logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВОДИИ ЗАРАФШОН

18 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат дар вилоят аз 18-ум то 21 - уми октябр ҷараён гирифта, дар давоми он Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Ғончӣ, Истаравшан, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд иншооти таъйиноти гуногуни хоҷагии халқро ифтитоҳ карда, бо вазъи корҳои саҳроӣ, ободонию созандагӣ шинос шуда, бо сокинону фаъ-олони вилоят суҳбату мулоқотҳои судманд доир менамояд.
Ифтитоҳи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Айнӣ, ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар ноҳияҳои Айнию Панҷакент, ба фаъолият оғоз кардани зеристгоҳи барқӣ, ба истифода додани хати баландшиддати неруи барқ дар шаҳри Қайроққум, кушодани корхонаҳои заршӯию маъдантозакунӣ дар шаҳри Панҷакент, шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар Панҷакент, оғози корҳои обёрии заминҳои обию лалмӣ ва истифодаи биноҳои истиқоматӣ барои афсарони қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ғончӣ, оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки навбунёди Баҳористон дар Истаравшан ва дигар тадбирҳои созандагӣ аз барномаи асосии сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти  Суғд мебошад.
Ҳадаф аз татбиқи ҳамаи ин чорабиниҳо таъмини зиндагии осоиштаю сазовори мардуми кишвар мебошад, ки аз сиёсати неку бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат сарчашма мегирад.

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии Нақибхон Туғрал
18 - уми октябри соли 2015 сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Сокинони ноҳия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи назди пайкараи Нақибхон Туғрал Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии ин шоири маъруфи тоҷикро, ки ба ифтихори 150-солагии ӯ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.
Дар ин чорабинӣ гурӯҳи калони аҳли илму адаб, фарҳанг ва маориф ва пайвандони шоир иштирок доштанд. Дар назди пайкараи Нақибхон Туғрал 3 сабади гул аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли илму адаб ва пайвандони шоир гузошта шуд.
Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ аз тарафи идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд навсозӣ шудааст. Арзиши умумии иншоот 5 миллион сомонӣ буда, маҷмаа аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи барқади шоир ва айвони бо усули меъмории миллӣ кандакоришуда иборат аст. Оромгоҳи шоир навсозӣ шуда, бо нақшу нигори миллӣ, кошинҳо, гаҷкорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст. Муҷассамаи барқади шоирро Арбоби ҳунари Тоҷикистон  Ғафурҷон Ҷӯраев офаридааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин маҷмааро ба ҳамдеҳагон ва мухлисони ашъори пурғановати Нақибхон Туғрал табрику таҳният гуфт.
Дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии Нақибхон Туғрал аз номи сокинони ноҳияи Айнӣ омӯзгори пуртаҷриба Субҳия Зоҳидова ва тарроҳи шинохтаи ҷумҳурӣ - абераи шоир Нақибхон Туғрал Мавлуда Ҳамроева бо изҳори сипосу миннатдорӣ сухан ронда, ба нақши созандаи пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳё, рушду густариши таъриху фарҳанг ва маданияти миллӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани мавзеъҳои таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, чеҳраҳои тобони илму адаби Тоҷикистон баҳои баланд доданд.   
Бунёду навсозии Маҷмааи таърихӣ - фарҳангӣ дар доираи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумат ба роҳ монда шуда, туҳфаи арзанда барои пайравону мухлисони шоир ва баҳри кулли мардуми водии Зарафшон мебошад. 
Дар рӯ ба рӯи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал манзили истиқоматии шоир қарор дорад, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамчун хона - музейи шоир пурра азнавсозӣ шудааст. Дар ин ҷо сару либос ва дигар ашёи рӯзгори Нақибхон Туғрал ҳифз шудаанд ва осорхонаи зинда барои сокинон ва сайёҳони хориҷӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар мамлакат дар доираи таҷлили 150 - солагии зодрӯзи шоир чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир гардиданд, ки дар онҳо оид ба зиндагии шоир, осори тарбиявию панду ахлоқии ӯ ба мардуми соҳибзавқ маълумот дода шуд.

Қасри фарҳанг ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гузошта шуд
18 октябр дар маркази ноҳияи Айнӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои Қасри фарҳанги ноҳияро ифтитоҳ намуд.
Қасри фарҳанг дар заминаи собиқ бинои синамо, ки соли 1980 бунёд шуда, дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт, таъсис ёфтааст. Корҳои таъмиру тармим ва барқарорсозӣ соли 2014 аз ҷониби идораи сохтмони асосии вилояти Суғд оғоз гардида, маблағи умумии лоиҳа 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Иншооти мазкур, ки дар ҷойи хеле намоёни маркази ноҳия қомат афрохтааст, аз толори асосӣ бо 400 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои ёрирасон барои кормандони соҳаи фарҳанг, толори махсус дар ошёнаи дуюм ҳамчун осорхона, синфхонаи компютерӣ, омӯзиши рақсу сурудхонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои шуъбаи фарҳанги ноҳия иборат мебошад.
Бинои Қасри фарҳанг бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, намои асосии он аз 6 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат аст. Иншооти мазкур ба симои ноҳияи Айнӣ ҳусни тоза зам кардааст. 
Дар майдони даромади Қасри фарҳанг ду фаввора ҷойгир шуда, гирду атрофи майдон бо дарахтон ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ, шабакаи равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити бинои нави Қасри фарҳанг Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори меъморон, бинокорон ва устоҳои моҳир баҳои баланд дода, изҳори сипос намуд.
Акнун аҳли ҳунари шуъбаи фарҳанг бо истифода аз ин шароити мусоид, ки   роҳбарияти давлату Ҳукумат барои онҳо муҳайё сохт, имкон доранд, тамоми чорабиниҳои фарҳангиро дар сатҳи хуб омода карда, дар тарбияи фарҳангию маърифатии сокинон саҳм гузоранд.
Дар толори боҳашамат, пурнақшу нигор ва қандилҳои зебо ҳунармандони ноҳия бо нишони қадршиносӣ нисбат ба ғамхориҳои Сарвари давлат барномаи рангини консертӣ омода ва пешкаш карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандони ноҳияро ба таҳияи барномаҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ ҳидоят намуда, ба Қасри фарҳанги ноҳия 25 намуд асбоби мусиқӣ, аз ҷумла 1 адад пианино, тақдим карда, бо фаъолон  ва мардуми ноҳияи Айнӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
Сарвари давлат бунёду ифтитоҳи Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Қасри фарҳанг ва роҳи Айнӣ - Панҷакентро ба сокинон муборакбод гуфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳоро туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлат ба мардуми водии Зарафшон барои пуштибонии амиқ аз сиёсати Ҳукумати мамлакат арзёбӣ кард.
Президенти мамлакат зимни суханронии хеш дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, бунёди иншооти ҳаётан муҳими стратегӣ дар ноҳия, фаъолияти пурсамари сокинони ноҳия андеша ронда, ба онҳо барои истиқболи самимӣ ва талошҳои шабонарӯзиашон изҳори сипос намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳаёт, шахсият, нақшу осори ибратомӯз ва дигар хислатҳои накуву матиниродагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ изҳори андеша карда, бо нишони қадршиносӣ ва бузургдошти ин шахсияти бузурги илму адаб пешниҳод намуд, ки Қасри наву бошукӯҳи фарҳанги ноҳия ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гузошта шавад. Ин иқдоми Сарвари давлат аз ҷониби сокинони ноҳия бо хушнудӣ истиқбол гирифта шуд.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат ба роҳбарияти вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ супориш дод, ки дар маркази ноҳия як толори бошукӯҳи варзишӣ бунёд намоянд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи сокинони ноҳияро бо ҷашни 150 - солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва ифтитоҳи иншооти муҳим табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз дошт, ки мардуми ноҳия ва вилоят ҷашни бузург - 25 – солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро бо дастовардҳои беназир истиқбол мегиранд.
Сокинони ноҳияи Айнӣ бо нишони қадршиносӣ ва рамзи садоқат аз талошҳои Президенти мамлакат баҳри рушду ободии ноҳия ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент
18 октябр дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакентро ифтитоҳ намуд.
Маросими ифтитоҳи ин роҳи зебо дар сероҳаи Айнӣ - Панҷакент – Хуҷанд баргузор гардид.
