logo

мулоқотҳо

ПРЕЗИДЕНТИ БЕЛАРУС БА ТАДБИРҲОИ АМНИЯТИИ ТОҶИКИСТОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

14 сентябр зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко масоили рушди муносиботи дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ ёфтанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт:  “Мо ба мардуми бародари Беларус таваҷҷуҳи самимӣ дорем ва ба дӯстии анъанавии мардумони ду кишвар арҷ мегузорем”.
Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки муносиботи ду мамлакат кайҳо боз хислатҳои шарикии стратегиро касб намудаанд. Изҳори бовар шуд, ки бо талошҳои муштараки ду ҷониб сатҳи ҳамкории мутақобилан судбахш ба қуллаҳои баланд расонда мешавад.
Александр  Лукашенко ба заҳмат-кашӣ ва меҳмоннавозии самимии роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла ду ва зиёда ҳосил рӯёндани кишоварзони тоҷикро “дастоварди бузург” номид.
Президенти Беларус ба тадбирҳои амниятии Тоҷикистон ишора карда, таъкид дошт: “Шумо бо ҷавонмардию ҷасорати беандоза барои нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамеша мубориза мебаред, то ки мардуми кишвар зиндагии орому осуда ва заҳмати созанда дошта бошанд. Мо дар навбати худ омодаем ҳар кумаке, ки метавонем, ҳар лаҳза ба Шумо расонем”.
Дар идомаи суҳбат барои пешгирӣ аз коҳишёбии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки тайи ду соли охир ба назар мерасад, фаъолсозии бештари Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур дониста шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои агросаноатӣ, мошинсозӣ, нақлиёт, энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ ва ғайра бояд ҷоннок карда шавад.
Ҷонибҳо бар зарурати татбиқи босамари Барномаи байнидавлатии рушди ҳамкорӣ барои давраи то соли 2020, роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон таъкид доштанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамкории байналмилалии Тоҷикистону Беларус сурат гирифт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2015    №: 187    Мутолиа карданд: 1262
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед