номаҳо
МАҚОМОТ: ВАЪДА ҲАСТ, ВАФО НЕ
Мо - якчанд нафар ҷавонписарони деҳа бо амри дил ба хизмати Модар - Ватан рафтем. Дар Ҷамоати деҳоти Ворух ваъда доданд, ки баъди бозгаштан шуморо бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин менамоем.
Бо сари баланд аз хизмат баргаштем. Баъди интизориҳои зиёд, ба дасти мо Қарори раиси шаҳри Исфараро таҳти № 05 аз 10.06.2014 супориданд, ки дар он оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз мавзеи Лочини деҳа буд. Барои ин ҳар яке ба идораи ҷамоат 180-сомонӣ маблағ супоридем.
Лек аз ҳамон рӯз сарсониву саргардонӣ оғоз ёфт, ки то ҳол давом дорад. Борҳо ба раиси ҷамоати деҳа Насибиддин Нуриддинов ва раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир хаттиву даҳонӣ муроҷиат намудем. Зиёда аз як сол мешавад, ки мо қарор дар даст байни деҳаи Ворух ва шаҳри Исфара, ки зиёда аз 40 км масофа дорад, саргардонем. Аксар вақт раиси ҷамоат ба муроҷиати мо ҳатто аҳамият намедиҳад, баҳона пеш меорад, ки ҳоло замини тайёр нест. Пас, барои чӣ аз ҳар яки мо 180-сомонӣ ситониданд?
Бо эҳтиром ва умеди зиёд, аз номи 53-нафар сокинони деҳа, аз қабили Фарзон Мирзобоев, Ихтиёр Ахмедов,Некқадам Зиёваддинов, Сарват Ҷӯраев, Холис Холисзода, Манучеҳр Бобоев, Умед Бобомаллаев, Завқилло Сафаров, Суҳроб Бобоазизов, Меҳвар Самиев,
Ромис Сафарбоев
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2015 №: 188 Мутолиа карданд: 1428