logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 119 дар Ҷамоати деҳоти Раҳмонови шаҳри Турсунзода, 18 сентябри соли 2015

Устодону омӯзгорони гиромӣ!
Фарзандони азиз!
Чунонки маълум аст, аҷдоди шарафманд ва фарҳангдӯсти мо мактабро ҳамеша макони муқаддас ҳисобида, азхудкунии илму донишро шарти асосии камолоти инсонӣ медонистанд. Маҳз дар натиҷаи арҷгузорӣ ба мақоми илму дониш ва саводу маърифат ҳазорон нафар донишмандону нобиғаҳои номдор дар домани ин миллати куҳанбунёд ба камол расида, ба ганҷинаи тамаддуни башар саҳми пурарзиш гузоштаанд.
Бо мақсади идома бахшидан ба чунин суннату анъанаҳои неку маорифпарваронаи гузаштагонамон давлат ва Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош мекунанд, ки мазмуну муҳтаво ва шаклу усули таълим дар мактаби имрӯза мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосир бошанд ва ҷиҳати афрӯхтани нури маърифат ва ташаккули шахсиятҳои дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳарчи бештар мусоидат намоянд.
Ҳар сол дар остонаи ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон ва оғози соли нави таҳсил дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар қатори ба истифода додани теъдоди зиёди иншооти таъйиноти гуногун, инчунин даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ ифтитоҳ гардида, барои таҳсили толибилмон тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда мешавад.  
Мактаби таҳсилоти умумии рақами 119 дуюм  таълимгоҳи наву замонавӣ дар шаҳри Турсунзода аст, ки ифтитоҳи расмии он худи ҳамин рӯз баргузор гардида, аз вусъати сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва дастгирии доимии соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ дарак медиҳад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, устодону хонандагони азиз ва падару модарони гиромиро табрик гуфта, ба толибилмони ин даргоҳ саломативу хушбахтӣ ва дар роҳи азхудкунии илму дониш муваффақият мехоҳам.
Мактаби ифтитоҳшуда барои фарзандони аҳолии аз минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун кӯчонидашуда бунёд гардида, корҳои сохтмони он дар давоми ду сол ба анҷом расонида шуданд. Мактаби имрӯза, ки дар бунёди он зиёда аз 23 миллион сомонӣ хароҷот гардидааст, аз се ошёна, 64 синфхона ва толору майдони варзишии муосир иборат буда, дар он барои таҳсил ва машқу тамрини толибилмон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таъмиру азнавсозии мактабҳои мавҷуда, инчунин сохтмони бинову синфхонаҳои иловагӣ ва бо таҷҳизоту ашёву асбоби таълимӣ таъмин кардани онҳо аз ҳисоби буҷети давлат, инчунин аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ба тариқи ҳашар торафт вусъат гирифта истодааст, ки дар натиҷа дар мамлакатамон тақрибан ҳар моҳ мактаб ва муассисаҳои тарбияи томактабӣ ба истифода дода мешаванд.
Ҳамаи тадбирҳое, ки дар ин самт амалӣ карда мешаванд, танҳо ба хотири самаранок гардонидани раванди таълиму тарбия ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ равона гардида, аз ҷониби Ҳукумати кишвар чунин иқдомҳои ватандӯстонаву хайрхоҳона минбаъд низ дастгирӣ карда мешаванд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки бо истифода аз шароити муҳайёкардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ба талаботи меъёрҳои  таҳсилоти муосир мутобиқ гардонидани низоми таълим, инчунин тибқи тақозои бозори меҳнати ватаниву хориҷӣ ба камол расонидани кадрҳо вазифаи ҷонии аҳли маориф мебошад.
Мо ин масъаларо беҳуда аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлат эълон накардаем ва барои муваффақ шудан ба он аз тамоми имконият ва неруи зеҳнии аҳли ҷомеа истифода карда истодаем.
Давлат хусусан ба масъалаи муосиргардонии раванди таълиму тарбия ва таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосир аҳамияти махсус медиҳад ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти дар ин самт мавҷуда ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешад. Яъне мо имрӯз барои азхудкунии дониш ва тарбияи насли наврас ҳамаи шароитро муҳайё кардаем ва барои таҳсилоти олии касбии фарзандони мардуми диёрамон ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон ва ҳам дар мактабҳои олии кишварҳои пешрафтаи олам роҳи васеъ кушодаем.
Дар баробари дастгирии давлату Ҳукумати кишвар ҳар як падару модар ва аҳли ҷомеа бояд хуб дарк намоянд, ки рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа аз сатҳи донишу малака ва маҳорати кадрҳо, ки ташаккули онҳо маҳз дар мактаби миёна шурӯъ мешавад, вобастагии калон дорад. Агар мо барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия аз зинаҳои поёнӣ, хусусан аз зинаи муассисаҳои томактабӣ ғамхорӣ зоҳир накунем, истифодаи васеи дастовардҳои техникӣ ва татбиқи технологияҳои муосирро мақсаднок ба роҳ намонем, омода кардани насли ояндасоз ва пешрафти иқтисодии Ватани азизамонро таъмин карда наметавонем.
