logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор», шаҳри Душанбе, 14 октябри соли 2015

Муҳтарам ширкаткунандагони форум!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шумо соҳибкорону сармоягузорони гиромӣ, намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, олимону коршиносон ва меҳмонони азизро аз номи мардуми Тоҷикистон ба Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 хайрамақдам гуфта, ба кори форум муваффақият орзумандам.
Чанд рӯз аст, ки дар доираи омодагӣ ба баргузории форуми имрӯза шумо – меҳмонону соҳибкорони иззатманд аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз наздик ошноӣ пайдо кардед. Форуми имрӯза унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор»-ро гирифтааст ва бовар дорам, ки мо бо кӯшиши якҷоя ба ин мақсад комёб хоҳем шуд.
Мусаллам аст, ки баргузории форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои иштирокчиёни он имкониятҳои фарохеро барои муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон фароҳам меорад. Дар баробари ин, чунин чорабиниҳо барои густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни кишварҳо ва бахусус байни соҳибкорону сармоягузорон мусоидат менамояд.
Тавре ба шумо маълум аст, солҳои охир ва хусусан соли ҷорӣ таъсири манфии вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳонӣ, коҳишёбии суръати рушди иқтисодӣ ва қурби асъори миллии шарикони асосии тиҷоратии кишварҳои мо ва тағйирёбии нархи молу маҳсулоти асосии содиротиву воридотӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатҳои мо идома дорад.
Дар чунин шароит рушд ва таҳкими робитаҳои иқтисодии берунӣ бо ҳамаи мамлакатҳои дӯст ва шарик ҷиҳати ба таври пурра истифода бурдани имкониятҳои мутақобилан судманд вазифаи муҳимтарини сиёсати иқтисодии мо мебошад.
Сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ, мо тӯли солҳои охир ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаем. Махсусан дар давоми ҳашт соли охир тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва рушди тамоми манотиқи кишвар таъмин гардид.
Дар ин давра суръати рушди миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 7 дарсад расида, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 дарсади соли 2007 то ба 32 дарсад  дар соли  2014  коҳиш дода шуд ва сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб беҳтар гардид. Инчунин садҳо муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, иншооти энергетикӣ ва фарҳангиву варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар давоми солҳои 2000-2014 ҳаҷми маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ аз 109 миллион сомонӣ то 7,4 миллиард сомонӣ ё 68 баробар ва шумораи корхонаҳои саноатӣ 1116 адад зиёд гардид.
Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масоили сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ бо ташкилоту созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳон пайваста ҳамкорӣ карда, дар баробари ин, барои тадриҷан густариш додани муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоративу фарҳангии худ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар марҳалаи рушди босубот қарор дорад ва дар арсаи сиёсат ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи худро рӯз ба рӯз устувор гардонда истодааст.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба истифода ва тақсимоти оқилонаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, имсол ташаббуси Даҳсолаи «Об барои ҳаёт» ҷамъбаст гардид.
Бовар дорам, ки пешниҳоди навбатии Тоҷикистон оид ба эълон намудани Даҳсолаи ояндаи “Об барои рушди устувор” низ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ хоҳад ёфт.
Ҳозирони арҷманд!
Бояд зикр намуд, ки вазъи зудтағйирёбандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон  дар назди мо вазифаҳои муҳимро мегузорад, ки ҳалли онҳо барои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардумони кишварҳоямон зарур мебошад.
Дар ин замина ва дар ҳошияи форуми имрӯза мо мехоҳем бори дигар ба масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна, боз ҳам беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя ҳамчун омили муҳими бартарафсозии оқибатҳои манфии буҳронҳо ва таҳдидҳои глобаливу минтақавӣ таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб намоем.
Аз ҷониби худ Тоҷикистон дар ин самт таҷрибаи муайяне андӯхтааст, вале сарфи назар аз ин, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳонро муҳим шуморида, барои ҳамгироии бештар бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Дар форуми имрӯза ҷанбаҳои мухталифи рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ки дар оянда ба рушди устувор мусоидат мекунанд, инчунин рафти иҷро ва натиҷаҳои Форуми нахустини байналмилалии сармоягузорӣ ва соҳибкории Душанбе-2014, ки таҳти унвони “Соҳибкорӣ-муҳаррики иқтисодиёт” дар рӯзҳои 14-15 октябри соли 2014 баргузор шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд.
Дар ин робита, иштироки меҳмонони форум, суханрониву гузоришҳои онҳо дар ҷаласаҳои пленарӣ ва бахшҳои форум, муошират, мубодилаи афкор ва ҳамкории шумо - меҳмонон бо шарикони тоҷик ба кори форум мазмуни тоза мебахшанд ва умедворам, ки шумо низ ба мақсадҳои худ ноил мегардед.
Дӯстони гиромӣ!
Фаъолияти  соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти  ватанӣ  муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон бо ин, соҳибкорӣ ба навовариҳои илму техника, тағйироти талабот ва вазъи бозори ҷаҳониву минтақавӣ ба зудӣ мутобиқ шуда, дар ин замина, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти  рақобатпазирро таъмин менамояд.
Бо дарки амиқи ҳамаи ин омилҳо Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ эълон намудааст.
Дар чанд соли охир дар соҳаи пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя як силсила ислоҳот, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ,  кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, анҷом дода шуд.
Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад.
Дар радифи ислоҳоти татбиқшуда Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи эътироф ва мавриди иҷро қарор додани ҳалномаҳои арбитражҳои хориҷӣ” ва Конвенсияи Апостил ё ин ки конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро дар бобати бе расмият эътироф намудани ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ба тасвиб расонд, ки пурра ба осону сода намудани ҷараёни фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон ва ҳимояи ҳуқуқии онҳо равона карда шудаанд.
Тавре ҳамаи шумо медонед, бо мақсади осон намудани рафтуомади сармоягузорон дар Тоҷикистон раводиди махсуси навъи “сармоягузор” амал мекунад.
Ҷиҳати идомаи мантиқии ислоҳоти мазкур ва боз ҳам мусоид намудани шароит барои фаъолияти сармоягузорӣ Ҳукумат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки қоидаҳои пешниҳоди раводиди мазкур боз ҳам содатар карда шаванд. Инчунин қоидаҳои пешниҳоди корти иҷозат барои кор ба мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ, ки ба омӯзондани кадрҳои маҳаллӣ машғул мешаванд, таҷдиди назар карда хоҳанд шуд.
Соҳибкорону сармоягузорони гиромӣ!
Ҷиҳати таҳкими кафолати ҳимояи ҳуқуқии сармоягузорон ва устувор гардондани фаъолияти сармоягузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” таҳия гардид.
Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои 2009-2014 ислоҳоти низоми иҷозатдиҳиро гузаронид, ки дар натиҷа шумораи соҳаҳои иҷозатҳо аз 805 то 86 адад кам карда шуда, низоми электронии пешниҳоди иҷозатҳо то 30 фоиз ба роҳ монда шуд.
Дар ин раванд бо Фармони Президенти мамлакат соли ҷорӣ ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ низ шурӯъ мегардад, ки мақсади асосии он боз ҳам коҳиш додани номгӯйи фаъолияти дар асоси иҷозатнома амалишаванда ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ барои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ  мебошад.
Дар ин замина, ҷиҳати дастгирии бештари соҳибкорон - истеҳсолкунандагони молу маҳсулот бо тамғаи “Истеҳсоли Тоҷикистон” зарур аст сиёсати тарифию гумрукие ҷорӣ карда шавад, ки ба рушди  истеҳсолоти ватанӣ мусоидат намояд.
Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзии имтиёзнок Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 133 миллион сомонӣ гузаронда шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад.
Фонди мазкур аз оғози фаъолияти худ то имрӯз ба 117 субъекти соҳибкорӣ бо фоизи паст дар ҳаҷми беш аз 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ҷудо намудааст, ки 47 шаҳру ноҳияи кишварро фаро мегирад.
Аз ҷониби субъектҳои соҳибкорие, ки тавассути ин фонд қарзҳои имтиёзнок гирифтаанд, тибқи нақшаҳои тиҷоратӣ таъсиси зиёда аз 2000 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ аз ҳисоби захираҳои қарзии низоми бонкӣ дар соли 2014 ба соҳибкорон ба маблағи қариб 9 миллиард сомонӣ ва дар 8 моҳи соли 2015 дар ҳаҷми 7 миллиард сомонӣ маблағҳо ҷудо карда шудаанд.
Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолатҳо ва имтиёзҳои зиёдро муқаррар намудааст, аз ҷумла дар доираи Кодекси  андоз барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Танҳо соли гузашта маблағи умумии имтиёзҳои пешниҳодшуда 3,6 миллиард сомониро ташкил дода, соли ҷорӣ он ба 4 миллиард сомонӣ мерасад, ки ин маблағҳо дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидор, яъне соҳибкорон боқӣ мемонанд ва ба пешрафти фаъолияти онҳо мусоидат мекунанд.
Тайи солҳои 2011 ва ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавассути қаламрави гумрукии кишвар ба маблағи 312 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ ва техникаи кишоварзӣ ворид гардида, аз супурдани пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ озод карда шудаанд.
Дар баробари ин, ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна ва зиёд намудани воридоти технологияи муосир Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки масъалаи васеъ намудани номгӯйи техникаву таҷҳизоти технологии ба таври имтиёзнок воридшавандаро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи танзими муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ имкон доданд, ки нишондиҳандаҳои кишвар тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ беҳтар гардида, Тоҷикистон дар соли 2015 бори сеюм ба қатори даҳ кишвари барандаи ислоҳот ворид шавад. Илова бар ин, дар 10 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 5 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки асосан ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва роҳсозӣ, саноату кишоварзӣ, рушди деҳот, алоқа, молия ва бонкдорӣ равона гардидаанд.
Дар натиҷаи роҳандозии сиёсати дастгирии соҳибкорӣ саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон сол ба сол афзуда, соли гузашта 67 дарсадро ташкил дод. Солҳои охир, аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ як қатор корхонаҳои хурду бузург таъсис дода шудаанд, ки ҳоло фаъолияти пурсамар доранд. Акнун 65 дарсади аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро бахши хусусӣ бо ҷойи кор таъмин менамояд.
Ҳамзамон бо ин, соҳибкорон барномаву ташаббусҳои Ҳукуматро пайваста дастгирӣ карда, бо корҳои созандаи худ садҳо иншооти истеҳсолӣ, таълимӣ, тандурустӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва варзишиву фарҳангӣ сохта, ба истифода додаанд. Дар баробари ин, ҳисси баланди саховатмандӣ нишон дода, ба мардуми эҳтиёҷманд, бахусус ятимону маъюбон ёрии башардӯстона мерасонанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, аз номи Ҳукумати мамлакат ба ҳамаи соҳибкорон ва сармоягузорон барои чунин амалҳои нек ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву эҳсонкорӣ миннатдорӣ баён мекунам.
Дар айни замон ҷиҳати иҷрои супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханронӣ дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014 бармеоянд, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидаанд, имрӯз тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба такмили низоми андозбандии субъектҳое, ки ба коркарди сарватҳои зеризаминӣ машғул мебошанд ва соҳибкорони инфиродӣ, ки сершумортарин табақаи андозсупорандагонро ташкил медиҳанд, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Дар лоиҳаи санадҳои мазкур пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкорон, инчунин мусоидтар намудани низоми андозбандии истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва монанди инҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар маҷмӯъ тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда барои дар оянда боз ҳам бештар дастгирӣ намудани соҳибкорӣ нигаронида шудаанд ва аз ин лиҳоз, Ҳукумати кишварро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар баррасӣ ва қабул гардидани онҳо чораҷӯӣ намояд.
Бо ташаббуси Президенти мамлакат ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон шудааст. Вале бо вуҷуди дастовардҳо, ҳоло ҳам ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки метавонанд фаъолияти соҳибкориро халалдор намоянд. Вобаста ба ин, мехоҳам ёдрас намоям, ки яке аз роҳҳои дастгирии соҳибкорӣ ин ба танзим даровардани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз тарафи мақомоти санҷишгар ва пешгирӣ намудани санҷишҳои беасос мебошад.
Бо ин мақсад, ҳарчанд ки дар соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав қабул гардида, дар маҷмӯъ қонунгузорӣ дар ин самт тартиби мушаххасро муқаррар кардааст, лекин то ҳанӯз баъзан дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорон ва гузарондани санҷишҳои ғайринавбатӣ ва такрорӣ тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ваколатдор мушоҳида мегардад.
Бинобар ин, мехоҳам таъкид намоям, ки риояи тартиби гузарондани санҷишҳо талаботи қонун буда, мақсад аз санҷишҳо, пеш аз ҳама, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо ва дар ҳолати ошкор гардидани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ё худ пинҳонкунии андозҳо, барқарор кардан ва ба буҷет пардохт намудани маблағҳои ошкоршуда мебошад. Санҷишҳои соҳавӣ бояд аз ҷониби мақомоте гузаронда шаванд, ки барои гузарондани чунин санҷиш ваколатдоранд.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки тафтишу санҷишҳои молиявӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотии аз ҷониби мақомоти дахлдор гузарондашуда нишон медиҳанд, ки як қисми соҳибкорон талаботи қонунгузориро риоя накарда, ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла бо роҳи қочоқ ворид намудани молу маҳсулот, рӯйпӯш намудани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ, бо мақсади пинҳон кардани камбудиву норасоиҳои молиявӣ дуруст ба роҳ намондани ҳисобу китоби муҳосибӣ даст мезананд ва ҳатто баъзе аз онҳо бо роҳи додани ришва мехоҳанд қонуншиканиҳои худро рӯйпӯш намоянд.
Аз ҷумла дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми солҳои 2011-2014 ва 9 моҳи соли 2015 ба маблағи 231 миллион сомонӣ зарари молиявӣ аз ҳисоби камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмон, талафи пулию молӣ аз бесарусомонӣ ва ҳолатҳои кам ҳисобӣ кардан ва рӯйпӯш намудани андозҳо ошкор карда шудааст.
Гарчанде ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоя имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукӣ пешбинӣ шудаанд, вале ин имтиёзҳо дар фаъолияти баъзе соҳаҳо ҳоло ҳам самараи дилхоҳ надода, раванди ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби технологияҳои муосир моро қаноатманд карда наметавонад.
Субъектҳои соҳибкорӣ ва корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то ба маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, инчунин сармоягузорони хориҷӣ, ки дар самти омӯзиши геологӣ ва истихроҷи захираҳои табиӣ фаъолият доранд, аз имтиёзҳои пешбинигардида пурра ва самаранок истифода накарда истодаанд.
Бинобар ин, зарур аст, ки масъалаи таъмини самаранокии истифодаи имтиёзҳои муқарраргардида мавриди омӯзиши ҳаматарафа ва баррасӣ қарор дода шавад.
Мутаассифона, то ба имрӯз дар аксар ҳолат захираҳои табиӣ бе коркарди саноатӣ, дар шакли ашёи хом ба хориҷа содирот карда мешаванд. Бинобар ин, Ҳукуматро зарур аст, ки барои дар қаламрави мамлакат коркард шудани сарватҳои зеризаминӣ ва ба хориҷа содирот намудани маҳсулоти коркардшуда чораҷӯӣ намояд.
Инчунин, ҳангоми бастани созишномаҳои сармоягузорӣ бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад. Аз ҷумла, ҷараёни сохта, ба истифода додани корхонаҳои саноатие, ки дар созишномаҳои қаблӣ дар назар дошта шудаанд ва дар созишномаҳои минбаъда сохтани корхонаҳои коркард пешбинӣ гардида, зери назорат қарор дода шавад.
Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки мониторинги иҷрои созишномаҳои сармоягузориро алалхусус дар қисмати сохтани корхонаҳои коркард ба роҳ монда, аз натиҷаи он ба Ҳукумат ҳар сол маълумот пешниҳод намояд.
Ҷиҳати такон бахшидан ба ҳалли мушкилоти соҳибкорону сармоягузорон дар Тоҷикистон майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолият мекунад, ки дар доираи он соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ метавонанд пешниҳодоти худро мустақиман ба роҳбарияти олии мамлакат манзур намоянд. Инчунин, бо мақсади баррасии масъалаҳои соҳибкорон дар назди раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сохтори муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шудааст. Зарур аст, ки чунин муколама ва ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ бештар таҳким бахшида шавад.
Хотирнишон месозам, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо пешравиҳои зикршуда қонеъ нагардида, андешидани тадбирҳои иловагиро вобаста ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва боз ҳам содаву осон намудани фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ идома мебахшад.
Дӯстони арҷманд!
Тоҷикистон дорои имкониятҳои зиёди воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, канданиҳои зеризаминӣ ва маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати биологиву экологӣ тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба нафъи шарикони тиҷоратии мо хоҳад буд.
Рушди соҳаи агросаноатӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу содиротии коркарди маҳсулоти соҳа ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ дар маркази диққати мо қарор дорад. Тоҷикистон тамоми шароити заруриро барои рушди ин соҳа, аз қабили обу замину иқлими мусоид, ашёи хом ва қувваи кории арзон дорад ва ин соҳа метавонад яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои судманди мову шумо гардад.
Шумо баъди боздиди пагоҳирӯзӣ аз намоишгоҳи агросаноатӣ бо имкониятҳои ин соҳа дар кишвари мо аз наздик шинос шудед. Бо истифода аз ин имконият татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти агросаноатӣ ва нассоҷӣ, истеҳсоли оби баландсифати нӯшокӣ, масолеҳи сохтмон ва содироти онҳо ба бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ барои шарикони мо аз назари иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.
Дар кишвари мо имконияти ба роҳ мондани истеҳсол ва фурӯши намудҳои гуногуни ашёву маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия низ вуҷуд дорад. Мамлакати мо соҳиби захираҳои бойи маъданҳо ва гиёҳҳои шифобахш мебошад, ки барои  рушди соҳаҳои саноати кимиёву тиб ва истеҳсоли дорувориҳо имкониятҳои хуб фароҳам меоранд. Аз ин хотир, рушди ин соҳаҳо метавонанд самтҳои дигари ояндадори ҷалби сармоя ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ, табиату манзараҳои зебо, кӯҳҳои баланд, кӯлҳои нотакрор ва ҳайвоноту набототи нодир мебошад, ки барои рушди соҳаи туризм муҳиманд. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи туризм тавассути ҷалби соҳибкории хурду миёна ва сармояи хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин метавонад самти дигари тавсеаи ҳамкориҳои фоиданоки кишварҳои мо гардад.
Мо инчунин барои ҷалби сармоя ҷиҳати коркарди маъданҳои кӯҳӣ имкониятҳои васеъ дорем. Дар кишвари мо зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои азхудкунӣ омода карда шудаанд. Аз ин ҳисоб қариб сад кон, ки дар онҳо тақрибан 40 намуди маъдан истихроҷ мегардад, истифода мешаванд. Кишвари мо ҳамаи навъҳои сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми заруриро доро буда, истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судовари иқтисодист.
Соҳаи энергетика яке аз бахшҳои муҳимтарини рушди эътимодбахши иқтисодиёти кишвари мо ба ҳисоб рафта, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ҳадафи дигари стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Пӯшида нест, ки имрӯз таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёт, алалхусус соҳаи саноат, аз рушди иқтидорҳои гидроэнергетикӣ вобастагии калон дорад. Дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад ба тавлидкунандаи бузурги неруи барқ табдил ёфта, кишварҳои дар ҳоли рушди ҳамсоя ва минтақаро бо барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд.
Ҳамзамон бо ин, мо ба такмили сохтории иқтисодиёт ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҳамчунин тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи технологияҳои муосир ба шароити имрӯза мутобиқ гардонидани фаъолияти иншооти саноатии мавҷуда диққати махсус медиҳем.
Самти дигаре, ки барои сармоягузорон ҷолиби диққат аст, ин лоиҳаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ мебошанд.
Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии худ як қатор лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро дар бахши сохтмони роҳҳои минтақавии автомобилгард, роҳи оҳан, хатҳои интиқоли барқу газ ва неругоҳҳои хурду миёна амалӣ карда истодааст. Яке аз чунин лоиҳаҳои минтақавӣ лоиҳаи интиқоли барқи “САSА - 1000” мебошад, ки шабакаи энергетикии Тоҷикистонро бо мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ пайваст намуда, барои ташаккули бозори минтақавии энергетикӣ замина мегузорад.
Татбиқи  лоиҳаи  лӯлаи  интиқоли  газ миёни Туркманистон - Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Қирғизистон - Хитой, ки лоиҳаи бузурги минтақавӣ ба ҳисоб меравад, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя аҳамияти калони иқтисодӣ дорад. Аз ин рӯ, барои амалӣ гардидани тарҳҳои номбурда ва дигар лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд.
Айни ҳол дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар ин минтақаҳо барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, иттилоотиву хизматрасонӣ ва монанди инҳо шароити мусоиди имтиёзӣ фароҳам оварда шудааст. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки соҳибкорону сармоягузорон молу маҳсулоти рақобатпазирро дар мамлакати мо истеҳсол карда, ба кишварҳои гуногуни олам содирот намоянд.
Ҳозирони муҳтарам!
Бо дарназардошти иштироки соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, ки дар истифодаи оқилонаи сармоя таҷрибаи кофӣ доранд, дар ҳошияи форуми имрӯза вохӯриҳои дуҷониба байни соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ташкил карда мешаванд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя фурсати муносибе хоҳад буд. Зеро тавре қаблан зикр намудам, Тоҷикистон метавонад яке аз минтақаҳои муҳим барои истеҳсоли маҳсулоти гуногун ва ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гардад. Аз ин рӯ, васеъ истифода бурдани ин имкониятҳо аз ҷониби иштирокчиёни форум мувофиқи мақсад мебошад.
Бовар  дорам, ки ҳамаи иштирокчиёни  форуми  имрӯза   дар  баромадҳо  ва  табодули  афкор  фаъол буда, ҳамкориҳоро бо иродаи возеҳ, талошу ғайрат ва амали неки созанда таҳким мебахшанд.
Мо омодаем, ки барои пешбурди ин амалия тамоми шароити муносибро фароҳам орем ва ниятҳои неки ширкату соҳибкорон ва сармоягузоронро дар ин самт ҳамаҷониба дастгирӣ намоем.
Муҳтарам иштирокчиёни форум!
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шуморо ба муносибати нахустин солгарди Рӯзи соҳибкор самимона муборакбод гуфта, ба соҳибкорону сармоягузорон фаъолияти пурсамар ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Бо итминон изҳор менамоям, ки шумо – соҳибкорону сармоягузорон ҳамчун неруи созанда минбаъд низ саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 25 – солагии  Истиқлолияти давлатӣ, ки соли оянда таҷлил хоҳад шуд, мегузоред.
Итминон дорам, ки натиҷаҳои форум, фикру андешаҳо ва лоиҳаҳои нави шумо барои таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон ва минтақа мусоидат хоҳанд намуд.
Пирӯзу хонаобод бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2015    №: 206    Мутолиа карданд: 1465
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед