суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳия ба ифтихори ҷашни 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, ноҳияи Айнӣ, 18 октябри соли 2015
Ҳозирони муҳтарам!
Сокинони шарафманди водии зархези Зарафшон!
Дар оғози сухан ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни 150-солагии шоири бузург Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва ба ин муносибат бунёд гардидани маҷмааи шоир ва Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ самимона табрик мегӯям.
Орзуманди он ҳастам, ки аз баракати равони поки ин бузургмард ва дигар бузургони халқамон ин диёр ҳамеша пурфайзу нусратбор бошад ва ин пораи хоки муқаддаси Тоҷикистони азизамон чун саросари мамлакат боз ҳам ободу пешрафта гардад.
Водии Зарафшон ҳамчун як гӯшаи муҳиму ободи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сарзамини дорои таърихи қадима ва имкониятҳои бойи табиӣ буда, саҳми сокинони заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои он дар ободу пешрафта гардидани кишварамон хеле назаррас мебошад.
Маҳз дар ҳамин диёр ёдгориҳои бағоят нодиру қадимаи миллати мо - осори фарҳанги суғдӣ маҳфуз мондаву аз тамаддуни чандинҳазорсолаи миллатамон дарак медиҳанд.
Осори хаттии соли 1932 аз қалъаи Муғи деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ пайдошуда ба унвони намунаҳое аз катибаҳои суғдӣ имрӯз барои ҷаҳониён фарҳангу тамаддуни деринаи тоҷиконро муаррифӣ мекунанд. Мавҷудияти осори беназири замони қадим, табиати зебову дилфиреб ва мероси бузурги маънавиву фарҳангӣ боис гардидааст, ки оламиён аз замонҳои қадим ба ин минтақа сафарҳо карда, дар кашфи табиати нотакрори он иқдом намоянд.
Мутобиқи ахбори таърихӣ ва ривоёти то замони мо расида, гӯё Искандар ба хотири гузоштани нақше дар ин макони зебо барои ба яке аз қадимтарин ёдгориҳои табиии ин диёр – Искандаркӯл додани номи худ иқдом намудааст.
Ҳанӯз дар нахустин асари ҷуғрофии замони Сомониён - «Ҳудуд - ул - олам» ин мавзеъ бо номи Бутамон ёд шуда, дар баъзе сарчашмаҳои дигар ин макони сарсабзу обод бо ишорат ба таваҷҷуҳи олимон ва донишварону сухандонон ин сарзамин чун «водии дарвешон» низ унвон карда мешавад. Тавсифи “водии дарвешон”-и муаллифи номаълум, пеш аз ҳама, ба хотири шумораи зиёди суханварону адибон, маорифпарварону орифон ва донишмандони ин водӣ будааст.
Ҳамин табиату макони хушобуҳаво, меҳмон-дӯстиву меҳмоннавозӣ ва ҳимматбаландии мардум боис шудааст, ки аҳли илму маориф аз гӯшаву канори олам, хоса кишварҳои қаламрави забони тоҷикии форсӣ ба ин мавзеъҳо сафар намуда, ин диёрро макони сукунати ҳамешагии хеш қарор додаанд.
Бесабаб нест, ки дар ҳудуди ин водӣ - аз Панҷакент то саргаҳи Зарафшон - Кӯҳистони Мастчоҳ даҳҳо нафар орифону донишмандон ва аҳли илму маърифат ба хок рафтаанд.
Бар асоси мусофиратҳое, ки сайёҳону кишваршиносон ба ин минтақа аз замонҳои қадим анҷом додаанд, сафарномаҳои зиёде иншо шудаанд, ки маъруфтарини онҳо “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл”-и Абдураҳмони Мустаҷир аст. Ҳатто дар замони Шӯравӣ низ водии Зарафшон, хоса канори кӯлҳои камназири Искандаркӯл, Ҳафткӯл ва монанди инҳо макони истироҳат ва боздиди сайёҳону олимон ва ҷаҳонгардон ба ҳисоб мерафт, ки чандин китоби сафарномаи дар ин давра нашршуда ба ин матлаб ишора мекунад.
Обу ҳавои мусоид, табиати нотакрор ва суннату анъанаҳои дерина дар парвариши даҳҳо қаҳрамону паҳлавон ва аҳли фазлу маърифат мувофиқ омадааст.
Корномаҳои Деваштичи диловар то ба ҳол достони шуҷоату матонат ва ҷасорату ватандӯстӣ барои наслҳои бисёр давраҳои таърихӣ, аз ҷумла насли имрӯз ба шумор меравад. Гузашта аз ин, далели дар ҳамин водӣ ба дунё омадану ба камол расидани қофиласолори шеъри тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мояи ифтихори ҳар сокини шарафманду соҳибмаърифати кишвар маҳсуб меёбад.
Агар устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шеъри классикии моро оғоз ниҳода бошад, бо итминон метавон гуфт, ки Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ чун меросбари асили устоди шоирон бо идомаи беҳтарин суннатҳои назми оламгири мо ин давраи таърихии адабиётро як навъ ҷамъбаст намудааст.
Нақибхон Туғрал, ки мо чанд лаҳза пеш парда аз рӯи мақбара ва муҷассамаи ӯ бардоштем, воқеан аз суханварони номвари адабиёти тоҷик буда, бо ашъори баландмазмуну равони худ қалби ҳазорон нафар дилбохтагони шеъру суханро тасхир кардааст.
Туғрал ҳамчун вориси арзандаи яке аз пешвоёни бузурги тариқати нақшбандия - Хоҷа Аҳрори Валӣ тавассути ашъору афкори пурмуҳтавои худ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии мардум саҳми арзишманд гузоштааст. Ҷойгоҳ ва мақоми шоир аз он низ маълум мегардад, ки ягона нусхаи чопи сангии девони шоир, ки соли 1916 дар айёми зиндагонии ӯ ба чоп расида буд, то ба имрӯз дар хонаву манзили аксари сокинони шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр нигаҳдорӣ шуда, бисёр ғазалу абёти шоирро мардумони ин шаҳрҳо аз ёд медонанд.
Равонии каломи Туғрал ҳанӯз аз замони зиндагиаш сабаб шудааст, ки бештари ғазалҳои ӯро аҳли ҳунар ба оҳанг дароварда, дар базму маҳфилҳо месароиданду мехонанд. Шояд мисли Нақибхон Туғрал кам шоиреро метавон пайдо кард, ки ашъораш ба ин миқдор ба суруд табдил ёфтааст.
Дар баробари ин, Туғрал дар мактаби шоири барҷастаи тоҷику форс Мирзо Абдулқодири Бедил дар ҳадде муваффақ гардида буд, ки ҳамзамононаш ӯро ҳамчун “Бедили сонӣ” ном бурдаанд.
Аз мундариҷа ва муҳтавои ашъори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ пайдост, ки ӯ масоили муҳимтарини ҳаёти инсонҳо - тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат, садоқат ба ойинҳои неки инсонӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва монанди инҳоро содиқона ва моҳирона тарғиб намудааст. Ва худи ӯ намунаи садоқати баланди инсонӣ, дӯсти ҷонӣ ва инсони саршор аз сидқу муҳаббат будааст.
Дар саросари ашъораш Нақибхон Туғрал аз Шамсиддини Шоҳин ҳамчун устод ва дӯсти беҳтарини худ ёдовар мешавад, ки рафоқати ин ду шоир рамзи дӯстии инсонҳо ва намунаи ҳамкории ду шахсияти маъруф буда, бояд барои насли имрӯз намунаи ибрат бошад, зеро дар натиҷаи мутолиаву мубоҳиса онҳо барои такмили ашъори ҳамдигар кӯшида, бо ихлосу итминони тамом барои пешрафти адабиёти халқамон баробар қадам ниҳодаанд.
Нақибхон Туғрал ҳамчун инсони якрӯ, якқавл, ба аҳди худ вафодор буда, ба душманиву бадбинӣ, фитнаву дасиса ва дигар хислатҳои номатлуби инсонӣ ҳамеша ҳисси оштинопазирӣ нишон додааст. Шояд натиҷаи ҳамин хислатҳои ҷавонмардона, аз ҷумла ба қавли худ устувор будан ва нафрат ба нотавонбиниву ғараз буд, ки бо фитнаи шахсони тамаллуқкору дилсиёҳ шоири маҳбуб оқибат қурбони туҳмати ноҳақ гардида, ба таври фоҷиавӣ кушта шуд. Аммо бо гузашти рӯзгор ва фосилаи начандон тӯлонӣ бо кӯшиши зиёиёни тоҷик, хоса устодони бузурги адабиёти мо Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Носирҷон Маъсумӣ чеҳраи аслии шоир дубора аз паси абри тираи ҳасодату адовати нотавонбинон мисли хуршед берун омада, осори безаволаш дастраси мардум гардид.
Махсусан, мехоҳам аз хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, ки ноҳияи шумо номи ин абармарди миллатро соҳиб аст, ёдовар шавам. Ҳанӯз дар айёме, ки шахсияти Нақибхон Туғрал дар арсаи сиёсати замон ба истилоҳ “сиёҳшуда” ҳисоб мешуд, устод Садриддин Айнӣ дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” бо ҷасорат ва мардонагии бузург аз истеъдоди нодири Туғрал ёдовар шуда, мақоми ҳунарии ӯро махсус таъкид сохт. Ин дар ҳолест, ки дар он айём баёни чунин суханони матлуб нисбат ба шахсияти ба қатл маҳкумшуда ғайриимкон буд.
Аз ин лиҳоз, барои ҳар фард фарзанди ноҳияе будан, ки номи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро дорад, мояи ифтихор мебошад, зеро хизмати устод Айнӣ барои зинда гардондани номи садҳо нафар суханварони гузаштаи мо бузургу беназир аст.
Шумо аз кӯшишу нақши устод барои муайян ва муқаррар намудани мадфани султони шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хуб огаҳӣ доред. Аз ин рӯ, умедворам, ки шумо чун мардуми бонангу номус ва соҳибмаърифату сарбаланд ба номи ин абармарди миллат арҷи хоса мегузоред ва барои идома бахшидани хизматҳои беназири ӯ бо роҳи анҷом додани корҳои шоиста, махсусан дар самти рушду ободии ноҳия ва пешбурди иқдомҳои хайри адабиву фарҳангӣ ҳамеша талош мекунед.
Дӯстони муҳтарам!
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бар асоси сиёсати фарҳангии давлат ба мероси шахсиятҳои илму адаби халқамон, аз ҷумла осори Нақибхон Туғрал, таваҷҷуҳи ҷиддӣ сурат гирифта, нашру муаррифии мероси шоир ба таври шоиста ба роҳ монда шуд.
Ба хотири ошноии бештари насли имрӯз бо каломи шакарини шоир ва андешаҳои баланди инсонгароёнаи ӯ намунаҳои ашъори суханвар бо тарҷумаи ҳоли мухтасараш ба китобҳои дарсӣ барои макотиби таҳсилоти умумӣ ворид карда шуд.
Дар остонаи таҷлили ҷашни 150-солагии шоир бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нашри нав ва нисбатан мукаммали девони ӯ ҳамчун туҳфаи арзандае ба муносибати ҷашн анҷом ёфт.
Ҳамчунин, қомат афрохтани муҷассама ва бунёди мақбараи шоир дар зодгоҳаш чун ҳадяи Ҳукумати мамлакат ба ифтихори ҷашн гӯё аз зиндагии дубораи шоири шаҳир ба тамоми мардуми кишвар паём мерасонад.
Қомати барафрохтаи шоир, ки рамзи сари баланду рӯи сурхи вай дар пешорӯи таърих мебошад, гӯё ба забони ҳол ба мову шумо ва наслҳои оянда мегӯяд:
Дерест бо фикри расо сайди маонӣ мекунӣ,
Эй Туғрали авҷи сухан, аз ошёни кистӣ?!
Маҷмааи ёдгории шоир, ки аз мақбара, муҷассама, осорхона, айвонҳои кандакорӣ, боғу гулгаштҳои ороста бо дарахтону гулҳои рангоранг иборат буда, бо тарҳи замонавӣ ва бо истифодаи санъати баланди меъмории миллӣ сохта шудааст, ба маблағи панҷ миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.
Дар ёд дорам, ки тақрибан бист сол пеш аз хонаи шоир дидан карда будам. Он вақт хонаи шоир, ки дар айёми зиндагии ӯ бо ҳузури худаш бунёд гардидааст, намуди тамоман дигар дошт ва сахт таъмирталаб буд.
Имрӯз дар хона ва осорхонаи шоир муҳимтарин намунаҳои фарҳанги хонадории миллии тоҷикон, хоса мардуми водии Зарафшон, ашё ва дигар лавозимоти дорои аҳамияти таърихӣ, нусхаҳои хаттӣ ва чопии осори шоир ва монанди инҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Акнун меросбарони шоири бузург ва сокинони ноҳияро зарур аст, ки ин ёдгории нодирро эҳтиёт карда, барои ҷамъоварии дигар ёдгориҳои нодир ва намунаҳои таърихиву фарҳангии минтақа кӯшиш намоянд.
Хонаи шоир метавонад дар оянда ба як осорхонаи муҳими таъриху фарҳанги миллатамон табдил ёфта, дар он ёдгориҳои хаттӣ, китобҳои нодир, унсурҳои фарҳанги хонадории куҳани тоҷикон, маҳсули навъҳои гуногуни ҳунармандӣ чун сарвати бебаҳои халқамон гирдоварӣ ва нигоҳдорӣ карда шаванд.
Ҳозирони муҳтарам!
Ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз эҳёи чунин ёдгориҳои таърихӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани худшиносии миллии ҷомеа, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба гузашта, ҳамчунин мусоидат ба рушди сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи тоҷикон ба аҳли ҷаҳон мебошад.
Бовар дорам, ки ин ҷо зиёратгоҳи аҳли дил мегардад ва меҳмонони зиёде аз дуру наздики кишвар ва берун аз он ба дидани ин макони пурфайз меоянд.
Бунёди маҷмааи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки мо онро дар остонаи таҷлили Наврӯз ифтитоҳ карда будем, нишон дод, ки то кунун беш аз 200 ҳазор меҳмонони ватаниву хориҷӣ аз ин макон дидан карда, ба он баҳои баланд додаанд.
Умедворем, ки ин маҷмааи зебо низ, ки дар канори шоҳроҳи бузурги Душанбе-Чанак қарор дорад, воқеан ба як маҷмааи бузург ва макони баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири мусоидат ба рушди соҳаи фарҳанг тавассути бунёди муассисаҳои нави фарҳангӣ ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст.
Бунёди Қасри фарҳанг, ки имрӯз ҳамчун идомаи корҳои созандагиву бунёдкории Ватани азизамон дар маркази ноҳияи Айнӣ ба истифода супурда шуд, бо сарфи қариб шаш миллион сомонӣ ба анҷом расидааст. Ин қасри зебои фарҳанг туҳфаи Ҳукумат ба сокинони ноҳияи Айнӣ ва мардуми водии Зарафшон аст, зеро онҳо дар баробари аҳли шеъру сухан буданашон, хеле ҳунарманд ва аҳли санъату мусиқӣ мебошанд ва ҳунари миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд. Ва бояд гуфт, ки аксари ин ҳунармандон сурудҳои зиёдеро бар матни ашъори Нақибхон Туғрал эҷод кардаанд.
Дар баробари ин, мардуми водии Зарафшон, новобаста аз пешаву касбу кор, аҳли ҳунар, дорои фарҳанги хосаи миллӣ ва суннату анъанаҳои мардумӣ мебошанд, ки бештари онҳо дар эҷодиёти шифоҳии сокинони ин диёр инъикос ёфтаанд. Итминон дорам, ки ин кохи навбунёди фарҳанг минбаъд низ барои дарёфти истеъдодҳои нав барои миллати тоҷик ва мардуми шарафманди диёр хизмат хоҳад кард.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди маҷмааи ёдгории Нақибхон Туғрал ва Қасри фарҳанги ноҳия саҳм гузоштанд, изҳори сипос менамоям.
Ҳамчунин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ супориш медиҳам, ки бо мақсади рушди ҳарчи бештари варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва гузарондани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ дар ноҳия сохтмони як варзишгоҳи замонавии муҷаҳҳазро оғоз намоянд.
Дӯстони азиз!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ андешидани тадбирҳои заруриро ба хотири рушди фарҳанги миллӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва бо ҳамин роҳ беҳтар гардондани шароити зиндагии аҳолӣ идома медиҳад.
Ман чанд сол қабл ба водии Яғноб сафар доштам ва дастур дода будам, ки барои эҳёи ин водӣ ва бунёди роҳ то деҳаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ин тадбир, пеш аз ҳама, ба он хотир буд, ки ин водии куҳан яке аз ёдгориҳои нодири ҳам фарҳангӣ ва ҳам табиии миллати мо, хоса низоми экологии дастнорасида ва омӯхтанашуда маҳсуб мешавад ва бояд ҷаҳониён аз имкониятҳо ва захираҳои маънавии он баҳравар шаванд. Ҳоло ки бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бунёди роҳҳо то ин минтақа сурат мегирад, бовар дорам, ки бо истифода аз он барои мусоидат ба сафари сайёҳон ва ошноии бештари мардум бо ганҷинаҳои нодири таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии водӣ иқдомҳои назаррас амалӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин, ба Академияи илмҳои Тоҷикистон ва олимону муҳаққиқон зарур аст, ки барои омӯзиши ҳарчи бештари фарҳангу суннатҳои ин водии қадима талош варзанд, то ин ки мероси камназири таърихии мо ба ҷаҳониён муаррифӣ шуда, саҳифаи норавшани гузаштаи он амиқтар омӯхта шавад.
Дар дигар мавзеъҳои водии Зарафшон низ захираҳои табиии фаровоне мавҷуданд, ки ҳоло барои истихроҷу коркарди онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам омадаанд.
Дар ҷараёни ин сафари корӣ, мо имрӯз дар шаҳри Панҷакент дар заминаи Корхонаи муштараки “Зарафшон” бо ҷалби сармояи хориҷӣ боз як корхонаи коркарди маъданро ба истифода медиҳем.
Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик барои кушодани корхонаи нави саноатӣ дар заминаи захираҳои маъдани водии Зарафшон, аз ҷумла металлургияи ранга, корхонаҳои коркарди сангҳои қиматбаҳо ва дигар навъҳои захираҳои табиӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Ноҳияи Айнӣ яке аз манбаъҳои муҳими таъминоти корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии мамлакат бо ангишт ба шумор меравад. Истеҳсоли он дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба беш аз 400 ҳазор тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120 дарсад афзоиш ёфтааст.
Тавре ки аз таҳлили нишондиҳандаҳои истеҳсолии ноҳияи Айнӣ бармеояд, дар натиҷаи заҳмати софдилонаи аҳолӣ рушди мунтазами иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва афзоиши буҷети он таъмин шуда, дар давоми панҷ соли охир беш аз се баробарро ташкил кардааст.
Зарур аст, ки роҳбарони ноҳия ва дигар сохтору мақомоти дахлдор барои таҳкими ин дастовардҳо мунтазам кӯшиш намоянд. Зеро истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои мавҷуда, ҷустуҷӯи роҳу усулҳои нави сармоягузорӣ барои коркарди захираҳои табиӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ метавонад барои боз ҳам бештар афзудани нишондиҳандаҳои иқтисодии ноҳия ва таъмини некуаҳволии мардум мусоидат намояд.
Шубҳае нест, ки мардуми заҳматписанди ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ба хотири иҷрои ин вазифаҳои муҳим, яъне рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ, ободу зебо ва пешрафта гардондани ноҳия ва боз ҳам беҳтар шудани шароити рӯзгори худ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳанд кард.
Хусусан дар шароите, ки дар натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат роҳи мошингарди Душанбе-Чанак бо ду нақби бузурги замонавӣ ва муҷаҳҳаз сохта, ба истифода дода шуд ва ба шарофати ин иқдом мардуми вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони ноҳияи Айнӣ ба орзуи деринаи худ расида, аз азобу машаққати роҳ бахусус дар фаслҳои тирамоҳу зимистон раҳоӣ ёфтанд. Инчунин бо бунёди хати интиқоли барқи 500 - киловолтаи “Ҷануб-Шимол” ва зеристгоҳи барқии 220 - киловолта мушкилоти таъминоти аҳолии ноҳия бо неруи барқ ҳаллу фасл гардид.
Албатта, ҳамаи ин корҳои бузург самараи соҳибистиқлолии давлатамон буда, хурду бузургро вазифадор месозад, ки шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, доим ҳушёру зирак бошанд, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро эҳтиёт намоянд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлати соҳибихтиёр тарбия кунанд.
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки соли оянда барои Тоҷикистони азизи мо соли бисёр муҳим хоҳад буд, яъне мову шумо 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамонро таҷлил хоҳем кард. Аллакай дар саросари мамлакат корҳои омодагӣ ба таҷлили шукӯҳманди ин ҷашни мубораки миллӣ шурӯъ гардидаанд. Ба ифтихори ин санаи муҳим ҳар фарди бонангу номуси Ватан бояд ба раванди созандагиву бунёдкории сарзамини аҷдодиамон бо дили гарм ва фаъолона саҳм гузорад.
Итминони комил дорам, ки мардуми заҳматкаш ва бофазлу соҳибмаърифати ноҳияи Айнӣ бо фазилатҳои неку шоистаи худ, бо ҳиммати баланд ва садоқатмандии хеш ба Ватану миллат ин сол ва соли ояндаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, ҷашни мубораки 25-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистонро бо беҳтарин туҳфаҳои идона истиқбол хоҳанд гирифт.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҷашни 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, бунёди маҷмааи ин шоири шаҳир ва Қасри фарҳангро ба кулли сокинони ноҳияи Айнӣ самимона табрик гуфта, бароятон саодату сарбаландӣ, рӯзгори обод ва барори кор мехоҳам.
Дар охир пешниҳод менамоям, ки ба хотири гиромидошти номи неки Нақибхон Туғрал Қасри фарҳанги ноҳия ба номи ӯ гузошта шавад.
Доим саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.10.2015 №: 209 Мутолиа карданд: 1543