logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ кафолати таъмини волоияти Конститутсия», шаҳри Душанбе, 17 сентябри соли 2015

Ҳозирини гиромӣ!
Меҳмонони арҷманд!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Қабл аз ҳама, меҳмонони азизу арҷмандро, ки барои иштирок дар кори Конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 20 - солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф овардаанд, хайра мақдам мегӯям.
Итминон дорам, ки меҳмонони азизи мо баъди боздид аз Тоҷикистони ҳамешабаҳор ва шиносоӣ бо таърихи бою фарҳанги пурғановати миллати қадимаи тоҷик ба кишварҳои худ бо таассуроти нек бармегарданд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳарчанд ки ойину суннатҳои давлату давлатдории халқи соҳибтамаддуни тоҷик ҳанӯз аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз мелод сарчашма мегиранд, аммо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мардуми мо дар охири асри ХХ муяссар шуд, дар сарнавишти тоҷикон таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллие гардид.
Таърихи ҷомеаи башарӣ собит месозад, ки қабул кардани санад ва эълон кардани истиқлолият барои ҳар халқу миллат ин ҳанӯз анҷоми кор нест. Ин марҳала оғози дигаргуниҳои азими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқиро тақозо дорад, ки бояд таърих, фарҳанг, забон, урфу одат, анъана ва арзишҳои пурғановати ҳар халқу миллатро дар ҳамбастагӣ ва алоқамандӣ бо арзишҳои умумиинсонӣ дар худ инъикос карда тавонад. Азми қавӣ ва садоқати мардуми Тоҷикистон ба сарзамини аҷдодӣ ва истиқлолияти давлатӣ буд, ки ин марҳалаи таърихӣ хусусияти созандагӣ ва бунёдкорӣ касб намуда, пойдевори устувори давлати миллӣ дар мамлакат гузошта шуд.
Ислоҳоти конститутсионӣ ва дар ин замина бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷумлаи вазифаҳои таърихии марҳалаи аввали соҳибихтиёрии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки ин иқдоми бузург 6 - уми ноябри соли 1994 амалӣ карда шуд. Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки дар таҷрибаи конститутсионализми Тоҷикистон бори нахуст тавассути раъй-пурсии умумихалқӣ қабул гардид, ифодаи азму иродаи халқи Тоҷикистон буда, хусусияти асосии ин санад миллӣ будани он ба шумор меравад.
Дар Конститутсия худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кардани халқи Тоҷикистон низ аз куҳанбунёд ва фарҳангӣ будани ин халқ маншаъ гирифта, дар баробари ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзишҳои миллӣ, инчунин садоқати давлат ва миллати тоҷикро ба арзишҳои умумиэътирофшудаи башарӣ инъикос менамояд. Конститутсия ҳамчун мафкураи сабтгардидаи давлатӣ, ки дар он самтҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ, масъулияти муштараки халқ ва ҳокимият дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, муттаҳид намудани манфиатҳои ҳамаи табақаву гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа ва расидан ба ормонҳои миллӣ инъикос ёфтаанд, бузургтарин манбаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Конститутсияи мо ба ташкил ва бунёди ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ аҳамияти махсус дода, тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ тибқи принсипи боздориву мувозинати байниҳамдигарии онҳо ба танзим дароварда шудааст. Назарияи таҷзияи ҳокимият, ҳарчанд ки ҳанӯз дар замони салтанати Рими қадим маълум буда, минбаъд ҳамчун принсипи асосии давлатдорӣ дар конститутсияи аксар давлатҳои демократӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, вале он дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон дар самти идораи давлат ва низоми ҳуқуқии он ҳатто дар даврони шӯравӣ бегона буд.
Дӯстони азиз!
Дар Конститутсия зоҳир намудани диққати ҷиддӣ ба нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон, алалхусус Суди конститутсионӣ бесабаб нест.
Аввалан, мақомоти назорати конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судии ҳамаи давлатҳои мутамаддин мавқеи муҳим дошта, бе мавҷудияти чунин мақом дар бораи принсипи солими боздориву мувозинати байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ сухан гуфтан бармаҳал аст.
Баъдан, таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон мебошад, ки мавҷудияти чунин мақом ифодаи амалии ҳадафи давлат ва миллат дар самти бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Дар навбати худ, бунёди ҷомеаи адолатпарварро бе ҳокимияти судии мустақил, салоҳиятдор ва дар асоси қонун ташкилшуда, алалхусус мақомоти назорати конститутсионӣ, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Илова бар ин, дар Конститутсия арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ зарурати дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ таъсис додани мақоми назорати конститутсиониро ба миён овард.
Суди конститутсионӣ бо функсияи пешгирикунандаи худ фаъолияти аз ҳама муҳими давлат ва мақомоти он, яъне фаъолияти меъёрэҷодкунии онҳоро назорат карда, ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Конститутсия мухолифатдоштаро бекор мекунад ва бо ҳамин роҳ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Конститутсияи мамлакат пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд. Вобаста ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳое низ садо медоданд, ки ҷонибдорони онҳо таъсис, мавҷудият ва фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро дар низоми ҳокимияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ амри воқеӣ ҳисоб намекарданд ва онро асоснок намешумориданд.
Аммо таваҷҷуҳи ман ҳамчун Роҳбари давлат ба таъсис ва мавҷудияти мақоми махсусгардонидашудаи назорати конститутсионӣ дар мамлакат ҷиддӣ буд, ки он сабабҳои объективии худро дошт. Чунончи, бесарусомонии дар мамлакат солҳои 1990-1992 бамиёномада, аз ҷумла беэътиноӣ ба конститутсияи амалкунанда ва танҳо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ғайриконститутсионӣ барканор кардани ду Президент ва панҷ Ҳукумат, ки оқибат мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, шахсан барои ман сабақи таърихӣ буд. Бинобар ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назорати конститутсионӣ дар шакли махсусгардонидашуда - Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид ва санадҳои қабулнамудаи он қатъӣ эътироф карда шуданд.
