logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПАН ГИ МУН

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун низ мулоқот орост.

Дар суҳбат масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуданд.
«Мо ба рушди ҳамкориҳо бо Созмони Милал манфиатдорем ва хоҳони онем, ки ҳамкориҳоямон дар бахшҳои стратегӣ хислати мушаххас касб намоянд”, - зикр намуд дар оғоз Президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон ба Пан Ги Мун ва тамоми муассисаҳои Созмони Милал барои дастгирии ҳамешагӣ ва ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масоили об, пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, ки дар қарорҳои марбутаи Маҷмаи умумӣ инъикос ёфтаанд  ва ёриву дастгириашон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Тоҷикистон изҳори ташаккур намуда,  бо қаноатмандӣ гуфт:  "Ҳамкорӣ ва фаъолияти муштараки Ҳукумати Тоҷикистон ва агентиҳои Созмони Милал натиҷаҳои хуб дода, дар даҳсолаи охир ба коҳиши мунтазами сатҳи камбизоатӣ, ки ҳадафи рақами 1 аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст, сабаб шудааст. Инчунин Тоҷикистон ба таъмини пурраи таълими ҳамагонии ибтидоӣ ноил гашта, дар кишвар марги модар ду баробар коҳиш ёфтааст ва бемории вараҷа комилан аз байн бурда шудааст".
Пан Ги Мун ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташриф ба Ню-Йорк ва иштироки бевосита дар  иҷлосияи 70 – уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид арзи сипос карда, аз таассуроти амиқи худ аз сафараш ба Тоҷикистон ёд овард.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин бинобар натиҷаҳои дилхоҳи  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар давоми солҳои 2005-2015, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, бори дигар табрику таҳният гуфта аз татбиқи босамар ва ҷамъбасти натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, изҳори хушнудӣ намуд.
Ҷонибҳо доир ба аҳамияти рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии стратегӣ дар бахшҳои коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли неруи барқ табодули назар карданд.
Мусоҳибон ҳамчунин доир ба тағйирёбии иқлим, зиёд шудани офатҳои табиӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, бемориҳои сирояткунанда, зуҳуроти терроризм ва экстремизм, амният ва ҳифзи суботи минтақавӣ, низоъҳои ҳарбӣ дар як силсила кишварҳо ва минтақаҳои олам, ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2015    №: 195    Мутолиа карданд: 1285
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед