logo

маориф

Панҷ ихтисоси нав бо истифода аз технологияи инноватсионӣ

Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиён дар мавриди ба забони илм ва технологияи иттилоотӣ табдил додани забони тоҷикӣ ва дар ин замина ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав аз рӯи панҷ ихтисоси дигар мутахассис омода созад.
Бино ба иттилои Хаёл Бобоев, ректори донишкадаи мазкур, дар нишасти матбуотӣ бо ВАО ҷорӣ намудани таълими чунин ихтисосҳо-менеҷменти инноватсионӣ, информатикаи математикӣ, забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, таҳрир ва коркарди матн ва графикии нашри китоб, забону кишваршиносӣ ба самти фаъолияти таълимгоҳ мувофиқ буда, дар айни замон ҷомеа ба онҳо ниёз дорад. Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, ки мактаби олии навбунёд буда, ҳадафи он омодасозии мутахассисони касбу пешаҳои гуногуни ба рақобати бозори меҳнат тобовар аст,  чандест  ба тарбияи мутахассисони соҳаи информатика, иқтисодиёти ҷаҳон, менеҷмент, системаҳои информатсионӣ ва технологӣ дар иқтисодиёт, муносибатҳои байналмилалӣ, лингвистика ва муносибатҳои байнифарҳангиву ҳуқуқи байналмилалӣ машғул аст. Дар он 1700 донишҷӯ, аз ҷумла 1230 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 470 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил менамояд.
Донишкада дорои заминаҳои мукаммали техникӣ буда, азм дорад бо истифода аз шабакаи интернет маркази таҳсилоти фосилавӣ ва маҳфили дӯстдорони технологияи иттилоотию коммуникатсиониро созмон диҳад.

Хайринисои Расулӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6123
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед