номаҳо
НАМУНАИ ИБРАТ
Диловар Хоҷаев соли 2010 - ум муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26-и ноҳияи Раштро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонд. Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, сазовори номи баланди донишҷӯ гардид. Давоми 5 соли таҳсил бо рафтори намунавӣ ва хониши аъло байни донишҷӯён ном баровард.
Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда, бо сари баланд ба зодгоҳ баргашт. Ҳамагӣ 3 нафар донишҷӯ аз ноҳияи Рашт соли равон мактабҳои олии кишварро бо дипломи аъло хатм карданд ва ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро бетараф гузошта наметавонист. Раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон эшонро даъват намуда, дар ҳузури фаъолони ноҳия ба онҳо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мукофоти пулию молӣ супорид.
Чунин иқдом бори аввал аст, ки дар ноҳия ба мушоҳида мерасад. Ин амал аз як тараф мутахассисони ҷавонро ба фаъолияти оянда дилгарм созад, аз тарафи дигар барои роҳбарони дигар ноҳияҳои дурдаст намунаи ибрат ва лоиқи пайравист.
М. РИЗВОНОВ, ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2015 №: 188 Мутолиа карданд: 1318