logo

сафарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "МО БО ШУМО - МАРДУМИ МЕҲНАТҚАРИН ИФТИХОР ДОРЕМ"

Ифтитоҳи Маркази таълимӣ - фароғатии ВКД дар ноҳияи Шаҳристон
Субҳи 19 - уми октябр, дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ - фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ намуд.
Марказ дорои тамоми шароити зарурӣ буда, барои ба таълиму фароғат фаро гирифтани 500 нафар пешбинӣ шудааст.
Маркази таълимӣ - фароғатӣ барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар масоҳати 12 гектар бунёд ёфта, дар он майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол, ҳаммом, ҳавзҳои шиноварӣ ва анбор бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, инчунин 8 бинои таълимии дуошёна, маҷлисгоҳ, ошхона бо 150 ҷойи нишаст, меҳмонхона, амфитеатр, машқгоҳи саҳроӣ ва ҷойи тирпаронӣ мавҷуд аст.
Маркази таълимӣ - фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ маблағҳои Вазорати корҳои  дохилӣ  ва  саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст.
Сарвари давлат ба мавқеи ҷойгиршавии марказ, ки дар мавзеи хушбоду ҳаво бунёд шуда, барои машқу тамринҳо дар шароити кӯҳистон мувофиқ аст, баҳои баланд дод.
Фармоишгари он Вазорати корҳои дохилӣ ва паймонкор Раёсати сохтмони асосии ҳамин вазорат мебошад.  
Зимни боздид аз марказ Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим ва дигар имкониятҳои он аз наздик шинос шуда, ҳангоми суҳбат бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои обутоби бадан, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёфтани онҳо, чусту чолокӣ, зиракӣ, далерӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва дигар техникаю муҳимоти ҷангӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Президенти мамлакат изҳор дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии кормандон ҳамаҷониба тадбирҳо андешида шуда, хизмати содиқонаи онҳо қадр карда мешавад. Фақат аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмини тартиботу амният дар ҷомеа талаб мегардад.
Сарвари давлат ба иқдоми раёсати вазорат ва соҳибкорон барои бунёди чунин маркази замонавии таълимӣ изҳори сипос намуда,  дастур дод, ки аз тамоми шароити марказ, барои тарбияву тавонбахшии кормандон бисёр, пурсамар истифода баранд.

Шаҳраки нави Баҳористон бунёд меёбад
19 октябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Шаҳристон ба шаҳри Истаравшан ташриф овард.
Маросими истиқболи Сарвари давлат дар шаҳри Истаравшан хеле бошукӯҳ ва самимӣ, бо иштироки шумораи зиёди сокинон, баргузор шуд. Дар ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ва кушодани хати обрасонӣ дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки нави Баҳористон барои 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ иштирок кард.
Нақшаи генералии шаҳраки Баҳористон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан таҳия гардида, аз тарафи шӯрои шаҳрсозии Агентии меъморӣ ва сохтмон қабул шудааст.
Дар ҳудуди шаҳраки Баҳористон ба 3630 оилаи эҳтиёҷманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, коттеҷҳо ва биноҳои баландошёна қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудаанд. Умуман, дар шаҳраки Баҳористон мутобиқи нақшаи генералӣ бунёди бинои маъмурии шаҳрак, 1 беморхона, 2 дармонгоҳ,  4 мактаб, 3 варзишгоҳ, 2 ҳаммом, бозор, истгоҳи нақлиёти мусофиркаш, дар майдони 3 гектар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 3 боғчаи бачагона, 70 хонаи баландошёна, 98 коттеҷ ва дар ошёнаи якуми биноҳои баландошёна нуқтаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст. Барои рушди соҳибкорӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар шаҳрак бунёди минтақаи истеҳсолӣ низ дар нақша аст.
Кӯчаи асосии шаҳрак бо дарозии умумии 1 километр мумфарш шуда, новаҳои обгузар хобонида, хати барқ ва лӯлаи оби нӯшокӣ гузаронида шудаанд. Лоиҳаи таъминоти оби нӯшокии шаҳраки Баҳористон бо маблағи 5 миллион сомонӣ амалӣ гардида, то ин рӯз ду чоҳи амудӣ кофта, ба истифода омода шудааст ва хатҳои лӯлаи  400 мм. ба масофаи 2,4 километр кашида шудаанд. Сохтмони ду ҳавзи захиравии оби нӯшокии ҳаҷмаш 1500 метри мукааб низ ба итмом расидааст.
Зимни шиносоӣ бо нақшаи асосии шаҳраки Баҳористон Президенти мамлакат таваҷҷуҳи масъулони мақомоти шаҳри Истаравшан, ноҳияи Ғончӣ ва бинокоронро ба иҷрои корҳои босифат ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки ин шаҳрак бояд мутобиқ ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ хеле зебо бунёд гардад ва дар ҳақиқат ба як маркази маъмурии нав табдил ёбад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди фаъолону сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ, ки барои мулоқот бо пешвои хеш ҷамъ омада буданд, сухан ронд.
Сарвари давлат нахуст ба кулли сокинони заҳматқарини шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ барои талошҳои созанда дар роҳи ободии Ватани маҳбуб, инчунин барои  пазироии самимии  Роҳбари давлат, ки баёнгари эҳсоси гарми ватандӯстиву ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар мебошад, арзи сипос намуд.
Президенти мамлакат дар бораи ҳадафҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии мардум андеша ронда, изҳор дошт, ки дар доираи қарорҳои Ҳукумати мамлакат тайи солҳои 2010-2015 дар вилояти Суғд 78 ҳазор оилаи эҳтиёҷманд, яъне қариб 500 ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳо соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гардида, шароити зисти худро беҳтар кардаанд.
Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Истаравшан, Ғончӣ, Ашт, Қайроққум, Чкалов ва Мастчоҳ мисли дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат хеле афзуда, зарурати бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо биноҳои бисёрошёнаи муосир ба миён омадааст.
Бунёди шаҳракҳои нав имконият медиҳад, ки заминҳои бекорхобида аз худ карда шуда, оилаҳои ниёзманд дар баробари бунёди манзили истиқоматии нав соҳиби замини корам ва боғу токзор гардида, бо шуғли доимӣ ва даромади хуб таъмин гарданд.
Ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар низ дар ин самт ба он нигаронида шудааст, ки тавассути истифодаи самараноку мақсадноки обу замин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида аҳолӣ ҳарчи бештар ба шуғл ҷалб гардида, барои онҳо шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шавад.
Сарвари давлат, бо истифода аз фурсат, дар назди ҳозирон дар бораи вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, амалҳои номатлуб, гаравидани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷинояткор, нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки вазифаи ҳамаи мост, ки мардум ва, хусусан, наврасону ҷавононро аз вазъи пурмоҷарову пурҳаводиси ҷаҳон хабардор созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем ва ба қадри сулҳу суботи кишвар расем.
Ҳар яки мову шумо бояд зиракиву ҳушёрӣ ва эҳтиром кардану ҳифз намудани манфиатҳои миллату давлатро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур накунем, таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти мамлакат бо итминон иброз дошт, ки дар ояндаи наздик сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ бо заҳмати аҳлона шаҳраки Баҳористонро ба диёри ободу зебо ва биёбони дирӯзаро ба гулистон табдил хоҳанд дод.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён ва дар шахси онҳо ба кулли сокинони вилояти Суғд хонаи обод, баракати рӯзгор ва барори кор орзу намуд ва таъкид кард, ки мо бо шумо, мардуми меҳнатқарин, ифтихор дорем.
Баъди суханронии Сарвари давлат намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, ба пешвои ғамхори хеш Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ва дигар заҳматҳои шабонарӯзӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Оғози корҳои обёрӣ дар ноҳияи Ғончӣ
19 - уми октябр, сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ғончӣ идома ёфт. Дар даромадгоҳи ноҳия сокинон пешвои миллатро бо нишони возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорӣ ва созандагӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Ғончӣ Президенти мамлакат нахуст ба корҳои обёрии 12 ҳазор гектар замини лалмӣ ва чарогоҳ оғоз бахшид.
Лоиҳа аз тарафи филиали Корхонаи воҳиди давлатии Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» омода гардидааст. Татбиқи навбати аввали он бо маблағгузории 15 миллион сомонӣ аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ғончӣ соли 2016 оғоз мегардад.
Дар ду марҳила ҳамагӣ ба маблағи 67 миллион сомонӣ 12 ҳазор гектар заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳи деҳоти Ростровут, Ваҳдат, Муҷун, Яхтан, Ғазантарак ва шаҳраки Ғончии ноҳияи Ғончӣ обёрӣ шуда, аҳолии шаҳраки Ғончӣ, деҳоти Даҳқат, Хишекат, Қалъаи Дӯст, Қалъаи Мирзобой, Чӯянчӣ, Нуробод, дар маҷмӯъ 110 ҳазор нафар, бо оби нӯшокии хушсифат таъмин карда мешаванд. Бо татбиқи ин лоиҳа дар ин ҷо 12 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд. То охири соли 2016 бошад, 5800 гектар замини лалмӣ ва чарогоҳи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бо оби кишоварзӣ таъмин карда мешаванд.
Лоиҳа бо усули обёрии худҷорӣ амалӣ гардида, бе истифодаи қувваи барқ ба масофаи умумии 31 километр, аз он дар марҳилаи аввал 10,8 километр бо лӯлаҳои қутраш 1200 ва 750 мм кашида мешавад.
Дар давраи зимистон бошад, оби аз Даҳкатсой гирифташуда, ба обанбори Даҳанасой партофта шуда, иқтидори лоиҳавии обҷамъкунӣ ва обнигаҳдории обанбор дар маҷмӯъ 45 миллион метри мукаабро ташкил хоҳад дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба масъулони соҳа барои иҷрои пурсамари корҳо ва истифодаи оқилонаи обу замин дастур дод.
Ба андешаи Президенти мамлакат обёрии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани майдонҳои бекорхобида яке аз омилҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мегардад. Аз ин рӯ, ин мақсад бояд аз мадди назар дур намонад.
Обёрии заминҳо ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бошад, кишварро барои расидан ба ҳадафи стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ наздик месозад.

Биноҳои дуошёнаи истиқоматӣ барои афсарон
Дар ноҳияи Ғончӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар фазои тантанавӣ ду бинои дуошёнаи истиқоматиро дар деҳаи Қалъачаи Азими Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ ба афсарони дидбонгоҳи сарҳадии рақами «Н» тақдим намуд.
Биноҳои истиқоматии дуошёна, ки бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтаанд, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 аз ҷониби шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохта шудааст. Фармоишгар - Бонки миллии Тоҷикистон ва паймонкор Ширкати сохтмонии “Каскад Хуҷанд” мебошад, ки сохтмонро ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба анҷом расондааст.
Биноҳои истиқоматӣ бо маблағи 9,6 миллион сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудаанд. Дар ин ҷо 24 оилаи афсарони қисми низомӣ, ки дар ҳифзи амнияти сарҳад ва сулҳу осоиштагии кишвар саҳмгузор ҳастанд, бо манзил таъмин гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити зисти ин манзилҳо ба афсарони хуштолеъ ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳоро супурд ва афсаронро ба хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан ва таъмини сулҳу суботи он даъват намуд.
Ба хотири таъмини шароити хуби зист, баъди бунёди бино, манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин карданд. Ҳамзамон дар қисми поёнии биноҳо толори варзишӣ бо лавозимоти зарурӣ, хонаи шустушӯи либос, мағозаи фурӯши маҳсулоти рӯзмарра ҷойгир карда шудаанд.
Дар баробари ин, барои беҳтар намудани таъмини оби нӯшокӣ дар назди хонаҳои истиқоматӣ қитъаи замин ҷудо шуда, чоҳи амудии нав ва ҳавзи захиравӣ ба истифода супурда шуд. Бинокорон аз 1,5 километр хати оби нӯшокӣ кашиданд.

Шиносоӣ бо фаъолияти шоликорон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар аз ноҳияи Ғончӣ ба сӯи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сари роҳ бо фаъолияти шоликорони ботаҷриба шинос шуда, бо деҳқонон суҳбати самимӣ доир кард.
Тавре аз таҳлилу мушоҳидаҳо аён гашт, кишоварзони вилояти Суғд дар парвариши шолӣ таҷрибаи бой андӯхта, бо кишти навъҳои серҳосил ва хушсифату бозоргири ин намуди зироат пешсаф ҳастанд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Дилшод»-и ноҳия, ки дар масоҳати 4 гектар навъи серҳосил ва хушмазаи «Кенҷа»-ро кишт кардаанд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шоликорон дар бораи истифодаи замин, зиёд кардани тухмиҳои аълосифат, киштгардону баланд бардоштани ҳосилнокии замин, кор бо мутахассисони навъсанҷӣ, мутобиқсозии намудҳои хуби шолӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулот, омӯхтани таҷрибаи дигар шоликорони кишвар ва хориҷ, инчунин содироти он, суҳбат орост.
Дар хоҷагии деҳқонии «Дилшод» аз ҳар гектар замини шолӣ 50 - сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд ва аз рӯи маълумоти онҳо навъҳои аз ин ҳам серҳосил мавҷуданд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хоҷагиҳои пешқадами дигар низ ҳастанд, ки ба шоликорӣ машғуланд. Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулов 140 гектар замин, хоҷагии деҳқонии ба номи Раҳмон Набиев дар 160 гектар, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Парандапарвар» дар масоҳати 20 гектар ба парвариши шолӣ ва дигар навъи зироат машғул буда, бозорҳои ноҳияву вилоятро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамоянд.
Дар охири суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шоликорон дар кори пуршарафи деҳқонӣ, ки бо меҳнати ҳалол маҳсулот истеҳсол мекунанд, барору комёбӣ орзу кард.

Ифтитоҳи хати нави интиқоли барқи Қайроққум - Ашт
Нимаи дуюми 19-уми октябр сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома ёфт.
Дар оғози боздид аз ин ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳия хати нави интиқоли барқи “Қайроққум-Ашт” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум - Ашт» аз тарафи Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ шудааст.
Фармоишгарони лоиҳа «Маркази иҷрои лоиҳаҳои бахши электроэнергетикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи  «Барқи Тоҷик» мебошанд. Паймонкор ширкати «Калпатару»-и Ҳиндустон аст.
Лоиҳа корҳои сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум - Ашт», навсозии зеристгоҳи «Қайроққум» ва зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ «Ашт»-ро дар бар гирифта, маблағи умумии он ба 11, 2 миллион доллари ИМА мебошад.
Масофаи умумии хати нави интиқоли барқи «Қайроққум-Ашт» 74,3 километр буда, бо насби 181 сутунпоя он ноҳияи Аштро бевосита ба ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат пайваст карда, барқро аз Неругоҳи барқи обии шаҳри Қайроққум ба сокинони Ашт мерасонад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди хати нави интиқоли барқро ба сокинон ва ҳозирон  муборакбод гуфта, ба бинокорон барои иҷрои ин кори муҳим баҳои баланд дода, мардумро ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳидоят намуд.

Шиносоӣ бо вазъи роҳҳо
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард.
Сарвари давлат дар роҳи сафар ба вилояти Суғд аз ҳолати роҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Чкалов, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроққум бевосита шинос шуд.
Аз ҷумла, дар як қитъаи роҳи мошингарди навбунёди Айнӣ-Панҷакент Президенти мамлакат шахсан пушти чамбари мошин нишаста, сифати ин роҳро аз назар гузаронда, ба самараи кори роҳсозони тоҷику чинӣ баҳои баланд дода, зикр кард, ки камбудиҳои ҷузъӣ дар роҳи Айнӣ-Панҷакент вуҷуд доранд, вале азбаски муҳлати сохтмони ин роҳ ҳоло анҷом наёфтааст, нуқсони ҷойдошта бартараф мегарданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба вилояти Суғд аз нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» убур карда, ба сифати корҳое, ки барои такмили пурраи нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, баҳои баланд дод.
Сарвари давлат доир ба бартараф намудани камбудиҳое, ки дар роҳҳои дигари шаҳру ноҳияҳои номбаршуда муайян гардиданд, ба масъулони маҳаллию ҷумҳуриявӣ супоришҳои мушаххас дод.


Шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов ва ифтитоҳи майдони футболи хурд
Субҳи 20 октябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалов бо фаъолияти ҷамъияти маъюбон шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи майдони футболи хурд иштирок кард.
Сарвари давлатро дар ин ҷо аъзои ҷамъият гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсули дасти маъюбон шинос шуда, ба кори онҳо баҳои баланд дод. Маъюбон ҳунари қолинбофӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ ва дигар маводу ашёи зарурии рӯзгорро ба маъраз гузоштанд. Президенти мамлакат изҳор дошт, ки ба ҳунар сарукор гирифтани маъюбон ин на танҳо касб, балки як намуди табобат аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои омӯзиши бозори истеъмолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти серталаб ҳидоят намуда, ба роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо барои ёрӣ ба онҳо дар ин кор супориш дод. 
Бинои ташкилот аз ду ошёна иборат буда, дорои 30 ҳуҷра ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст бо шароити мусоид мебошад.
 Аъзои  Ҷамъияти маъюбони  шаҳри  Чкалов беш аз 300 нафар буда, 20 нафар  кӯдакони маъюби то синни 18 мебошанд. Аз моҳи августи соли 2015 дар ин ҷо сохтмони майдончаи футболи хурд дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба роҳ монда шуд. Барои сохтмони майдончаи варзишӣ ва таъмири бинои ҷамъият дар маҷмӯъ беш аз 600 ҳазор сомонӣ сарф гашт.
Сарвари давлат бо гурӯҳи варзишгарони маъюб акс бардошта, бо онҳо дар  майдони навбунёд футбол бозӣ кард.
Ба намояндагони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ки чунин як майдони зебо сохтаанд, изҳори сипос намуда, онҳоро барои ҳамкории минбаъда бо ҷамъияти маъюбон ҳидоят кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 100 нафар аъзои ҷамъият сару либоси зимистона тақдим намуд.
Сарвари давлат аз ҳамаи мардуми саховатпешаю савобҷӯ даъват намуд, ки  ба ятимону маъюбон расондани кумакҳои моддию маънавиро зиёд намоянд. Инчунин таъкид кард, ки беҳтарин кор хайру садақа ба ниёзмандону ятимон мебошад ва манфиати чунин амалҳои савоб садҳо маротиба аз тӯю маъракаҳои серхароҷот, ки ҳадафи асосиашон зоҳирпарастӣ  мебошад, хубтар аст.
Зимни боздид аз ин марказ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зисти бошандагон шинос шуда, аз кормандон масъулияти ҷиддиро барои нигоҳубини маъюбон талаб кард.
Табақаи ниёзманд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дорад. Пешвои миллат ва Роҳбари раъиятпарвар Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба онҳоро самти асосии сиёсати иҷтимоии давлат қарор додааст.
Сокинони ин ҷо дар навбати худ ба Роҳбари ғамхору мушфиқ Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи ҳамаҷониба изҳори сипос карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ҷамъият ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дастур дод, ки  барои  бо   ғамхорӣ   фаро гирифтани маъюбон аз тамоми имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат истифода баранд.
Расондани ёрӣ барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва шароити дигари будубоши маъюбон минбаъд низ идома дода мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2015    №: 210    Мутолиа карданд: 12994
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед