номаҳо
АРЗИ СИПОС МЕНАМОЯМ
Ман се фарзанди маъюб дорам. Барои табобати фарзандон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда будам. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода ду фарзандамро барои табобат дар Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ҷой кард. Табибони дилсӯз Маҳмадулло Қосимов, Зариф Юсуфов ва Инъом Иброҳимов ҷарроҳии мушкил ройгон гузаронда, устухонҳои ҷоғашонро барқарор намуданд. Чунин ҷарроҳӣ пештар дар хориҷи кишвар гузаронда мешуд. Барои дилсӯзӣ, ғамхорӣ ва меҳнати софдилонаашон ба Сарвари давлат, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамаи табибон арзи сипос менамоям.
Асалбӣ Шарифова, деҳаи Обшорони
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.10.2015 №: 201 Мутолиа карданд: 1734