logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе, 7 сентябри соли 2015

Дӯстони муҳтарам!
Дар ибтидо ҳамаи шумо, намояндагони сокинони пойтахт, сармоягузорону мутахассисон ва муҳандисону сохтмончиёнро ба муносибати оғози фаъолияти корхонаҳои нави истеҳсолӣ табрик гуфта, ба ташаббускорону соҳибкорони ватанӣ ва шарикони онҳо, ки бо бунёди чунин корхонаҳо барои пешрафти кишварамон саҳми арзишманд мегузоранд, миннатдорӣ баён менамоям.
Корхонаҳое, ки ҳоло мову шумо дар маросими ба истифода додани онҳо иштирок дорем, ба истеҳсоли зарфҳои пластикӣ ва нӯшокиҳои ташнагишикан машғул буда, бо таҷҳизоту технологияҳои пешқадами ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Фаронса, Италия, Канада ва Люксембург муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Афзалияти корхонаҳи имрӯза дар он аст, ки таҷҳизоти технологии онҳо бо шабакаи интернет пайваст буда,   сифати маҳсулоти истеҳсолшуда аз ҷониби мутахассисони ширкатҳои истеҳсолкунанда назорат карда мешавад. Дар сурати фаъолияти муназзами корхонаҳо ҳар сол ба буҷети давлат зиёда аз 15 миллион сомонӣ андоз аз даромад ва боҷи давлативу пардохтҳои гумрукӣ ворид мегарданд. Дар корхонаҳои имрӯза то охири соли ҷорӣ қариб 600 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти корхонаҳои ифтитоҳшуда бо мақсади истеҳсол намудани маҳсулоти рақобатпазир бо як қатор ширкатҳои машҳури ҷаҳон доир ба воридоти таҷҳизоту технологияҳои навтарин ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.
Ҳозирони арҷманд!
Имрӯз хурду бузурги кишварамон шукрона мекунанд, ки ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамон ба миллати сарбаланду ободгари мо имконияти амалӣ намудани ормонҳои деринаи миллӣ фароҳам омада, ҳар як фарди ватандӯст метавонад барои ободу пешрафта гардидани Ватани муқаддасамон саҳми бевоситаи худро гузорад.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи олам собит намудааст, ки дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва ҷалби маблағгузории соҳибкорони дохиливу хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафт мебошад, ки ба ин масъала давлат ва Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Хусусан, дар сатҳи олӣ, яъне Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баррасӣ гардидани масъалаҳои марбут ба соҳибкориву сармоягузорӣ гувоҳи равшани дастгириву пуштибонии Ҳукумат дар ин самт мебошад.
Ин аст, ки тайи солҳои охир саҳми бахши хусусӣ дар ҷодаи фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва умуман ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва пешрафту ободонии мамлакат хеле назаррас гардидааст.
Муҳимтар аз ҳама, рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳамчун василаи асосии бартарафсозии оқибатҳои манфии буҳронҳо ва пешрафти иқтисодиёти миллии ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Таърихи даҳсолаи охири соҳибистиқлолии давлатамон нишон медиҳад, ки мардуми мо дар самти рушди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таҷрибаи зиёд андӯхтааст.
Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки минбаъд низ аз таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда, ки ҳаҷми асосии истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва шуғли аҳолӣ ба бахши хусусии онҳо рост меоянд, ҳамаҷониба истифода намуда, ҳамзамон бо ин, ҳангоми банақшагирии бунёди иншооти истеҳсолӣ ба имкониятҳо ва талаботи воқеии кишварамон такя намоянд.
Боиси қаноатмандист, ки дар ин ҷода бахусус солҳои охир дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе тавассути истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ як силсила корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки саҳми онҳо дар афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ хеле назаррас мебошад.
Дар давоми ҳафт моҳи соли равон дар доираи татбиқи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе ва ба ифтихори 24 –умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми беш аз 600 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар зиёд мебошад.
То имрӯз бо сарфи маблағҳои зикршуда сехи дӯзандагии Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» оид ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ, коргоҳи ҳунарҳои мардумии Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт», корхонаи истеҳсоли нону макарон, корхонаи истеҳсоли рахти хоб ва либоси тиббии Ҷамъияти «Ҳалима - 2015» ба истифода дода шуда, 21 майдончаи муосири варзишӣ ва 11 бинои истиқоматии баландошёна бунёд гардидааст ва 3,2 километр роҳҳо азнавсозӣ шудаанд.
