logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону сокинони шаҳри Панҷакент, 18 октябри соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадимаву номдори минтақаи Осиёи Марказӣ буда, онро садсолаҳо инҷониб дар қатори Балху Марв, Хуҷанду Кӯлоб, Бунҷикату Ҳисор чун яке аз марказҳои тамаддуни ориёӣ ном мегиранд ва мардумаш низ аз қадим соҳибмаърифату сухандон ва нуктадону сухансанҷ мебошанд.
Фарзанди ҳамин мардум, сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, султони шоирони Аҷам Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як тоҷик мебошад, дар деҳкадаи Рӯдаки Панҷакенти бостонӣ таваллуд шуда, ба воя расидааст.
Маҳз Рӯдакӣ буд, ки шеъри тоҷикӣ-дариро ба қуллаҳои баланд расонид, ба ҷаҳониён бо забони ноби тоҷикӣ аз тамаддуни ориёиҳо ҳарф зад ва мақоми шеъри тоҷикиро оламгир кард.
Сокинони Панҷакенти бостонӣ дар ҳақиқат бо чунин нобиғаҳои адаб ифтихор мекунанду барои пос доштани хотираи неки фарзандони фарзонаи миллат корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд ва мерасонанд.
Бояд гуфт, ки дар водии Зарафшон даҳҳову садҳо ёдгориву иншооти таърихӣ  мавҷуданд, ки на фақат барои мардуми Панҷакенти бостонӣ, балки барои кулли сокинони Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозӣ ба ҳисоб мераванд.
Яке аз онҳо ёдгории таърихии шаҳри қадимаи Саразм аст.
Бо пешниҳоди Президенти мамлакат ва қарори ташкилоти бонуфузи ЮНЕСКО Саразм  ба  феҳристи  ёдгориҳои  таърихиву бостоншиносии  нодири ҷаҳон ворид гардида, таърихи 5500 - сола доштани он собит шудааст.
Он аз ҷониби олимони муътабари олам ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси Барномаи трансмиллии «Шоҳроҳи бузурги абрешим» эътироф шудааст ва аз тарафи давлат ҳифз карда мешавад.
Ҳозирони муҳтарам!
Чунонки медонед, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад. Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем.
Ҳамин таваҷҷуҳ боис гардид, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард сохтаву таҷдид ёфта, даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону  меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонида шуд.
 Қобили зикр аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ҳанӯз соли 2011 «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025» қабул гардид ва дар доираи он бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи умумии 4,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда шуд.
Дар асоси барномаи зикршуда мо ду сол қабл, яъне моҳи октябри соли 2012 азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакентро оғоз карда будем ва имрӯз онро бо иштироки намояндагони мардуми ноҳияи Айнӣ аз гардиши Айнӣ – Панҷакент ва қисмати панҷакентии онро дар ҳузури сокинони шаҳри Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор додем.
Арзиши лоиҳавии таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент беш аз 700 миллион сомонӣ, баробар ба 115,3 миллион доллари амрикоӣ буда, ин лоиҳа бо гранти Бонки рушди Осиё аз тарафи Ширкати сохтмонии «Сансиян Бейсин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом расонида шуд.
Ҳамаи сокинони шаҳри Панҷакент дар хотир доранд, ки роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент ва иншооти он дар давоми даҳсолаҳои зиёд аз таъмир берун монда, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра таъмин карда намешуд ва чунин вазъ  боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш мегардид.
Имрӯз роҳ ва иншооти он дар масофаи бештар аз 112 километр пурра азнавсозӣ ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар корҳои азнавсозии роҳ 1330 нафар муҳандисону кормандони техникӣ ва роҳсозон бо ҷидду ҷаҳди дучанд кор карданд. Беш аз 1000 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва дар ободии диёри хеш саҳми сазовор гузоштанд.
Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарияти Бонки рушди Осиё ва кулли муҳандисону мутахассисони ҳамсоякишвари бузургамон - Ҷумҳурии Мардумии Чин ва роҳсозону мутахассисони ватанӣ аз номи Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус, сокинони водии зархези Зарафшон ва мардуми шарифи шаҳри Панҷакент изҳори сипос менамоям. Агар то азнавсозӣ барои равуо аз Айнӣ то Панҷакент сеюним - чор соат вақт лозим бошад, акнун дар муддати ҳамагӣ якуним соат ба манзил расидан мумкин аст.
Таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва сарфаи вақту масофа, албатта, ба осон гардидани рафтуомади одамон ва арзон шудани арзиши аслии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо мусоидат хоҳад кард.
Корҳое, ки то имрӯз аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар самти раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ анҷом дода шудаанд, ҳанӯз ниҳояти кор нестанд, зеро татбиқи пурраи ҳадафи мазкур барои кишвари мо аҳамияти аввалиндараҷа дошта, дар солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳиму афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат боқӣ мемонад.
Қобили зикр аст, ки дар идомаи иқдомҳои Ҳукумати кишвар дар  вилояти Суғд ҷиҳати ба талаботи бехатарӣ мутобиқ гардонидани ҳолати техникии роҳҳои мошингард солҳои 2014 ва 2015 соли роҳҳои обод эълон гардида, бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ соли гузашта ва 9 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят ҳолати техникии қариб 6000 километр роҳҳои мошингард беҳтар гардонида шуда, садҳо километр роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд пурра таъмиру азнавсозӣ карда, садҳо километр роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст, ки ин иқдом, албатта, қобили таҳсину дастгирист.
Дар иртибот ба ин, ба раисони вилоят ва шаҳру навоҳии он, инчунин дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар зарур аст, ки чунин ташаббусро минбаъд низ идома бахшида, барои таъмиру таҷдиди роҳҳои байниноҳиявӣ, дохили шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
 Бояд гуфт, ки дар кишвари мо барои таъсиси корхонаҳои саноатии истихроҷи маъдан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани он захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Зарур аст, ки ин имкониятҳо ҳарчи пурраву самаранок истифода карда шаванд.
Тибқи маълумоти расмӣ дар вилояти Суғд соли гузашта афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 30 дарсадро ташкил карда, шаҳри Панҷакент аз рӯи ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар миқёси вилоят мақоми аввалро ишғол менамояд.
Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар шаҳри Панҷакент дар 8 моҳи соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 530 миллион сомонӣ расонида шуд, ки суръати рушди он ба 164 дарсад баробар мебошад. Ин нишондиҳанда имкон дод, ки ҳиссаи саноати шаҳри Панҷакент  дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят ба 19 дарсад баробар гардад.
Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки татбиқи Барномаи омӯзиш ва арзёбии захираи металлҳои нодир барои солҳои 2015-2025 низ ба рушди соҳа ва истифодаи самараноки сарватҳои табиии кишварамон мусоидат мекунад. Зеро солҳои охир таваҷҷуҳ ба азхудкунӣ ва истихроҷу коркарди  захираҳои табиии кишварамон торафт зиёд шуда истодааст.
Ҳоло дар соҳаи саноат бо ҷалби сармояи хориҷӣ якчанд лоиҳаи азими сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади буҷети давлатӣ ва имкониятҳои содиротии кишвар афзун мегардад. Дар ин раванд, ба рушди саноати металлургияи ранга ҳамчун соҳаи ояндадор диққати махсус дода мешавад.
Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент захираҳои бузурги маъданҳои нуқраву тилло, сурбу руҳ, мису қалъагӣ, ангишту фосфорит ва дигар канданиҳои фоиданок мавҷуданд.
Боиси қаноатмандист, ки саноатчиёни шаҳри Панҷакент ба хотири  иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазир, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тақвияти иқтидори содиротӣ ва дар ин замина таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.
Дар натиҷа, солҳои охир бо таъсиси як қатор корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ рушди бомароми соҳаи саноат дар шаҳр таъмин гардидааст, ки ин ба таъмини вазъи муътадили бозори меҳнат ва ба ин васила беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат карда истодааст.
Умуман, дар замони истиқлолият дар шаҳри Панҷакент 59 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ташкил шуда, қариб 3 ҳазор ҷойи кории нав муҳайё гардидааст. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ 14 корхонаву коргоҳҳои нав бо 800 ҷойи кории нав ташкил карда шудааст.
Вобаста ба рушди соҳаи саноат дар шаҳри Панҷакент мехоҳам нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолии Корхонаи муштараки «Зарафшон»-ро алоҳида зикр намоям. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ корхона ба маблағи 465 миллион сомонӣ 2,2 тонна тилло  ва 763 килограмм нуқраи холис истеҳсол кардааст. Дар ин давра корхона 92,5 миллион сомонӣ андоз, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро анҷом додаст, ки ин рақам нисбат ба соли 2006-ум 10 баробар зиёд аст.
Алҳол дар Корхонаи муштараки «Зарафшон» беш аз 2200 нафар коргарону муҳандисон бо фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, ки қариб 97 дарсади онҳо аҳолии таҳҷоӣ буда, ба ҳисоби миёна 2000 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.
Корхонаи муштараки «Зарафшон» дар рушди соҳаи саноати истихроҷи маъдан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани он дар кишвар нақши назаррас дорад. Аз соли 2007 то ҳоло аз ҷониби сармоягузори корхона зиёда аз 320 миллион доллар маблағ ворид карда шудааст, ки дар натиҷа  иқтидори истеҳсолии корхона хеле тақвият пайдо кардааст.
 Мо имрӯз навбати дуюми коргоҳи заршӯии Корхонаи муштараки ”Зарафшон”-ро, ки бо арзиши лоиҳавии 160 миллион доллар бунёд карда шудааст ва дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъданро дорад, ба истифода супурдем. 
Лозим ба ёдоварист, ки барои васеъ кардани иқтидори истеҳсолии корхона 350 нафар бинокор ба кор ҷалб карда шуд, ки бештарашон аз ҷумлаи сокинони шаҳри Панҷакент ва маҳалҳои гирду атроф буданд.
Мавриди  истифода  қарор  гирифтани навбати  дуюми коргоҳи заршӯӣ  имкон медиҳад, ки ҳар сол ба маблағи умумии 550 миллион сомонӣ 2,2 тонна тилло истеҳсол карда шавад.
Қобили таъкид аст, ки дар ин коргоҳ беш аз 100 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, коргарони маҳаллӣ ба ҳисоби миёна 2300 сомонӣ маош мегиранд ва бовар дорем, ин иқдом дар самти паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад. Илова бар ин дар назар аст, ки ба буҷети давлат дар як сол беш аз 150 миллион сомонӣ андозҳои гуногун ворид карда мешаванд.
Ҳозирони муҳтарам!
Ибтидои моҳи сентябр мо ҳангоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарияти Корпоратсияи коркарди тиллои «Зиҷинг майнинг» мулоқот доштем.
Роҳбарияти ширкати чинӣ уҳдадор шуд, ки ояндаи наздик ду полоишгоҳи нави замонавӣ бунёд намуда, дар кони «Тарор» истихроҷи маъданро ба роҳ мемонад.
Соли ҷорӣ баъди насби технологияҳои муосир дар Корхонаи муштараки «Зарафшон» истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок ба роҳ монда, истеҳсоли маҳсулоти нав - хокаи мис, ки қаблан ба полоишгоҳ рехта мешуд, оғоз хоҳад шуд.
Оянда тибқи нақша корхонаи холискории мис низ бунёд мегардад. Бо амалӣ шудани ин лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то соли 2016-ум ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида, 500 ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мо ҳамчунин дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент корхонаи нави маъдантозакуниро ба истифода супурдем. Корхонаи маъдантозакунии Рукнобод бо харҷи 130 миллион сомонӣ (21 миллион доллари амрикоӣ) бунёд шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 75 ҳазор тонна маъдани мису қалъагии кони Мушкистон дар як сол буда, корхона соле ба маблағи 9,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол хоҳад кард.
Дар ин корхона, ки дар як шабонарӯз 300 тонна маъданро аз коркард мегузаронад, 90 нафар коргар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Тавре ки медонед, баъди ба даст овардани истиқлолияти кишвар дар масъалаи ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат пайваст кардани шабакаҳои барқии водии Зарафшон баъзе мушкилиҳо ба миён омаданд.
Ягона хати барқи 110 киловолтаи «Панҷакент-Айнӣ», ки аввали солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда буд, барои интиқоли неруи барқ танҳо барои истифодабарандагони ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ пешбинӣ шуда буд.
Азбаски беш аз 75 дарсади масрафи барқ ба шаҳру деҳоти Панҷакент рост меояд ва хусусан, баъди ба кор даромадани навбати дуюми коргоҳи заршӯии Корхонаҳои муштараки «Зарафшон» ва «Рукнобод», ҳамчунин мунтазам афзудани аҳолӣ ва афзоиши миқдори нуқтаҳои савдову  хизматрасонӣ иқтидори хати интиқоли барқи «Айнӣ-Панҷакент» барои пурра бо неруи барқ таъмин кардани аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ намерасад.
Бинобар ин, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат лоиҳаи сохтмони хати барқи 220 - киловолтаи «Айнӣ-Панҷакент» барои беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои водии Зарафшон бо неруи барқ таҳия гардидааст.
Барои бунёди ин хати интиқоли барқ, ки дарозии он 94 километр ва арзиши лоиҳавиаш беш аз 400 миллион сомонӣ  (67 миллион доллари амрикоӣ) мебошад, Ҳукумат сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 54 миллион доллар гранти Бонки осиёии рушдро ҷалб кардааст.  
Амалишавии лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки интиқоли неруи барқ аз 67 мегаватти имрӯза то 320 мегаватт афзоиш ёфта, ҳамаи корхонаҳои саноатии шаҳри Панҷакент ва аҳолӣ бо барқ пурра таъмин карда шавад.
Айни замон Ширкати «Барқи тоҷик» ба масъалаи муайян намудани ширкати иҷрокунандаи корҳои сохтмонӣ машғул аст. Илова бар ин, тавре ки супориш дода шуд, дар шаҳри Панҷакент бо масрафи беш аз 500 миллион сомонӣ (80 миллион доллари амрикоӣ) дар ояндаи наздик неругоҳи барқи ҳароратӣ бо иқтидори 50 мегаватт бунёд карда мешавад, ки он на фақат Корхонаи муштараки “Зарафшон”, балки аҳолии шаҳрро низ бо неруи барқ таъмин мекунад.
Ҳамчунин гармии дар неругоҳ истеҳсолшуда ба шабакаи гармидиҳии шаҳр интиқол ёфта, барои осон шудани мушкилоти зимистонгузаронии мардум мусоидат хоҳад кард.
Дӯстони азиз!
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Панҷакент маҳсуб меёбад. Тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар таркиби кишти зироатҳои кишоварзӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Агар дар даврони Шӯравӣ шаҳри Панҷакент яке аз минтақаҳои калонтарини истеҳсоли тамоку бошад, баъди қабул гардидани Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2015-ум шаҳр ба яке аз минтақаҳои бузургтарини картошкапарварӣ табдил ёфт.
Дар давоми 4 соли охир майдони кишти картошка то 2 ҳазор гектар  зиёд гардида, истеҳсоли он ба 65 ҳазор тонна расонида шуд. Кишоварзони шаҳри Панҷакент, имконият доранд, ки истеҳсоли картошкаро то ба 100 ҳазор тонна расонанд. (Тибқи маълумот дар замони Шӯравӣ дар шаҳри Панҷакент ҳар сол дар майдони 7 ҳазор гектар тамоку парвариш карда мешуд).
Шоликорӣ яке аз бахшҳои асосӣ ва сердаромади соҳаи кишоварзии шаҳри Панҷакент буда, солҳои охир майдони кишти шолӣ торафт зиёд шуда истодааст. Танҳо дар се соли охир майдони кишти шолӣ ба беш аз 1300 гектар ва истеҳсоли солонаи маҳсулот қариб ба 9000 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1990 - ум  3200 тонна зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоид, аз ҷумла оби фаровон ва қувваи корӣ, инчунин тавассути анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмири насосҳои обкашӣ ва азхудкунии заминҳои нав соҳаи кишоварзӣ боз ҳам тараққӣ дода шавад. Зеро ин ҳам ҷойи корӣ ва ҳам воситаи даромади хуб аст.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки иқлими водии Зарафшон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, барои парвариши меваҳои донакдор, хусусан себу нок ва ангур, басо мусоид аст.
Кишоварзони асили Панҷакент бо мақсади иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2014» 710 гектар боғу токзори нав бунёд намуда, нақшаи тасдиқшударо барзиёд таъмин кардаанд.
Зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзорҳои нав ва сифати маҳсулот, инчунин зиёд кардани содироти мева эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Шароити обу ҳавои Панҷакент имконият медиҳад, ки дар талу теппаҳо  боғҳои нав бунёд карда шаванд ва шаҳр метавонад солҳои наздик ба яке аз калонтарин содиркунандагони меваю сабзавот табдил ёбад.
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар масъалаи парвариши зироатҳо, аз ҷумла меваю сабзавот, таҷрибаи зиёд доранд ва метавонанд, ки бо заҳмати софдилонаи худ дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзанда гузоранд.
 Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду меҳнатқарини шаҳри Панҷакенти бостонӣ, фаъолону зиёиён аз бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани шоҳроҳи Панҷакент - Айнӣ, ба кор даромадани коргоҳи дуюми заршӯии Корхонаи муштараки “Зарафшон”  ва дигар иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат рӯҳбаланд гардида, минбаъд низ ба хотири рушди бемайлони тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз саъю талош мекунанд.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо, ҳозирони гиромӣ ва ба кулли сокинони шаҳри бостонии Панҷакент рӯзгори хушу хонаи обод ва муваффақияту пешравиҳои тоза мехоҳам.             
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2015    №: 209    Мутолиа карданд: 1533
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед