номаҳо
ДАСТДАРОЗӢ БА БИНОИ КӮДАКИСТОН
Кӯдакистони «Парасту» аз соли 1964 арзи вуҷуд дорад. Ҳолати номураттаби кор, биноҳои бетаъмир, ҳавлии ноободи кӯдакистон табъи касро хира мегардонад.
20 сотих замини ҳамин кӯдакистонро соҳибкорон Даврон Азимов, Фарҳод Хоҷаев ва ҳамроҳонашон ба таври пинҳонӣ харидорӣ намудаанд. Аз ин амал падару модарони кӯдакон хабардор шуда, ба мақомоти дахлдор шикоят бурданд. Дар натиҷаи дахолати онҳо соҳибкорон маҷбур шуданд дар замини харидаашон кӯдакистони хусусӣ бунёд намоянд. Бо ин мақсад атрофи замини харидашуда бо хиштҳои сементӣ деворбандӣ шуд. Аз ин воқеа ду сол гузашта бошад ҳам, дар кори сохтани кӯдакистони хусусии соҳибкорон ягон пешравӣ нест. Дар натиҷа кӯдакон аз варзишгоҳу ҷойи хушҳолиашон бенасиб монданд. Умед аст, ки дар ин маврид чораҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.
У. РАҲИМОВ, шаҳри Турсунзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.10.2015 №: 201 Мутолиа карданд: 3263