logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар ҳайати васеъ, шаҳри Душанбе, 15 сентябри соли 2015

Ҳамтоёни муҳтарам,
Дӯстони азиз,
Дар ин иҷлосия вақти натиҷагирии фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳайси раиси СААД расид. Қариб дар нуҳ моҳ мо барои рушд ва таҳкими иқтидор,  баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти Созмон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намудем.  Ин кор дар доираи Нақшаи татбиқи масъалаҳои ҷаласаи  Шӯрои амнияти дастаҷамъии соли гузашта,  ки моҳи декабр баргузор гардида буд  ва  афзалиятҳое, ки дар марҳилаи раисӣ дар СААД  эълон дошта будем, ба роҳ монда шуд.
Дар Тоҷикистон ҷаласаҳои шӯроҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиа, Кумитаи котибони Шӯрои амният, Кумитаи ҳарбии  созмон гузаронида шуд. Дар ин ҷо ҳамчунин ҷаласаҳои кории гурӯҳҳои мақомоти оинномавии СААД доир ба масъалаҳои Афғонистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони ниҳодҳои зиддимухаддиротии давлатҳои аъзо, машқҳои тактикии махсуси ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси «Раъд - 2015» бо муваффақият гузаронида шуд.
Тафтиши ногаҳонии омодагии ҷузъу томҳои ҳарбии Неруҳои муштараки вокуниши фаврии СААД дар қаламрави Тоҷикистон, ки нахустин чунин чорабинӣ дар таърихи созмони мо гузашта, сатҳи баланди малакаи ҳарбии тамоми ҷузъу томҳои ба ҳайати неруҳои дастаҷамъона воридшавандаро нишон дод. Ин оғози саривақтӣ ва комилан дуруст аст ва моро зарур аст, ки чунин таҷрибаро идома диҳем.
Мехоҳам қаноатмандии худро таъкид намоям, ки дар ҷаласаи пӯшида вазъияти дар минтақа ва ҷаҳон вуҷуддоштаро муфассал ва  манфиатнок  мавриди баррасӣ қарор додем. Он ба ҳамаи мо хуб маълум аст, ташаннуҷи байналмилалӣ афзуда истодааст, дар ҳар кунҷи дунё  зулму шиканҷа афзоиш ёфта, таҳдиду хатарҳо шакли васеъ ва муташаккил касб мекунанд ва ин шаҳодати истифодаи  моҳиронаи қувваҳои терроризми байналмилалӣ аз имконоти ҷаҳонишавӣ мебошанд.
Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамтоёнашро дар маҷмӯъ ба вазъияти кунунии минтақа, бахусус ба вазъияти Афғонистон ҷалб кард. Ҳамаи мо ба мувофиқа омадем, ки ҳодисаҳои дар он ҷо рухдиҳанда, аз мо амалҳои мувофиқашуда ва бетаъхирро барои таъмини ҳаёти осоиштаи кишварҳо ва мардумонамон талаб мекунанд. Мутаассифона, доираи таҳдиду хатарҳо ба амнияти минтақа маҳдуд намегардид ва ҳатто шояд густариш ёбад.
Ин ҳолат ва ҳамчунин авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ҳудуди СААД кӯшишу талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи моро барои ҳамоҳангсозии самаранок ва татбиқи чораҳои фаврӣ баҳри тақвияти имкониятҳои ҳарбӣ- сарҳадии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамсарҳад бо Афғонистон ва роҳандозии ҳамкории иттилоотии самаранокро талаб мекунад.
Ин ҷаласа имкон дод, ки як зумра тадбирҳо, ки ба мукаммал намудани фаъолияти мо дар доираи СААД равона шудаанд, муайян карда шаванд. Инҳо - тақвияти омодагии ҷангӣ ва таъминоти моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳои зудамали онҳо, бо ин мақсад гузаронидани машғулиятҳо ва машқҳои муштарак, ба роҳ мондани табодули иттилооти доимӣ ва маҷмӯи иқдоми дигар оид ба таҳкими созмон мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзо ва тақвияти ҳамоҳангсозии робитаҳо миёни корхонаҳои саноати ҳарбӣ аст.
Ба назари мо, зарур аст, ки СААД бо Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ҳадафҳои ҳамсон доранд, робитаро густариш бахшад, ки ин ба ҳамоҳангӣ ва мувофиқаҳое, ки дар сатҳҳои гуногуни кӯшишҳои амниятӣ андешида мешаванд, мусоидат мекунад.
Албатта, ҳамчунин муҳим аст, ки минбаъд имкониятҳоро таҳким бахшида, низоми оинномавӣ ва кории мақомоти созмонро барои он ки онҳо ба тамоми ҳолат омода бошанд ва тамоми асбобу таҷҳизотро дар ҳолатҳои зарурӣ дар амал истифода баранд, такмил диҳем.
Ҳуҷҷатҳои барои имзо омоданамудаи коршиносони мо ба ҳалли ин ва дигар ҳадафҳо равона шудаанд, ки онҳоро мо ҷонибдорӣ мекунем.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2015    №: 188    Мутолиа карданд: 1200
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед