номаҳо
ДАР КУҶО ТАМРИН КУНЕМ?
Мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, дили ҷавононро ба варзиш хеле гарм намуд. Сарвари давлат дар ин мулоқот таъкид намуд, ки дар ҳамаи ҷамоатҳо толору қасрҳои варзишӣ сохта, ба ҳаводорони варзиш пешкаш намоянд. Дар ҷамоати мо ягон қаср ё толори варзишӣ то ҳанӯз сохта нашудааст. Ҳамаи шахсони масъул нисбат ба ин масъала бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Акнун вақти он расидааст, ки масъулон нисбат ба ҷавонони деҳа дилсӯзӣ зоҳир намуда, дар бунёди толор ё маҷмааи варзишӣ талош намоянд.
Раҳими РАФЕЪЗОД,
деҳаи Кадучӣ, Ҷамоати деҳоти
ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2015 №: 188 Мутолиа карданд: 1313