Зеро талаботи замон барои аз худ намудани донишҳои муосир торафт ҷиддӣ гардида, имрӯз илм ба манбаи бисёр арзишманд ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил ёфтааст. Яъне ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони имрӯза тақозо менамояд, ки мо фарзандони худро аз хурдсолӣ соҳиби донишу маърифат гардонем, то ки онҳо минбаъд касбу ҳунари ҷавобгӯи замони имрӯзаро аз худ намуда, дар шароити даврони пешрафт зиндагӣ ва кору фаъолият карда тавонанд ва дар рушди давлату ҷомеа ҳиссаи арзанда гузоранд.
Дар робита ба масъалаи тарбияи насли ояндасози дорои ҷаҳонбинии муосир ва дониши мукаммал хотиррасон менамоям, ки дар баробари мактабу ҷомеа ва волидайн, пеш аз ҳама, худи ҷавононро зарур аст, ки имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла таҷрибаи устодону омӯзгорон, китобҳои дарсиву бадеӣ, китобхонаҳои электрониву матбуоти даврӣ ва шабакаи интернетро мақсадноку самаранок истифода бурда, барои камолоти хеш ҳарчи бештар саъю талош намоянд.
Чанд сол пеш мо дар доираи тадбирҳо доир ба тақвияти раванди таълиму тарбияи насли наврас бо мақсади тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон ва умуман тақвияти корҳои тарбиявӣ Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро қабул кардем.
Қонуни зикршуда ҳар як хонавода, кӯдакистону мактаб ва аҳли ҷомеаро водор менамояд, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд диққати махсус зоҳир намуда, чӣ будани масъулият ва рисолати асосии худро дар раванди тарбияи фарзанд амиқан дарк намоянд. Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки дар таълиму тарбияи фарзанди босаводу соҳибмаърифат, дар навбати аввал, падару модарон бояд масъулиятшиносу манфиатдор бошанд.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қонун ба тарғибу ташвиқи одобу ахлоқи ҳамида, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву  хештаншиносӣ ба воя расонидани наврасону ҷавонон  мусоидат намуда истодааст. Бо вуҷуди ин, устодону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки якҷо бо падару модарон ва аҳли ҷомеа ба сифати таълиму тарбия диққати боз ҳам бештар диҳанд ва ҳамаи донишу таҷрибаи худро ба он равона созанд, ки шогирдони онҳо ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа, донишманду соҳибмаърифат ва босаводу тарбиядида ба камол расанд.
Илова бар ин, аз ҳамаи устодону омӯзгорони муҳтарам тақозо мегардад, ки қабл аз ҳама, маҳорату малакаи касбии худро такмил дода, бо истифода аз усулҳои нави таълим рисолати аслии хеш, яъне таълиму тарбияи насли ҷавонро пурсамар, босифат ва ба таври шоиста иҷро намоянд. Зеро шогирдони имрӯза – фарзандони ҳамаи мо ва ояндаи ҳар кадоми мову шумо ба ҳисоб мераванд.
Бори дигар такрор мекунам, ки рисолати касбии устод ва муаллим ҳангоми таълиму тарбия ҳамчун фарзанди хеш ҳисобидану ҷиддан кор кардан бо толибилм ва нисбат ба ояндаи неки ӯ  дилсӯзу ғамхор будан аст. Ва шогирдон ҳам дар навбати худ бояд ба қадри заҳмату машаққати устодон расанд ва ба заҳмати устод арҷ гузоранд.
Бинобар ин, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки дар баробари такмил додани раванди таълим, инчунин диққати асосиро ба тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолон, ки ин рисолат аз гузаштагони мо ба мерос мондааст, бештар равона созанд.
Итминон дорам, ки ҳамаи мо бо кушишу ғайрати муштарак ба хотири таълиму тарбияи насли ояндасози миллатамон ба ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои соҳаи маорифи кишвар ноил гардида, аз ҷумла раванди азнавсозии инфрасохтори соҳаро минбаъд низ вусъат мебахшем ва бо ҳамин роҳ ояндаи неки халқ, пешрафти давлат ва ободии Ватани соҳибистиқлоламонро таъмин месозем.
Ба ҳамаи шумо, ҳозирони гиромӣ ва тамоми омӯзгорону толибилмони мактаби навбунёд сиҳативу саломатӣ, хонаи обод ва дар шоҳроҳи беинтиҳои илму дониш азми матин орзумандам.
Сарфарозу хушбахт бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2015    №: 190    Мутолиа карданд: 1261
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед