номаҳо
АГАР ТАБИБ САВГАНД ХӮРД...
Табибон пеш аз он, ки ба фаъолият шурӯъ бикунанд, савганди Ҳипократро бар забон меоранд. Ин расм, яъне хӯрдани савганд бо тантана сурат мегирад. Тааҷҷуби ман аз он аст, ки онҳо дар ин даврон метавонанд ба савганд содиқ бошанд? Охир, қариб ҳама хидматрасонии тиббӣ дар бузургтарин марказҳову дармонгоҳҳо пулакӣ сурат мегирад. Ба бемори пулдору вазифадор муносибат дар сатҳи баланд, хуб аст. Ба шахсони бепул муносибати сард мекунанд.
Албатта, ман чандин сол боз ба ин ҳама одат кардаам, вале гоҳҳо меандешам, ки савганд чӣ мешавад? Бо ин ҳол магар савганд хӯрдан шарт аст?
С. ҲАБИБОВ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2015 №: 188 Мутолиа карданд: 1391