Дар ҷараёни сохтмон ва мавриди истифода қарор додани фондҳои асосӣ беш аз 3300 нафар бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардиданд. Бар замми ин, то охири сол аз ҷониби соҳибкорони шаҳр боз 10 корхонаи хурди саноатӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти чопиву масолеҳи сохтмон ба истифода дода мешавад.
Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки бо вуҷуди дар маҷмӯъ таъмин гардидани афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе, дар ин давра пастравии суръати истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти чармию пойафзол, инчунин маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, металлургӣ ва маҳсулоти тайёри филизӣ ба мушоҳида мерасад. Чунин вазъ андешидани чораҳои муассиру саривақтиро тақозо мекунад.
Инчунин соҳибкорону истеҳсолкунанда-гонро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулот, ҳарчи зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва маводи ғизоии ватанӣ, ки ҳамчун омили муҳими рушд ва таъмини талаботи бозор мебошад, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд. Дар иртибот ба ин, таъкид менамоям, ки дар шаҳри Душанбе барои сохтмону ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ имкониятҳо хеле зиёданд.
Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зарур аст, ки дар ин самт фаъолияти худро тақвият бахшида, ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ворид намудани техникаву технологияҳои муосир, инчунин таҷдиду азнавсозӣ кардан ва ба роҳ мондани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва муҳимтар аз ҳама, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари сокинони пойтахт диққати махсус диҳанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Мехоҳам зикр намоям, ки бо вуҷуди идомаёбии буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин гардида истодааст. Дар 7 моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 23,4 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии мамлакат дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 13,4 фоиз зиёд кардаанд.
Айни замон дар мамлакат бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди саноати сабук барои солҳои 2006 - 2015» бунёди корхонаҳои нав ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти саноати сабук босуръат идома дошта, дар асоси барномаи зикршуда якчанд нақшаҳои мушаххас қабул гардида, ҳоло мавриди татбиқ қарор доранд.
Итминон дорам, ки дар натиҷаи татбиқи барномаҳои қабулшудаи соҳа ва амалӣ гардонидани иқдомҳои созандаи бахши хусусӣ рушду тараққиёти соҳаи саноати мамлакат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ дар пойтахт таъмин гардида, иқтидори истеҳсолии кишвар тадриҷан меафзояд ва барои сокинони кишвар ва пойтахти он ҷойҳои кори доимӣ ва маоши арзанда муҳайё карда мешаванд.
Бо мақсади татбиқи саривақтии барномаҳои тасдиқгардида ва ҳарчи бештар ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ҳар як иқдоми нек ва ташаббуси созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ карда, барои амалишавии мақсаду мароми онҳо ҳамаи шароити заруриро муҳайё намудааст. Зеро ҳадафи аслии ҳар яки мо ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва барои наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар шароити хуби кору зиндагиро таъмин кардан аст.
Итминон дорам, ки бо азму талоши Ҳукумат ва саҳми ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номуси миллат соҳаи саноати сабуки мамлакат ва пойтахти он дар солҳои наздиктарин ба марҳалаи навбатии рушд ворид мешавад ва ин иқдом боиси боз ҳам таҳким ёфтани имкониятҳои иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишварамон мегардад.
Барои ин, ҳар як роҳбар ва шахси масъули сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони пойтахт, соҳибкорону сармоягузорони баландҳиммат ва бонангу номуси мамлакат бояд барои ободу зебо ва пешрафта гардонидани шаҳри Душанбе софдилонаву садоқатмандона заҳмат кашанд, зеро пойтахти давлат симо ва оинаи он мебошад.
Дар охир, бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирони гиромиро ба муносибати ҷашни бистучорумин солгарди соҳибистиқлолии кишвар ва оғози фаъолияти корхонаҳои нав дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе табрик гуфта, ба ҳар яки шумо фазои орому осудаи зиндагӣ ва ба мутахассисону коргарони корхонаҳои навбунёд барори кор орзумандам.
Ҳамеша комёбу сарбаланд бошед!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.09.2015    №: 183    Мутолиа карданд: 1462
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед