номаҳо
НИЁЗМАНДИ ЁРИЕМ
Нахуст ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода ва онҳое, ки дар шифо ёфтани набераам Зайнаб Маҳмудова ёрӣ расонданд, изҳори сипос менамоям. Бояд ёдовар шавам, ки ӯ ба бемории остеопароз гирифтор буд. Ҷарроҳияш дар Исроил анҷом ёфт. Алҳол вазъи тандурустияш хуб мебошад. Баъдан, бояд иброз бидорам, ки ҳангоми муайян кардани хунҳо ба хотири ёрӣ расондан ба Зайнаб маълум гардид, ки хоҳари панҷсолааш Оиша низ ба ин беморӣ гирифтор будааст. Роҳи табобат танҳо ҷарроҳист. Яъне, ба ёрӣ ниёз дорем. Умед дорам, ки ин бор ҳам барои наҷоти набераам аз ин беморӣ масъулон дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Ҳомид МАҲМУДОВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.10.2015 №: 201 Мутолиа карданд: 2703