номаҳо
ХИШТИ АВВАЛРО РОСТ ГУЗОРЕМ
Баробари баланд бардоштани масъулияти хонавода дар тарбияи фарзандон, беҳбуд бахшидани фарҳанги хонавода ва берун кашидани волидайн аз маҳдудияти таъминоти моддии хонадон, то ки онҳо тавонанд ҳарчи бештар ба тарбияи маънавӣ - ахлоқии фарзандон машғул шаванд, зарур аст. Зеро маҳз дар хонадон фарзандон асосҳои муносибат ва муоширати фарҳангӣ ва рафтори муаддабонаро машқ мекунанд, ба падару модар ва калонсолони хонавода пайравию тақлидкунон меомӯзанд ва минбаъд дар ин замина мактаб ин сифатҳои онҳоро дар раванди таълим ва тарбия устувор ва такмил мекунад. Маҳз хонавода дар фарзандон «хишти аввали» инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва зебоипарастиро мегузорад ва тадриҷан дар синни наврасӣ ва навҷавонӣ заминаи майлу интихоби бошууронаи касбу ихтисосро мегузорад. Ва ин ҳамаро дар ҳамкорӣ бо мактаб анҷом медиҳад.
Ф. ШАРИФЗОДА,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2015 №: 188 Мутолиа карданд: 1306