Зикр гардид, ки дарозии умумии роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расиданд.
Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро шудааст. Дар ин шоҳроҳ, ки самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон бунёд ёфтанд.
Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро ширкати чинии «Сансиян Бейсин» бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80 дарсади шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аз як пуле, ки дарозиаш 129 метрро ташкил медиҳад ва дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи Айнӣ-Панҷакент бунёд гашт, боздид ба амал овард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳсозони тоҷику чинӣ барои иҷрои хуби корҳои сохтмонӣ ба онҳо изҳори сипос карда, дар бораи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди роҳҳои таъйиноти минтақавию байналмилалӣ, аҳамияти роҳҳо барои пешрафти соҳаҳо ва рушди иқтисодиёт андеша ронд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди роҳҳои ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳониро ба роҳ мондааст, ки аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.

Рукнобод ободтар мегардад
18 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Айнӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.
Дар шаҳри Панҷакент Сарвари давлат нахуст ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед", воқеъ дар деҳоти  Рукнобод оғози расмӣ бахшид.
Корхонаи маъдантозакунии Рукнобод аз тарафи ширкати чинии «Броадтек» бо арзиши лоиҳавии 135 миллион сомонӣ (21 миллион доллари ИМА) сохта шудааст.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 75 ҳазор тонна маъдан буда, ҳамасола ба маблағи 10 миллион сомонӣ хокаи қалъагӣ ва мис истеҳсол менамояд.
Дар корхонаи нав дар маҷмӯъ 220  нафар бо кори доимӣ таъмин шуд, ки аз онҳо 140 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Сокинони шаҳр баъд аз гузаштан аз курси махсуси бозомӯзӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Технологияи навтарини корхонаи "Броадтек-Тоҷикистон" имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз 300 тонна хока коркард ё шуста шавад.
Алҳол корҳои омодагӣ ва мувофиқгардонӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супурдани навбати дуюми корхона, ки маҳсулоти ниҳоии он металҳо аз мис ва қалъагӣ мебошанд, идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхона дар ҳамин ҷо бо фаъолияти мутахассисон, ҷараёни истеҳсолот, технологияи нави воридшуда ва шароити корӣ бевосита шинос шуд.
Корхона дар қаторкӯҳҳои Зарафшон бунёд шуда, аз маркази шаҳри Панҷакент 30 километр дуртар ҷойгир аст.
Соҳибкорони чинӣ нақша доранд, ки дар оянда доираи фаъолияти худро боз ҳам васеъ намуда, дар заминаи ҳамин кон боз якчанд корхонаҳои саноатии дигарро низ бунёд намоянд.
Зимни мулоқот бо коргарони корхонаи нав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳми корхонаҳои саноатӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети давлат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти шароити зисти сокинони шаҳр андеша ронда, коргаронро ба фаъолияти пурсамар ва иҷрои софдилонаи корҳо ҳидоят намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона супориш дод, ки ба сифати корҳо, сари вақт супурдани андозҳо ва таъмини кормандон бо маоши хуб аҳамияти махсус диҳанд.
Аз рӯйи супориши Сарвари давлат бояд беш аз 90 дарсади кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

Фабрикаи дуюми “Зарафшон” фаъол шуд
18 октябр дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”-ро ифтитоҳ намуд.
Дар дохили бинои асосии коргоҳи заршӯӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахш намудани тугма боз як корхонаи пуриқтидорро расман фаъол кард. Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода дода шуд.
Арзиши лоиҳавии Фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1 миллиард сомонӣ мебошад. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тиллои холис истеҳсол карда шуда, 10 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки  "Зарафшон" то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то 4 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд.
Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тилло дар як сол расонда мешавад.
Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони соҳа суҳбати озоду ошкоро доир намуда, бунёди чунин иншооти калонро барои рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим маънидод кард. Таъкид гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулот 550 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Баъди бунёди корхона 185 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта,  180 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар ин ҷо бо кори доимӣ таъмин гардид. Дар маҷмӯъ дар корхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки “Зарафшон” зиёда аз 2 ҳазору 200 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудааст.
Соли 2008-ум кони маъдани «Тарор» ба кор омода ва коркарди маъдан ба таври васеъ ба роҳ монда шуд. Дар баробари «Тарор» боз конҳои Ҷилав, Олимпӣ ва Хирсхона истифода карда мешаванд, ки дар заминаи ин конҳо бунёди чунин корхонаи азими саноатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба мақсад мувофиқ аст. Конҳои мавҷуда аз корхонаи тозабунёд дар масофаи аз 4 то 8 километр  дуртар ҷойгиранд.
Дар баробари ба истифода додани нақби амудии маъданфаро ва нақби зеризаминии маъданкаш бо дарозиҳои мутаносибан 130 ва 250 метр масофа нисбатан  наздик гардид. Сохтмони нақбҳои мазкур барои кам намудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи коргоҳи дуюми корхонаи заршӯии ҶДММ “Корхонаи муштараки Зарафшон” дар шаҳри Панҷакент аз ҳолати роҳҳои мошингарди ба ин корхона баранда ва иншооти иҷтимоии маҳаллӣ изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарияти ин корхона дастур дод, ки то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин роҳи ҳаждаҳкилометраро пурра азнавсозӣ намуда, ҳамчунин яктоӣ мактабу кӯдакистон ва маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 50 мВт барои ин корхона сохта ба истифода диҳанд.
Ҳамчунин Сарвари давлат дастур дод, ки маоши кормандони ин корхона зиёд карда шавад. Ҳоло маоши кормандон аз 1000 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат бо таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ ин бо кори доимӣ таъмин кардани аҳолӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии онҳо мебошад.
Дар ин самт роҳбарияти давлату Ҳукумат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, бо бунёди даҳҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии нав дар саросари кишвар ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакатро соҳиби кор ва маоши хуб кардаанд.

Таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент анҷом ёфт
18 октябр аз ноҳияи Айнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути шоҳроҳи нави Айнӣ - Панҷакент ба шаҳри Панҷакент ташриф овард. Сокинони шаҳри бостонӣ Сарвари давлатро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳри Панҷакент низ Эмомалӣ Раҳмон қисмати дигари роҳи Айнӣ - Панҷакентро бо буридани лентаи рамзӣ ба истифода дод. Дар ҷараёни сафар  Эмомалӣ  Раҳмон бевосита бо корҳои навсозии роҳу пулҳои нав  дар шоҳроҳи мазкур шинос шуд. Мавриди зикр аст, ки навсозии роҳи Айнӣ - Панҷакент низ яке аз қадамҳои устувори ҷумҳурӣ дар роҳи баромадани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.
Роҳсозон дар муҳлатҳои муқарраргардида бо истифода аз тамоми таҷрибаи андӯхтаи хеш дар самти роҳсозӣ роҳро мутобиқ ба талаботи стандартҳо бунёд карданд.
Баъди ифтитоҳи роҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони шаҳр, ки барои истиқболи Сарвари давлат ва ба хотири иштирок дар маросими кушодани роҳи Айнӣ-Панҷакент дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, сухан ронд.
Президенти мамлакат ифтитоҳи роҳи нав, корхонаҳои саноатии маъдантозакунӣ ва заршӯиро дар шаҳри Панҷакент ба сокинон муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки роҳҳо на танҳо минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, балки ҳамчун воситаи интиқоли мусофирон ва борҳои гуногун хизмат мекунанд. Бунёди роҳҳои нав ва нақбу пулҳо ин пешрафти иқтисодиёт, сарфаи вақту маблағ буда, барои коҳиш додани арзиши маҳсулот низ хизмат мерасонанд.
Президенти мамлакат таъкид намуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард сохтаву таҷдид ёфта, даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардидаанд. Имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонда шуд. Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ҳанӯз соли 2011 «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025» қабул гардид ва дар доираи он бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи умумии 4,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар асоси ин барнома ду сол қабл, яъне моҳи октябри соли 2012 азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакентро оғоз карда будем ва имрӯз онро бо иштироки намояндагони мардуми ноҳияи Айнӣ аз гардиши Айнӣ - Панҷакент ва қисмати панҷакентии онро дар ҳузури сокинони шаҳри Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор додем. Арзиши лоиҳавии таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент беш аз 700 миллион сомонӣ, баробар ба 115,3 миллион доллари амрикоӣ буда, ин лоиҳа бо гранти Бонки рушди Осиё аз тарафи Ширкати сохтмонии «Сансиян Бейсин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом расонда шуд. Имрӯз роҳ ва иншооти он дар масофаи бештар аз 112 километр пурра азнавсозӣ ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гаштанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар корҳои азнавсозии роҳ 1330 нафар муҳандисону кормандони техникӣ ва роҳсозон бо ҷидду ҷаҳди дучанд кор карданд. Беш аз 1000 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва дар ободии диёри хеш саҳми сазовор гузоштанд. Роҳу пулҳои навро, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, Президенти мамлакат ба сокинони мамлакат туҳфа намуд. Ин роҳ ба қавли Президенти мамлакат бояд садсолаҳо ба мардум хизмат кунад, аз ин рӯ, нигоҳубини он низ бояд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. 
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди роҳҳои ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳониро ба роҳ мондааст, ки аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.
Сарвари давлат бо итминон изҳор дошт, ки сокинони шаҳри Панҷакент бо меҳнати софдилона ва бо дастовардҳои назаррас 25 - солагии Истиқлолияти давлатии мамлакатро истиқбол мегиранд.
Сокинони шаҳри Панҷакент, хонандагону донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои ғамхории ҳамаҷониба ва иқдомҳои нек дар роҳи беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ ва шукуфоии Ватан изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии "Шаҳзод"
Зимни сафари кории худ дар шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии "Шаҳзод"- и Ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасан дидан намуд.
Дар ин хоҷагии деҳқонӣ 37 нафар саҳмдор, ки 7 нафарро занон ташкил медиҳанд, фаъолият менамояд. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 23 гектарро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола хоҷагидорон номгӯйи зиёди зироатҳоро кошта, ҳосили дилхоҳи гандум, шолӣ, ҷав, ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот ва юнучқа ба даст меоранд. Тибқи иттилои сарвари хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод» Фарҳод Муҳиддинов,  ҳар сол 105 тонна сабзавот, 88 тонна картошка, 35 тонна гандум ба даст меоранд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва аз даромади софи хоҷагӣ харид кардани техникаҳои гуногун ҳидоят намуд.
Дар ҳамин ҷамоат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиро тамошо кард. Дар намоишгоҳ 43 номгӯйи маҳсулот, ки дастранҷи деҳқонони шаҳр буд, ба маъраз гузошта шуд. Гандум, ҷав, дони ҷуворимакка, нахӯд, лӯбиё, офтобпараст, картошка, помидор, бодиринг, пиёз, сабзӣ, якчанд навъи ангур, себ, намудҳои гуногуни шолӣ ва асал аз ҷумлаи онҳо буданд.
Зимни тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидорон, боғдорон ва занбӯриасалпарваронро ба истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти хушсифат, рушди бахшҳо, ба иқлими минтақаҳои гуногуни мамлакат мутобиқ кардани меваю полезиҳо, пайвандсозии ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, содироти дастранҷашон ба пойтахт, Русия, Покистон ва дигар кишварҳои хориҷ, тавсияҳои муфид дод.
Инчунин Президенти мамлакат маслиҳат дод, ки ҳар як нафари ба хоҷагидорӣ машғул дар баробари парваришу истеҳсоли маҳсулот ба харидорон дар бораи хусусиятҳои табобатии меваю сабзавот маълумот дода тавонанд, зеро ҳамаи маҳсулоти хуштаъму болаззати диёри мо дорои хусусиятҳои хоси табобатӣ ҳастанд ва бе ягон маводи доруворӣ имкони шифо бахшидан ба аксари бемориҳо мавҷуд аст.
Дар намоишгоҳ олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат баъзе навъҳои маҳаллии шолии ихтироъкардаи худро муаррифӣ карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои пешбурди кори деҳқонӣ барору комёбӣ таманно намуд ва барфи аввалинеро, ки имрӯз дар шаҳри Панҷакент борид, барои кишоварзон манбаи файзу баракат арзёбӣ кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2015    №: 209    Мутолиа карданд: 13403
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед