logo

маориф

МУАММОИ СОДА ВА МУРАККАБ

Тарбия ва ташаккули фарҳанги муоширати иҷтимоӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ба миён омадааст. Ҳалли он хеле мураккабу мушкил аст, зеро чеҳраву асолати миллатро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маориф, сиёсат ва ғайра ҳам дар қаламрави мамлакат ва ҳам берун аз он ҳувайдо месозад.
Ҳалли ин вазифаи пурмасъулият аз хонавода, боғча, синфҳои ибтидоӣ, асосӣ ва муассисоти миёнаи умумӣ шурӯъ мешавад ва дар макотиби ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, дар идороту муассисоти истеҳсолӣ ва роҳбарикунандаи ҷомеа идома меёбад. Вале заминаи ибтидоии ташаккули фарҳанги муоширатро хонавода, падару модарон, калонсолон мегузоранд. Он суннати хонаводагӣ аст. Бинобар ин, роҳҳои ҳалли ин вазифаи муҳимро ба волидон бояд омӯхт. Азбаски ҳодисоти олам гирдгардон аст, ҳанӯз вақти ба оғӯши мактаб қадам гузоштани кӯдакон онҳоро бо муоширати фарҳангӣ дар  хонавода ошно ва омӯхтан лозим аст, то дар қадами аввал дар муошират аз суханҳои дағал, тунду талхи таҳқиромез худдорӣ карданро ёд гиранд. Ва ин тадбирҳо дар тӯли ёздаҳ соли таҳсил дар мактаб дар ҳамкорӣ бо падару модар мунтазам амалӣ карда шаванд, то ба дараҷаи фаҳмидани асрори муҳаббати пок ва хонадории фарҳангии муфарраҳ расанд. Дар ин кор аз забони ноби тоҷикӣ ва адабиёти классикии пурҳикмат фаровон истифода бурдан ба манфиат аст. Баръакси ҳол, ин донишҳо ва дар ёд нигоҳ доштани қоидаю порчаҳои шеърии истифоданашаванда муаллақ мемонанд ва дар муддате аз хотирҳо зудуда мешаванд.
Бояд дар хотир дошт, ки ҳалли ин масъала танҳо вазифаи хонавода, муаллимони забону адабиёт набуда, балки яке аз вазифаҳои ҷонии аҳли ҷомеа мебошад.
Дар бораи мақсаду вазифаҳои умдатарини ҳамаи зинаҳои таҳсилот китобҳои зиёд таълиф шудаанд, ки мутолиа ва ба эътибор гирифтани онҳо пеши роҳи афкори эҷодӣ ва созандаи муаллимон ва омӯзгоронро равшан хоҳанд кард. Камина танҳо сари як муаммои таълим аз мавқеи шахсиам, ки ба амалияи фаъолияти педагогӣ ва донишҳои назариявии андӯхтаам иртибот дорад, таваққуф менамоям. Ин муаммо ҳам сода ва ҳам мураккаб аст. Таълим дар мактаби мо аз хондан, навиштан, шунидан, фаҳмидану гуфтан иборат аст. Бале, фаҳмидан! Ҳамин фаҳмидан дар чӣ асос ва то чӣ дараҷа амалӣ мегардад? Муаллим мефаҳмонад (ин як бору ду бор) ва шогирд «мефаҳмад». Чиро? Чизи тайёрро. Магар ин фаҳмидан аст? Аксари кӯдакон дар синфҳои 7-11 ба сарфаҳми донишҳо қисман муяссар мешаванд. Дар бораи сифати дониш ҳоҷати сухан нест. Охир дониш он гоҳ босифат мешавад, устувор аз худ мегардад, ки дар ҳалли масоили дидактикӣ дилпурона, бошуурона ва мустақилона, на танҳо дар синф, балки дар вазъиятҳои мухталифи ҳаёт истифода шаванд ва натиҷаи истифодаи донишҳоро худи истифодакунандаи дониш бинад, ҳис кунад, фаҳмад ва аз дастоварди худ қонеъ ва хушнуд гардад. Дар ин сурат дар қалби ӯ ҳавас, рағбат ва азми қатъии  донишандӯзӣ пайдо мешавад ва ӯро ба сӯи фатҳи қуллаҳои баландтари илму ахлоқ раҳнамун месозад.
Пас ин гуна азм аз чӣ сарчашма мегирад? Вақте ки муаллим на танҳо хондану навиштан, гӯш кардан, гуфтанро, балки муҳимтарин  амал - фикр карда тавонистанро бояд омӯзонад. Охир қудрати фикр кардан, мушоҳидаву, муқоиса намудан, дидан, таҳлил кардан ва маҳз ёфтани фарқ ва хулосаи ин амалҳои худро баровардан ва исбот кардани ақидаи худ кӯдакро фикркунанда, яъне мутафаккир мекунад. Фаҳмидани маъно ва шакли ин калима чандон асрорангез нест, вале барои инсон аз сад ҷавоҳирот арзишмандтар аст. Зеро соҳиби фикр шудан ва ин равандро барои  фаҳмидани асрори  олам равона кардан  инсонро, аз  ҷумла  кӯдак, наврас ва навҷавонро тавоно менамояд.
Муаллимон, омӯзгорон ва хирадмандони арҷманд, биёед, сари ин масъала андеша кунем, яъне фикр карданро ба шогирдон, ки хеле мураккаб, асрорангез, вале самарабахш хоҳад буд, омӯзонем. Ба назари банда, барои фикррониро омӯхтан, ки аз амалиёти зеҳнӣ ва фикриро ба кор андохтан иборат аст ва раванди таълим, хондану навиштан, фаҳмидану гуфтан ва ғайраҳоро самарабахш ва фаъол менамояд, таълими ҳамгиро босамартар мусоидат менамояд. Чаро? Барои он ки дар шароити таълими ҳамгиро, ки мақсаду вазифаҳои гуногуни фанҳои ҳамгирошуда ҳамчун монеаҳои педагогӣ ба миён гузошта мешаванд, кӯдакон, наврасон ва навҷавонон аз як ҳодисаю воқеаҳои гуногуни мантиқӣ ба дигараш рӯ меоваранд, миёни он пайванди мантиқӣ мегузоранд ва дар натиҷаи фишори фикрии шахсӣ асроркобӣ ва асроркашфкунӣ менамоянд. Масалан, миёни овоз ва ҳарф, миёни ҳарфу ҳиҷо, ҳарфу ҳиҷову калима ва ҷумла миёни ашё, рангу бӯи онҳо, ҳодисаҳои табиат, қаҳрамонҳои асарҳои бадеӣ ва ҳамаи инро бо худ, синфи худ, ҳамсинфону ҳаммактабон, падару модар ва ниҳоят миёни ҳодисаву воқеоти олам, ҷомеа ва то ба дуродурҳои аз назар ғоиб, ки танҳо бо тафаккури абстрактӣ пайвандгузорӣ ва фаҳмидан мумкин аст ва он тараф асрори илмии табиат ва ҷомеа, ки ҳама ҳамгиро ва яклухтанд. 

Файзулло ШАРИФЗОДА,
академики Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2015    №: 186    Мутолиа карданд: 1731
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед