logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти СММ дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 27 сентябри соли 2015

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Соли ҷорӣ соли анҷоми татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст. Дастовардҳо ва дарсҳои аз татбиқи ҳадафҳои мазкур гирифтаи мо асоси таҳияи Рӯзномаи нави рушдро барои давраи баъди соли 2015 ташкил доданд. Дар ин кор Гурӯҳи кории байниҳукуматии ҳайати кушодадоштаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид нақши муҳим бозид ва ба он муяссар гардид, ки дар зарфи ду соли охир Ҳадафҳои Рушди Устувори барои давраи то соли 2030 пешбинишударо муайян созад ва ҳамоҳанг намояд.
Ҳамин тариқ, мо ба наздикӣ ба татбиқи Рӯзномаи нав оғоз мекунем ва он дар шароити афзоиши пайдо кардани натиҷаҳои манфии таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, таназзули захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда сурат хоҳад гирифт, ки онҳо ба амнияту суботи ҷаҳон хатар эҷод намуда, метавонанд монеаи расидан ба рушди устувор гарданд.
Аз ин рӯ, мо чунин мешуморем, ки саъю талошҳои иловагии ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ташаккули фазои мусоид ба хотири татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар миқёси дунё равона карда шаванд.
Санади нав ҳуҷҷати нодирест, зеро ба он ҳадафу вазифаҳои мушаххас дар бахши рушди иқтисодиёт, инкишофи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист – ин се пояи рушди устувор ба таври муназзам ва мукаммал шомил шудааст.
Мо итминон дорем, ки маҷмӯаи вазифаву мақсадҳое, ки дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои Рушди Устувор муайян шудаанд ва ба ҳаллу фасли чунин мушкилот, аз қабили решакан кардани камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини тандурустӣ ва маорифи босифат, истифодаи оқилонаи захираҳои об, беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои арзон ва боэътимоди энергия, бунёди инфрасохтори рушдёфта, андешидани чораҳои таъҷилӣ ба муқобили тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, коҳиш додани сатҳи нобаробарӣ байни кишварҳо, таъмини баробарии гендерӣ дар миқёси ҷаҳон равона шудаанд, идомаи мантиқии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола маҳсуб меёбанд.
Ҷаноби Раис,
Тоҷикистон, ки дар раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола кишвари пилотӣ буд, ба раванди такмили Барномаи пешина, таҳия ва татбиқи Барномаи нави рушд барои давраи баъди соли 2015 таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳия ва ҳамоҳангсозии Барномаи рушди ҷаҳонӣ барои давраи баъди соли 2015 фаъолона ширкат варзид ва аз тариқи гузарондани машваратҳои миллӣ бо мақсади ҳарчи васеътар инъикос намудани кӯшишу талоши доираҳои васеи аҳолии мамлакат дар самти ояндае, ки онҳо мехоҳанд, дар ин гуфтугӯи умумиҷаҳонӣ саҳм гирифт.
Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи нави миллии рушди кишварро барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди миллиро барои солҳои 2016-2020 таҳия карда истодааст, ки дар онҳо илова ба самтҳои афзалиятноки рушди устувори кишвар вазифаҳои дар Ҳадафҳои Рушди Устувор муайянгардида ҳарчи зиёдтар ба назар гирифта хоҳанд шуд. Барномаи стратегии қолабии Созмони Милал ҷиҳати кумак ба рушди Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016 то 2020, ки ба наздикӣ ҳамоҳанг гардид, ба ин амр мусоидат хоҳад кард.
Ҳадафи асосии барномаву стратегияи таҳияшаванда баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар аз тариқи таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодист. Бо мақсади ҳаллу фасли муваффақонаи маҷмӯи масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологӣ дар чаҳорчӯбаи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 мо чунин ҳадафҳои стратегиро мисли таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян намудем, ки бе татбиқи онҳо ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор душвор аст.
Дар навбати худ барои иҷрои ин ҳадафҳо татбиқи барномаҳои марбута дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ зарур аст. Дар ин раванд барои мо афзоиши самараи истифодаи сарватҳои миллӣ ва сармояи инсонӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, тақвияти рушди сохтории кишвар, таҳкими табақаи миёнаҳол ва инчунин, рушди мутавозини ҳамаи манотиқи мамлакат самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешаванд.
Барои бомуваффақият иҷро намудани ин вазифаҳо сафарбар намудани воситаҳои молиявии зарурӣ лозим аст, ки дар шароити таҳаввулоти зудтағйири муносибатҳои байналмилалӣ ва сар задани буҳронҳои нав ба нав дар манотиқи мухталифи дунё кори мушкилест.
Аз ин рӯ, саривақтӣ будани афзоиши ҳаҷми кумаки расмӣ барои рушд, ки омили муҳими бо пул таъмин намудани инкишоф аст, эҳсос мешавад. Ин вазъ фаъолтар гардондани тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузориро, ки муҳаррикони асосии рушди истеҳсолот мебошанд, инчунин ҳавасмандсозӣ ва мусоидат намудан ба интиқоли технологияҳои нави аз лиҳози экологӣ қобили қабулро тақозо дорад.
Ҷаноби Раис,
Возеҳ аст, ки роҳи оғозкардаи мо ба сӯи рушди устувор ҳамвору осон нест. Аз ин рӯ, мо бояд азми дастаҷамъонаи худро нигоҳ дорем ва ба кишварҳое, ки бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд, дасти ёрӣ дароз намоем. Зимнан, дар ёд бояд дошт, ки баъзе кишварҳои рӯ ба инкишоф татбиқи барномаи амалро барои рушди устувор дар вазъи хеле номусоид оғоз менамоянд. Биноан зарурати дастгирӣ намудани кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла мамлакатҳои рӯ ба инкишофи дар минтақаҳои баландкӯҳ ва душворгузар воқеъгашта, инчунин кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд, боқӣ мемонад.
Ҷаноби Раис,
Дар фарҷоми суханронии худ мехостам таъкид намоям, ки Тоҷикистон минбаъд низ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, муассисаву барномаҳои Созмони Милал, кишварҳои шарик ва созмонҳои манфиатдор ба хотири татбиқи муваффақонаи Ҳадафҳои Рушди Устувор фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2015    №: 195    Мутолиа карданд: 1358
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед