номаҳо
МАСЪУЛОН ДАР ИН БОРА МЕАНДЕШАНД?
Литсейи хонандагони болаёқати ноҳияи Шаҳритуз аз соли 2009 фаъолият дошта, айни замон дар як ҳолати риққатовар қарор дорад. Таъмири ин муассисаи таълимӣ ба талабот ҷавоб дода наметавонад. Рангҳое, ки ба фаршҳо молида шудаанд, сифати паст дошта, ҳанӯз таҳсил оғоз нагардида ба қавли таъмиргарон даруни тахтаҳо «нест» шудаанд. Тахтаҳои солҳо боз ташнаи ранг онҳоро зуд ҷаббида гирифтанд. Баъди сафедкунии деворҳо низ ҷо-ҷо порчаҳои зардчатоб боқӣ мондаанд. Роҳравҳои бетонии ҳавлии мактаб шикаставу ҳолати вайрона доранд. Ин бинои солҳои 50- уми асри гузашта сохташуда ҳоло хеле фарсуда гардидааст. Ду бинои валангор, ки шояд як замоне ҳамчун парки таъмирӣ будаву имрӯз дар рӯ ба рӯи литсей қарор доранд, намуди умумиро вайрон ва табъи ҳамагонро хира месозанд. Масъулон оё дар ин бора меандешанд?
Р. УБАЙДУЛЛО, ноҳияи Шаҳритуз
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.10.2015 №: 201 Мутолиа карданд: 2898