logo

мулоқотҳо

ЧИН ИТТИФОҚЧИИ БОЭЪТИМОД ВА ҲАМСОЯИ НЕК БОҚӢ МЕМОНАД

2 сентябр, нимаи дуюми рӯз, дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин вохӯрд.

Дар ҷараёни он масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори сипос карда, аз имкони мусоиди имрӯза барои мулоқоту музокирот ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ намуд.
“Барои Тоҷикистон Чин иттифоқчии боэътимод ва шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи нек боқӣ мемонад”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: “Мо барои таъмиқу тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар ҳама ҷанбаҳо, ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи ҳамсон дорем”.
Рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, мусоидати Чин ба рушди бахши энергетикии Тоҷикистон ва афзалият додан ба ҳамкории байниминтақавӣ аз масъалаҳои муҳими мулоқот буд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва иродаи иштирок дар паради ҳарбӣ дар шаҳри Пекин ба ифтихори 70 - солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ карда, мулоқоти имрӯзаро як имкони муҳим ва мусоид барои муҳокимаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, инчунин, дарёфти роҳҳои нави баҳрабардорӣ аз имкониятҳои мавҷуда арзёбӣ кард.
Си Ҷинпин изҳор дошт, ки Ҳукумати Чин минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ҷониби Чин кӯшиш ба харҷ медиҳад то бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим бо татбиқи 3 ҳадафи стратегии Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ – ҳамоҳангу ҳамқадам бошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Си Ҷинпин ба меваи хушки Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир сохта, изҳори бовар намуд, ки ба ин ва дигар маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои Чин майдони фарох боз мегардад. Раиси Чин изҳор дошт, ки кишвараш ба созмон додани минтақаи озоди иқтисодии Чин ва Тоҷикистон омода аст.
Аз ҷараёни татбиқи санадҳои қаблан баимзорасида ва натиҷаҳои муфиди мулоқоту музокирот дар сатҳи сарони давлатҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масъалаи таъмини амнияти минтақа, ҳамкорӣ барои пурзӯр кардани назорат дар сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва андешидани чораҳои муштарак оид ба коҳиш додани таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.     
Пас аз анҷоми музокирот 3 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳияи Барномаи чаҳорчӯбавии ҳамкорӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ;
Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин.
 Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду санади дигар - Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки рушди Чин ва Созишномаи ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Чин доир ба сохтмони комплекси агросаноатӣ ба имзо расид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.09.2015    №: 180    Мутолиа карданд: 1171
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед