logo

туризм

САЙЁҲОН БАРОИ ДИДАНИ БУЗИ МОРХӮР МЕОЯНД

Ҳифзи ҳайвоноти нодири шикоршаванда тадбири муҳимест барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар. Аз 64 ҳазор километри мураббаъ масоҳати мамнӯъгоҳҳои ҷумҳурӣ, ки дар он бузи морхӯр иқомат мекунад, ҳамагӣ 4 ҳазори он  ба “Мамнӯъгоҳи Зиғар” - и ноҳияи Дарвоз рост меояд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он шумори бузҳои морхӯр хеле кам шуда, қариб ба нестӣ расида буд.
Соли 2005 барои ҳифзи ин ҳайвони нодир Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Ҳифзу афзоиши бузи кӯҳии морхӯр  бо номи “Сайёд” ташкил шуд.
- Мувофиқи нишондоди омори ватанию хориҷӣ соли аввали ба  фаъолият оғоз кардани ҷамъият дар паҳнои  мамнӯъгоҳ ҳамагӣ 38 морхӯр мавҷуд буд, - мегӯяд роҳбари ҷамъият Давлатхони Муллоёр. Имсол шумораи онҳо  аллакай аз  400 сар афзудааст. Бар замми ин, берун аз ҳудуди муайяншуда беш аз 30 бузи  морхӯр ба ҳисоб гирифта шудааст.
Давлатхони Муллоёр хӯсаи морхӯрро нишон дода шарҳ медиҳад: 8 - 9 - сола, дарозии шохҳояш 1 метру 5 сантиметр аст, 85 - 90 килограмм гӯшти тоза дорад. Вале ҳама бартариҳояш дар қиёс ба як хирому рафтор ва нигоҳҳои чашмони шаҳлояш ҳеҷ аст.
Тамошои морхӯр барои сайёҳони хориҷӣ дар шароити табиӣ ҷолиб аст. Ба онҳо лозим меояд, ки барои шикори морхӯр иҷозатнома гиранд ва маблағи калон сарф намоянд. Аз ин ба буҷети маҳаллӣ даромади зиёд ворид мешавад. Бештар ба Дарвоз сайёҳон аз мамолики Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Испания, Фаронса ва ғайра меоянд. Тибқи гузориши раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳони Абдураҳмонзода соли гузашта ба буҷети ноҳия аз ҳисоби шикор 608 ҳазор сомонӣ  ворид гардидааст.
Ба гуфтаи Давлатхони Муллоёр ин оғози фаъолияти “Сайёд” мебошад. Дар ояндаи наздик даромад ба буҷет аз ин соҳа меафзояд.
- Аз оғоз то имрӯз зиёда аз 1,2 миллион  сомонӣ даромад ба даст овардаем. Кӯшиш дорем, ки саршумори морхӯронро ба 500 сар расонем. Он гоҳ иҷозат медиҳанд, ки аз ҳудуди мо се сарро шикор намоянд ва даромади солона аз 1 миллион сомонӣ афзояд. Барои ҳамин морхӯрон ҳамеша таҳти назорати мо қарор доранд. Бо шарофати ташкили мамнуъгоҳ ба ғайр аз бузи кӯҳӣ боз ҳайвоноти нодир, дарахту гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои мусаффо зери назорат мебошанд ва аз нобудшавӣ эминанд. Беҳбудӣ дар ин ҷо, албатта, ба сарвари он бастагии зич дорад.
Вақтҳои охир, ки хоҳишмандони истироҳату тамошо аз хориҷу дохили кишвар зиёд шудаанд, барои онҳо дар мамнуъгоҳ шароити хубу мусоид фароҳам оварда истодаанд. Хонаҳои як - дуошёна, ҳамом, ошхонаю марказҳои хидматрасонӣ ва сайругашт ба гӯшаҳои хушманзару чашмаҳои оби зулол барои сайёҳон муҳайё карда шудааст.
Гулу бутта ва дарахтони зиёд, барои парвариши занбӯри асал низ мусоиданд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушд, ҳифзу афзоиши бузи кӯҳии морхӯр барои “Сайёд” 2370 гектар замин ҷудо намуда буд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ба таври илова 2400 гектар замини дигарро ба иҷора додааст, ки фаъолияти он фарохтар гардидааст.
- Ҳифзи табиати мамнӯъгоҳ барои зиёд шудани шумораи ҳайвоноту наботот ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ омили муҳимтарин аст. Сайёҳон ба дидани ин ҳайвони нодир шавқи беандоза доранд, - мегӯяд Давлатхони Муллоёр.
Адабҷон АМИРҶОНОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.10.2015    №: 207    Мутолиа карданд: 12376
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед