logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи бисёрҷанбаи ду шарики стратегӣ баррасӣ гаштанд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Русия ва шахсан ба Владимир Путин барои дастгирӣ аз тадбирҳои амниятии Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр ва ҳам барои фиристодани кумаки башардӯстона ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Владимир Путин бори дигар омодагии Русияро барои дастгирии ҳамаҷониба аз рушди Тоҷикистон таъкид дошта, аз ҷумла изҳор намуд, ки муносиботи Русияву Тоҷикистон бар иттифоқчигию баробарҳуқуқии ду ҷониб асос ёфтаанд. Аз ҳамгироии мунтазам ва босамари ниҳодҳои корҳои хориҷӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ҷараён гирифт, аз ҷумла зикр гардид, ки Русия ҳамоно шарики рақами аввали сармоягузори Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро сармояи мустақими аз ин кишвар воридшуда баробар ба 1,2 миллиард доллари амрикоӣ аст. Ин адад қариб ба нисфи ҳамаи сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон баробар мебошад. Соли 2014 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар муқоиса ба соли 2013 38 дарсад афзудааст. Ҳамзамон, коҳиш ёфтани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия зикр гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин раванд изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намуд, ки барои ислоҳи ин камбудӣ дар ҳудуди Тоҷикистон корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ба Русия таъсис ёбанд. Ҳамчунин, бунёди марказҳои хизматрасонӣ, ворид намудани технологияҳои нав ва техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки имконоти беандоза зиёди рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, нақлиёт, энергетика, алоқа ва робитаҳои мустақими байни минтақаҳои ду кишвар бояд васеъ истифода шаванд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили саҳлсозии шароит барои муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия зоҳир гардид. Аз он ки беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии камаҳамият аз ҳаққи воридшавӣ ба ҳудуди Русия маҳрум гардидаанд, изҳори нигаронӣ карда шуд. Масъалаи ба муддати то  90 рӯз дароз кардани муҳлати аз қайд гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз воридшавӣ ба ҳудуди Русия ба миён гузошта шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироиҳои амниятию дифоӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Русия сурат гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2015    №: 187    Мутолиа карданд: 1186
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед