номаҳо
УСТОҲО, ИНСОФ ДОРЕД?!
Дар шаҳри Душанбе мошинам андак иллат пайдо кард. Ба панҷ устохона муроҷиат намудам. Нархҳо дар қиёс бо ин иллат осмонӣ буданд. Бар замми ин мефармуданд, ки ину он қисмҳои эҳтиётиро низ харида биёрам. Яъне, мехостанд, ки ба ин иллат чанд иллати дигарро низ зам бикунанду ҳаққи хизматрасонӣ бештар шавад. Кору баҳс то ба он ҷо кашид, ки бо асабоният иброз бидорам: «Инсоф доред?!».
Албатта, ман бори нахуст дар пойтахти кишвар дар ин маврид корафтода шудам. Аммо сокинони корафтодаи он ба ин гуна беинсофиҳо чӣ гуна метавонанд таҳаммул бикунанд? Фикр мекунам, ки дар устохонаҳо нархномаи муайян бояд вуҷуд дошта бошанд ва ҳам фаъолияти устоҳо вобаста ба он назорат карда шавад.
Н. АМОНОВ, шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.10.2015 №: 201 Мутолиа карданд: 2771