logo

мулоқотҳо

ИЗҲОРИ СИПОСИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҲЕЛЕН КЛАРК

28 сентябри соли равон дар қароргоҳи СММ, дар шаҳри Ню-Йорк, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо муовини Дабири кулл, маъмури Барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк вохӯрд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
"Мо аз сатҳи ҳамкориҳо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири дастёбӣ ба афзалиятҳои асосии стратегии Ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи рушд қаноатмандем, - изҳор дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд,  ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи тавсеаи имконот ва афзун гардондани нерую захираҳои Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ва мо аз ин хеле сипосгузор буда, ба дастгирии минбаъдаи ҳамаҷонибаи Барномаи рушд умед дорем".
Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳелен Кларк барои иштирокаш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар давоми солҳои 2005-2015, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, бори дигар изҳори сипос намуд.
Ҷонибҳо аз қабул гардидани ду санади басо муҳим - Барномаи қолабии СММ оид ба кумакрасонӣ ба хотири рушд барои солҳои 2016-2020 (ЮНДАФ) ва Барномаи кишварӣ барои солҳои 2016-2020, ки бо афзалиятҳои ҷорӣ ва стратегии Тоҷикистон ва ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар арсаи рушди устувор дар давраи 15 соли минбаъда мувофиқу созгоранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Мусоҳибон нақши Барномаи рушд дар ҳаллу фасли масъалаҳои наздисарҳадӣ ва минтақавие, ки ба ҳамкории иқтисодӣ ва таъмини амният иртибот доранд, хеле арзишманд арзёбӣ намуда, ба ҳайси намунаи рушди ҳамкории наздисарҳадӣ лоиҳаи «Ибтикори Тоҷикистону Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ» барои солҳои 2010-2012 ва лоиҳаи сесола таҳти унвони «Беҳдошти некуаҳволии аҳолӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон»- ро қобили зикри хоса маънидод карданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба татбиқи лоиҳаҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бунёди инфрасохтори деҳот, рушди соҳибкорӣ ва савдои наздисарҳадӣ, омӯзиши касбӣ ва мусоидат ба таҳкими амнияту суботи минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2015    №: 196    Мутолиа карданд: 1341
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед