон ҳамкории  ширкат аз соли 2009 оғоз ёфта, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.
«Хуавей» дар Тоҷикистон бо воридот, сохтан ва насби шабакаҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиостансияҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, стансияҳои рӯизаминӣ, радиомодемҳо) ва ғайра машғул аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинобар воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориҳоро дар ин самт ва ҳамчунин омода кардани мутахассисони тоҷикро барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуд.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Корпоратсияи «Чайна Глобал Технолоҷӣ» (China Global Technologi) - Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ Хуан Ҷяншунро ба ҳузур пазируфт.
Зимни гуфтугӯ масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ доир ба коркарди маъдан дар ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Чин» дар ҳудуди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баррасӣ ёфтанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ мавҷуд аст ва ҳамкорӣ бо ширкати мазкур яке аз ҳадафҳои бобарор дар ин самт мебошад.
Моҳи июни соли 2007 дар заминаи Идораи маъдани Олтинтопкан ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин»  таъсис ёфта, расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Ширкат корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминиро дар моҳи августи соли 2007 оғоз намуда, 18 декабри ҳамон сол ба сохтмони корхонаи бойгардонӣ бо ворид намудани дастгоҳҳо, техника ва мутахассисон оғоз бахшид. Ширкат корҳоро дар барқарорсозии кони «Зарнисор», «Пайбулоқ», сохтмони фабрикаи бойгардонӣ, партовгоҳ, обанбор, коргоҳҳои ёрирасон, биноҳои маъмурию, маишӣ ва ғайра ҷоннок намуда, мутобиқи ҳисобот аз соли 2007 то 1 апрели соли 2015 ҳаҷми сармояи воридшуда аз ҷониби ҷамъият зиёда аз 121,4  миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Моҳи сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Чин» ба имзо расонда шуд.
Мақсади ин санад ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини сокинони маҳаллӣ бо кор, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии ҶДММ “Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Чин” Ҷан Кели  вохӯрд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки табиати Тоҷикистон ва захираҳои бойи он имкон фароҳам меоранд, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Чин ҳамаи лоиҳаҳои муштарак дар самти иктишофу коркарди металлҳои ранга ва дигар нақшаҳо дар амал татбиқ карда шаванд.  Айни замон аз тарафи ин корпоратсия ҶДММ  “Пакрут”сармоягузорӣ мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ “Пакрут” соли 2004 барои гузарондани корҳои омӯзиши геологӣ ба муҳлати 10 сол ва соли 2011 барои ҳуқуқи истихроҷи минтақаи омӯхташудаи кон  то соли 2030 иҷозатнома дода шудааст.
Аз ҷониби ҷамъият ба буҷети ҷумҳурӣ то 1 июли соли 2015 ба маблағи 63,7 миллион сомонӣ  андозҳои давлатӣ пардохт шудаанд. Айни замон шумораи кормандон 1025 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 550 нафар  мутахассиси маҳаллӣ мебошад.
Роҳбарияти ҶДММ  “Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Чин” ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ворид кардани маблағҳои зарурӣ ба тарҳҳои судманд иброз доштанд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.09.2015    №: 179    Мутолиа карданд: 1464
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед