суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 28 сентябри соли 2015
Муҳтарам Раис!
Ҳамкорони азиз,
хонумҳо ва ҷанобон!
Дар оғоз мехостам ба Роҳбари гурӯҳи мо, ҳайати муҳтарами Замбия сипоси худро барои талошҳои хастагинопазир ва роҳбарӣ дар пешбурди манфиатҳои кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ изҳор намоям. Мулоқоти имрӯзаи гурӯҳ бо қабули рӯзномаи нави рушди устувор рост омад, ки фавқулода муҳим аст. Албатта, мавҷуд набудани имконоти дастрасии ҳудудӣ ба баҳр барои кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ ҷиҳати рушди устувор душвориҳои доимӣ эҷод менамояд ва он дар роҳи ҳамгироии минбаъдаи кишварҳои мо бо иқтисоди ҷаҳонӣ монеаи асосӣ мегардад.
Тоҷикистон комилан ҷонибдори қарору тавсияҳои Барномаи амали Алма-ато ва Барномаи амали Вена барои кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ дар солҳои 2014-2024 мебошад. Итминон дорем, ки мавқеи умумӣ доир ба нақшаи амали даҳсола бо шаш минтақаи афзалиятноки он, ки аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милал қабул гаштааст, ҷиҳати тағйири сохтории иқтисодиёт ва инфрасохтори мо, инчунин барои пешбурди ҳамкорию ҳамгироии минтақавӣ саҳм хоҳад гузошт.
Аз давраи қабули Барномаи амали Алма-ато оғоз карда, Тоҷикистон ба пешбурди тиҷорати минтақавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд ва дар роҳи инкишофи шабакаи нақлиётиву муносибати махсус ба иқтидорҳои транзитӣ ва коммуникатсионӣ ба пешравии назаррас ноил гардид. Ба мақсади содагардонии қоидаҳои гумрукӣ ва муқаррароти он фаъолияти низоми “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд ва Шартномаи Апостил тасдиқ карда шуд. Мо, инчунин, ҷиҳати ҷалби сармоягузорон ва иҷрои барномаи миллии пешбурди тиҷорат ва ҳамлу нақл чор минтақаи озоди иқтисодии фаъолро таъсис додем.
Гузашта аз ин, Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла:
- мулоқоти даҳуми Комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии байналмилалии Аврупо-Кавказ-Осиё (TРАСЕКА);
- Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ оид ба рушди иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2023;
- Форуми якуми сармоягузорӣ доир ба татбиқи Нақшаи амали Созмони ҳамкории исломӣ (OИC) оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро мизбонӣ кард.
Чорабиниҳои мазкур ба бунёди муҳити мусоид барои транзит, беҳтар намудани амнияти нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, татбиқи сиёсати тарифии тағйирёбанда ва пешбурди тиҷорат нигаронида шуда буданд.
Гуфтушуниди намояндагони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир ба Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ ба марҳалаи ниҳоӣ наздик мегардад.
Хонумҳо ва ҷанобон,
Бо вуҷуди пешравии назаррас кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ бо мушкилоти гуногунҷанбае рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба рушди дарозмуддати онҳо халал ворид менамоянд.
Камбизоатӣ ва нобаробарӣ, иқтидорҳои ғайримутаносиби саноатӣ, инфрасохтори заиф, ҳиссаи зиёди ашёи хом дар содирот, таъмини нокифояи аҳолӣ бо қувваи барқ ва бо кор пурра таъмин набудани ҷавонон ҳамчун мушкилоти калидии кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ боқӣ мемонанд.
Ғайр аз ин, рушди устувори ин кишварҳоро оқибатҳои тағйироти иқлим ва офатҳои табиӣ, аз ҷумла биёбоншавӣ ва таназзули замин, инчунин обшавии пиряхҳо заиф мегардонанд. Барои мисол, ҳар сол дар Тоҷикистон офатҳои табиии вобаста ба об сабаби хисороти азими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегарданд.
Ҷаноби Раис,
Ҳар як душворӣ бо имконоти наве ҳамроҳ аст. Мушкилоти кунунии мо кишварро маҷбур сохтааст, ки тавассути василаҳои алтернативӣ неруву тавони худро ба самтҳои стратегӣ – таъмини амнияти энергетикиву озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ равона созад.
Рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла бахшҳои нақлиёт ва энергетика, дар Тоҷикистон метавонад ба тамоми иқтисодиёт таъсири гуногунҷанба дошта бошад. Рушди ҳамгироёнаи гидроэнергетика ва дигар намудҳои энергия имкон медиҳад, ки на танҳо самаранокии низоми энергетикӣ устувор гардад ва боло равад, балки миқдори партовҳои зарарнок, ки аз омилҳои асосии ҳалли мушкилот дар раванди тағйирёбии иқлим мебошанд, кам карда шавад. Тоҷикистон иқтидори энергетикии худро дар заминаи боэътимод ва барномарезишудаи рушди ҳамгироёнаи энергияи таҷдидшаванда ташаккул медиҳад.
Илова бар ин, раванди сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд ва миёна, бунёди неругоҳҳои калон дар асоси лоиҳаҳои дорои хусусияти минтақавӣ густариш ёфта, имконоти истифодаи энергияи офтобу бод низ мавриди татбиқ қарор гирифтаанд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи ин лоиҳаҳо, бо дарназардошти ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир, ба таври шаффоф амалӣ мегарданд.
Бунёди неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ ҷиҳати таъмини рушди устувор ва боло бурдани сатҳи зиндагии на фақат мардуми Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат менамояд.
Дар ин росто, сохтмони пули энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (КАСА-1000), ки ба афзоиши содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозорҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд, мақоми махсус касб мекунад. Шубҳае нест, ки татбиқи ин лоиҳа чун муҳаррики рушди тиҷорат хизмат карда, тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва таъмини амнияти энергетикиро дар ҳар ду минтақа иҷро хоҳад кард.
Муҳтарам Раис,
Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки бо дарназардошти мушкилоти зикршуда кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ барои муваффақона амалӣ намудани барномаи нави рушди устувор ҳанӯз ҳам ба пуштибонии қавии байналмилалӣ ниёз доранд. Итминони комил дорем, ки Созмони Милал метавонад ва бояд нақши пешбаранда ва ҳамоҳангсози хешро дар амри расонидани кумакҳои техникиву молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ идома диҳад.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2015 №: 196 Мутолиа карданд: 1527