logo

президент

Машварати корӣ дар ҳузури Сардори давлат

30 апрел  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси вилояти Хатлон  ва раиси ноҳияи Хуросон оид ба расондани кӯмакҳо ба мардуми аз офати табиат зарардидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.
Оид ба ҷараёни кӯмакрасонӣ ба зарардидагон ва барқарорсозии иншооти харобгашта гузориши Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, раиси вилоят Ғайбулло Авзал  ва дигар шахсони масъул шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон ва омадани селу лойқа шаби 21 – ум ба 22 -  юми апрели соли равон дар ду деҳаи Ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон 22 хона пурра ва 65 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд. Дар ин 87 хонаи зарардида 114 оила зиндагӣ мекард, ки шумораи онҳо 595 нафарро ташкил медиҳад. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиат ва расонидани кӯмак ба мардуми зарардида дар ноҳия ситоди доимамалкунанда ташкил  шудааст.
Кормандон ва дастаи наҷотдиҳандагони хадамоти мудофиаи гражданӣ ба бартараф намудани оқибати офати табиат сафарбар гаштаанд.
Аз ҷониби масъулон як шаҳраки иборат аз 117 хайма аллакай барои зисти муваққатии аҳолии зарардида омода гаштааст. Барои таъмини онҳо бо оби ошомиданӣ, хӯрокворӣ, нерӯи барқ, шароити тиббию санитарӣ, маводи сохтмонӣ ва дигар ашёи зарурӣ тадбирҳои зиёд андешида шудаанд.
Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ба аҳолии зарардида барои товони зарар 22 ҳазору 380 сомонӣ маблағ ҷудо намуд.
Ғайр аз ин, аз рӯзи аввали ҳодиса ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва инчунин шахсони алоҳида ба аҳолии зарардида кӯмак расонида истодаанд.
Дар суратҳисоби «Амонатбонк»-и ноҳияи Хуросон, ки барои кӯмак ба зарардидагон кушодаанд,  то 29 апрел зиёда аз  530  ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст.
Баҳри интихоби ҷойи нав барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ корҳои омӯзишӣ-таҳқиқотӣ идома доранд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти масъул оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои нав дар ҷойи мувофиқу бехатар, ҷудо намудани кӯмаки яквақтаи молиявӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат, ҷустуҷӯи роҳҳои дигари кӯмакрасонӣ, таъмини зарардидагон бо маводи сохтмонӣ ва доир ба ташкил намудани дигар корҳои зарурӣ супоришҳои қатъӣ дод.
Ба шахсони дахлдор ҳамчунин оид ба вусъат додани ободонию созандагӣ, кишти саривақтии пахта, омодагӣ ба кишти такрорӣ, захира намудани хӯроки чорво ва дигар корҳо дастуру ҳидоятҳо дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3802
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед