номаҳо
ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ НИГАҲБОНАШ БОШЕМ
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми мо ба кумакҳои башардӯстона умед мебастанд. Бо гирифтани он гӯё сатҳи зиндагиашонро беҳтар менамуданд. Имрӯз бошад, сад шукр, ки ин мафҳум аз забону аз зеҳни мардум рафтааст. Бозору дастархони онҳо фаровону ғанӣ мебошад ва кишвар акнун ниёзе ба ин гуна кумакҳо надорад. Ҳолиё мо дар арсаи ҷаҳонӣ имкони фурӯши молу маҳсулотамонро дорем. Меваҳои хушку ангурҳои шаҳдборамон имрӯз на танҳо дар бозори дохилии кишвар ба фурӯш бароварда шудаанд, балки ба хориҷи кишвар низ содир мегарданд.
Оламиён агар 24 сол қабл ба мардуми мо бо тараҳҳум менигаристанд, имрӯз, ба ояндаи рахшону умедбахшамон эътимод доранд.
Бо ин ҳама боз моро чӣ лозим аст? Лозим аст, ки ба қадри ин дастовардҳо бирасему бо шукргузориҳо кору пайкори созандаи худро пайваста идома диҳем. Ва ин неъматеро, ки Худованд бо номи Истиқлолият ба мо ато кардаст, чун гавҳараки чашм нигаҳбонаш бошему бо дастовардҳои афзунтаре ба фарзандону насли оянда ба мерос гузорем.
Л. ВАҲҲОБҶОНОВА, ноҳияи Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.10.2015 №: 201 Мутолиа карданд: 3532