logo

порлумон

ИТТИЛОИЯ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, баргузор гардид, 9 лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молия, зимни тасдиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» иброз дошт, ки он ба мақсади сари вақт ба истифода додани Маҷмааи тандурустии пойтахт-90 беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳрии дорои 605 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст таҳия гардидааст. Масоҳати умумии он 104620 метри мураббаъ буда, аз 58 иншоот иборат аст ва арзиши сметавиаш аз ҳисоби буҷети шаҳр 502,1 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти 90 намуди таҷҳизоту дастгоҳ ва дигар лавозимот барои муҷаҳҳаз гардондани он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» гуфт, ки мақсади асосии лоиҳа мутобиқ намудани он ба талаботи Конвенсияи Гаага «Дар бораи бекор кардани таъйиди ҳуҷҷатҳои расмӣ аз 5 октябри соли 1961» мебошад. Конвенсияи мазкур  29 октябри соли 1914 бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тасдиқ шудааст ва моҳи ноябри соли  ҷорӣ эътибор пайдо хоҳад кард.
Тағйирот қисми 1 моддаи 5 ва моддаи 15 - ро фаро гирифта, тасдиқ, легализатсия ва апостили ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ба онҳо дода шуда, барои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод гардидаанд, пешбинӣ менамояд. Қаблан чунин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе гузоштани апостил қонунӣ гардонда мешуданд.
Шукурҷон Зуҳуров зимни ба тасвиб расидани лоиҳа гуфт, ки мафҳуми апостил - шакли стандартонидашудаи байналмилалии пур кардани маълумот оид ба қонунӣ будани ҳуҷҷат барои пешниҳод намудани он дар ҳудуди давлатҳое, ки легализатсияро эътироф менамоянд, мебошад. Вобаста ба лоиҳаи мазкур ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, зимни ташреҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки мақсади он таъмини табобати маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳи ҷиноятӣ адои ҷазо мекунанд ва ҳифзи иҷтимоии онҳо мебошад. Дар таҷриба борҳо ба мушоҳида расидааст, ки маҳкумшудагони гирифтори бемории сил, аз қабули хӯрок ва дору саркашӣ  мекунанд. Бинобар ҳамин, лоиҳа пешниҳод мекунад, ки дар сурати рӯй додани чунин ҳолатҳо мувофиқи тартиботе, ки вазоратҳои адлия ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муайян мекунанд, ба онҳо маҷбурӣ хӯрок ва дору дода мешавад.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2015    №: 204    Мутолиа карданд: 4170
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед