номаҳо
МАКТАБИ 14
Масъалаи мубрам дар ин ҷо аз нав сохта ба истифода додани мактаби таҳсилоти миёнаи № 14 аст, ки дар солҳои 90 - уми асри гузашта ду маротиба ба коми оташ рафта, бинои боғчаи №1 то ҳол ба ҷои ин мактаби оташгирифта хизмат мекунад. Мушкилоти мазкур борҳо ба саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ расонда ва дар «Барномаи рушди иқтисодию – иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ ва вилояти Суғд барои солҳои 2008 - 2015, ба нақша гирифта шуда буд. Аммо бо сабаби кам будани буҷети ноҳия сохтмони мактаб ва боғча ба солҳои баъдӣ вогузошта шуд.
Сохтмони бинои мактаби №1 4 - ро бист сол инҷониб интизорем ва умед дорем, ки фарзандони мо ҳам дар мактаби замонавӣ бо таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Шодибек УСМОНОВ,
ноҳияи Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2015 №: 188 Мутолиа карданд: 1322