Такмили минбаъдаи салоҳият ва ваколатҳои Суди конститутсионӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 20-уми апрели соли 2006 ва дар заминаи он қабул гардидани Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 вобастагии мустақим дорад. Дар барномаи зикршуда, аз ҷумла пешбинӣ гардид, ки салоҳияти Суди конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, мукаммал карда шавад, то ки лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд, ба принсипҳо ва арзишҳои асосии Конститутсия мувофиқ бошанд.
Санадҳои Суди конститутсионӣ дар ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният, адолати иҷтимоӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нақши арзанда доранд. Фаъолияти Суди конститутсионӣ бо фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти давлатӣ, махсусан мақомоти қонунгузор робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳамин аст, ки дар асоси қарору таъйиноти Суди конститутсионӣ даҳҳо санадҳои қонунгузорӣ ба мақсадҳои олии Конститутсия – дахлнопазир будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мувофиқ гардонида шуданд. Тибқи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010 қонунгузорӣ номгӯи васеи субъектҳоеро, ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд, муайян кардааст, ки чунин номгӯй ҳатто дар мамлакатҳои пешқадами дунё вуҷуд надорад.
Мақсад аз ин иқдом, аввалан, пурра аз байн бурдани мухолифат дар қонунгузорӣ ва мувофиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи мамлакат ва баъдан, ба меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон баробар кардани сатҳи қонунгузории миллӣ мебошад. Дар иртибот ба ин, таъкид месозам, ки давлат аз субъектҳои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионидошта ҷиҳати ҳарчи бештар такмил додани раванди қонунгузории мамлакат муносибати боз ҳам ҷиддиву фаъолонаро тақозо дорад.
Ҳамчунин зарур аст, ки фаъ-олияти Суди конститутсионӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори конститутсионӣ, боло рафтани аҳамияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд боз ҳам беҳбудӣ бахшида шавад.
Дӯстони гиромӣ!
Дар раванди татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонии фаъолияти ин мақомот дар таҳрири нав таҳия гардида, соли гузашта аз ҷониби парламент қабул карда шуд.
Дар қонуни зикршуда меъёрҳои наве инъикос гардидаанд, ки онҳо ба такмили салоҳияти Суди конститутсионӣ ва фаъолияти мурофиавиии он, дастрасии субъектҳои ҳуқуқ, пеш аз ҳама, шаҳрвандон ба адолати судии конститутсионӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронида шудаанд ва итминон дорем, ки дар асоси ин санад фаъолияти Суди конститутсионӣ боз ҳам такмил меёбад ва он вазифаҳои аслии худ, яъне таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияро ба хотири таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ босамар иҷро мекунад.
Имрӯзҳо дар мамлакат ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бомаром идома дорад. Бо Фармони Президенти мамлакат аз 5-уми январи соли 2015 Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои ин барнома ба имзо расиданд. Шубҳае нест, ки бо татбиқи ин барнома амалӣ гардидани вазифаҳои дар назди ҳокимияти судӣ қарордошта боз ҳам беҳтар гардида, ҳокимияти судӣ аз пештара дида мустақилу неруманд ва сатҳи касбии он баландтар хоҳад шуд ва бо ҳуқуқшиносони баландихтисосу салоҳиятнок ва кордида таъмин гардида, ҷиҳати такмили бештар бахшидан ба фаъолияти касбии кормандони ҳокимияти судӣ чораҳои дахлдор андешида хоҳанд шуд. Ҳамчунин, заминаҳои моддиву техникии судҳо ва судяҳои мамлакат, аз ҷумла вазъи иҷтимоии онҳо низ сол аз сол беҳтару хубтар хоҳад шуд.
Дӯстони арҷманд!
Солҳои сипаришуда дурустии сиёсати давлатро оид ба рушди ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионии мамлакат дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои олии ҷомеа ва давлат дар хусуси бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиву адолатпарвар собит намуданд. Тавассути сиёсати бомароми роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат, таҳкими қонунгузорӣ дар бораи ҳокимияти судӣ, қабули барномаҳои ислоҳоти судӣ ва татбиқи амалии онҳо, беҳтар шудани заминаҳои моддиву иҷтимоии судҳо ва судяҳо ҳокимияти судӣ камол ёфта, имрӯз дар рушди институтҳои демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми назаррас дорад.
Замона тақозо дорад, ки фаъ-олияти мақомоти судӣ бояд ба манфиатҳои шаҳрванд ва ҷомеаву давлат мувофиқ бошад. Давлати Тоҷикистон аз ҷониби худ барои боз ҳам рушду таҳким ёфтани ҳокимияти судӣ ва нақши он дар ҷомеа тамоми чораҳои дахлдорро амалӣ мегардонад. Дар навбати худ ба бовару эътимоди ҷомеа ноил гардидани судҳо аз тамоми кормандони мақомоти судӣ заҳмати софдилона, фаъолияти созанда ва поквиҷдононаро тақозо мекунад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, инчунин кулли кормандони мақомоти ҳокимияти судии мамлакатро ба ифтихори ҷашни 20 - солагии таъсисёбии Суди конститутсионӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон оид ба ҳифзи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷомеа ва давлат қарордошта барори кор мехоҳам.
Инчунин, ба кори конфронс муваффақият ва ба меҳмонони арҷманди сарзамини тоҷикон будубоши гуворо орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2015    №: 189    Мутолиа карданд: 1341
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед