logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 21 октябри соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони арҷманд!
Мо дар доираи сафари навбатии корӣ ба вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Айнӣ, Панҷакент, Ғончӣ, Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, тасмим гирифтем, ки имрӯз бо шумо - роҳбарону масъулон ва намояндагони аҳли ҷомеаи вилоят оид ба вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо мулоқот доир намоем.
Бояд зикр намуд, ки дар давоми як соли охир вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ босуръат тағйир ёфта, равандҳои манфии глобалӣ ба рушди аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир расонида истодаанд. Бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна Ҳукумати кишвар тавонист, ки дар давоми солҳои 2005-2015 иҷрои нишондиҳандаҳои барномаҳои қабулкардаи худ ва дар маҷмӯъ рушди устувори иқтисодиёти миллиро таъмин намояд.
Дар чунин шароит, яъне дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, моро зарур аст, ки барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои мавҷуда, аз ҷумла дар самти истифодаи захираҳои табиии кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ватанӣ, коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон пайваста чораҷӯӣ намоем.
Боиси қаноатмандист, ки дар вилояти Суғд дар заминаи дастуру супоришҳои додашуда иқдому ташаббусҳои неки созанда сол ба сол вусъат пайдо намуда, дар ин асос рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят таъмин шуда истодааст.
Дар давоми 10 соли охир дар доираи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015 ҷиҳати сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мавҷуда, пулу нақбҳо, корхонаҳои истеҳсоливу коркард, афзоиши истеҳсоли неруи барқ ва кашидани хатҳои интиқоли он, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоии вилоят чандин лоиҳаҳои муҳиму афзалиятнок татбиқ карда шудаанд.
Дар натиҷаи амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҳукумати кишвар муяссар шуд, ки тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва тадриҷан афзоиш додани буҷети давлатӣ ба беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд муваффақ гардад.
Танҳо дар 10 соли охир қисми даромади буҷети вилоят аз 223 миллион сомонӣ то ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шудааст. Дар давоми солҳои 2005 – 2015 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти вилояти Суғд беш аз 13 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин давра бақияи умумии пасандозҳои аҳолии вилоят дар бонкҳо беш аз 7 баробар зиёд шуда, қариб ба 1 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин аз баланд шудани некуаҳволӣ ва дар айни замон афзоиши эътимоди мардум ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Пасандозҳои сокинони вилоят соли ҷорӣ низ афзоиш ёфта, ба ҳолати аввали октябр 1 миллиарду 150 миллион сомониро ташкил додаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 дарсад зиёд мебошад. Инчунин, дар 10 соли охир маҷмӯи даромадҳо ба ҳар сари аҳолии вилоят аз 867 сомонӣ то ба 4750 сомонӣ афзоиш ёфтааст, яъне 5,5 баробар зиёд шудааст. Аз ҷониби дигар, аҳолии вилояти Суғд дар замони истиқлолият 820 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Яъне дар ин давра аҳолии вилоят аз 1 миллиону 680 ҳазор нафар қариб ба дуюним миллион нафар расидааст. Албатта, ин ҳама аз баракати истиқлолият ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Дар баробари ин, зиёдшавии аҳолӣ боиси афзоиши талаботи иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла талабот ба маводи хӯрока, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, шароити манзиливу хизматрасониҳои коммуналӣ, неруи барқ ва монанди инҳо мегардад. Бинобар ин, роҳбарони сохтору идораҳои давлатиро зарур аст, ки доир ба ҳалли масъалаҳои дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва банақшагирии таъмини талаботи рӯзафзуни аҳолии мамлакат чораҳои мушаххас андешанд.
Тавре маълум аст, таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва байналмилалии давлат аз таъмини саривақтӣ ва сифатноки нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ, аз ҷумла воридоти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, масъулони тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғдро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи қабулшудаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, идораи самараноки амволи давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва ба ин восита зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет ва пардохти саривақтии музди меҳнату нафақа пайваста чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, роҳбарияти вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳоро зарур аст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самтҳои зикршуда сари вақт бартараф намуда, рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, инчунин афзоиши қисми даромади буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва муътадил нигоҳ доштани вазъи маблағгузории буҷетро таъмин созанд.
Тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии  вилоят  дар мадди назари доимии Роҳбари давлат қарор дошта, барои таъмини пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят ва иҷрои барномаҳои минтақавии рушд дар буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 – 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 4,6 миллиард сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Инчунин, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорони ноҳияҳои дурдаст ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти махсус медиҳад.
Дар натиҷаи чунин таваҷҷуҳ ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд додашуда дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 2,1 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 дарсад зиёд мебошад. Пешниҳоди қарз дар вилоят торафт афзоиш ёфта, соли 2014 ба 3,1 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 2006-ум 6,6 баробар зиёд мебошад.
Дар шароити кунунӣ маблағгузорӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ ва ривоҷ додани бахши воқеии иқтисодиёти кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо соли гузашта ҷиҳати дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ дар вилоят 1,7 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 56 дарсади ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил дода, дар муқоиса бо соли 2005-ум 10 баробар зиёд мебошад.
Дар иртибот ба ин, ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии мамлакат тавсия дода мешавад, ки минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати рушди низоми бонкӣ равона сохта, доир ба содагардонии расмиёти қарздиҳӣ, афзунсозии маблағгузориҳои қарзӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Суғд танҳо дар 7 соли охир 2,3 баробар зиёд гардида, аз ҷумла содироти молҳо 2,8 баробар афзоиш ёфта, соли 2014 450 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Вале таносуби манфии савдои хориҷӣ то ҳол хеле калон буда, воридоти молҳо нисбат ба содироти он 4,5 баробар зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки вилояти Суғд дорои неруи бузурги содироти молҳо, аз ҷумла меваю сабзавот ва маҳсулоти саноатӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии сиёсати воридотивазкунанда ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳои истеҳсоли ватанӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад. Инчунин, татбиқи саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва рушди соҳаҳои занбӯриасалпарвариву парандапарварӣ, боғу токпарварӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами фаъ-олияти ҳаррӯзаи роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти дахлдор мебошад.
Дар шароити муосир ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисоди миллӣ омили асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати рушди шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо дарназардошти вусъат бахшидан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ ва беҳтар намудани бахши соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар солҳои охир барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии 14 шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳия ва тасдиқ гардидаанд.
Дар доираи ин барномаҳо татбиқи қариб дуюним ҳазор лоиҳаҳои афзалиятнок ба маблағи умумии 3 миллиарду 750 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ҷумла то аввали соли ҷорӣ ба маблағи 905 миллион сомонӣ лоиҳаҳо амалӣ карда шудаанд, ки ба 24 дарсади маблағҳои умумии барномаҳо баробар аст.
Дар доираи барномаҳои қабулшуда, бунёд гардидани 380 корхонаву коргоҳҳои хурду миёна барои беш аз 8 ҳазор ҷойи корӣ, беҳтар гардидани ҳолати 6450 километр роҳҳо, мавриди истифода қарор гирифтани 59 иншооти гуногуни соҳаҳои тандурустиву сохтмон, таъмиру азнавсозии 163 иншооти соҳаи маориф, 44 иншоот дар соҳаи фарҳанг ва аз худ гардидани 330 гектар заминҳои нав аз натиҷаҳои хуби бадастомада гувоҳӣ медиҳанд.
Дар қаламрави вилояти Суғд тайи даҳ соли охир дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, обрасонӣ, нақлиёту энергетика, хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва гумруку андоз 45 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз он 33 лоиҳа ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, айни замон татбиқи 12 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми беш аз 750 миллион сомонӣ идома дорад. Илова бар ин, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо мақсади рушди иқтисодиёти вилоят ба маблағи 656 миллион сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифтааст, ки 429 миллион сомонӣ ё 66 дарсади онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ солҳои 2005-2015 дар вилояти Суғд силсилаи корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла бунёди 406 километр хатҳои интиқоли барқ, сохтмону барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани се зеристгоҳи барқӣ, таҷдиди шабакаи барқии шаҳри Хуҷанд, насби трансформаторҳои пуриқтидор, бунёди неругоҳи хурди барқи обии “Марзич” дар ноҳияи Айнӣ, барқарорсозии шабакаҳои обрасонии шаҳрҳои Хуҷанд, Табошар, Чкалов, Қайроққум, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин сохтмон ва таъмиру таҷдиди нақбу роҳҳо, пулҳои мошингузар ва иншооти дигари иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ карда шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар зарфи даҳ соли охир танҳо дар шабакаҳои энергетикии вилоят ба маблағи беш аз 1,7 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ гардидаанд.
Дар ин давра ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки бо азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чанак, ифтитоҳи нақби Шаҳристон ва анҷоми корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол»  иртиботи нақлиётии вилояти Суғд ва пойтахти кишварро дар тамоми фаслҳои сол таъмин намуда, рафтуомади аҳолиро бамаротиб осону сабук намояд. Ҳамчунин, бо кашидани хати интиқоли барқи баландшиддати “Ҷануб – Шимол” шабакаҳои барқии вилоят ба ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат пайваст карда шуданд.
Аҳамияти лоиҳаҳои амалишуда барои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва вилояти Суғд ниҳоят бузург буда, аз ҷумлаи дастовардҳои бесобиқаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошанд.
Дар баробари ин, ҳоло бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории нав ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ оғоз шудааст, ки асосан ба рушди соҳаҳои нақлиёту энергетика, обрасонӣ ва хоҷагии манзиливу коммуналии вилоят равона гардидааст. Илова бар ин, соли оянда татбиқи лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Хуҷанд - Исфара, ки арзиши лоиҳавии он беш аз 350 миллион сомонӣ (баробар ба 54 миллион доллари ИМА) ва дарозиаш қариб 68 километр мебошад, оғоз мегардад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур инчунин қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом низ азнавсозӣ карда мешаванд. Бинобар ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадоранд, ки барои сари вақт ва самаранок татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки вилоят тамоми имконияту захираҳои мавҷударо сафарбар намоянд.
Ҳозирони гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва ба ин васила тараққӣ додани соҳаи саноат, аз ҷумла саноати коркарди ашёи хоми ватанӣ аҳамияти махсус медиҳад. Зеро ин омили муҳими ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини вазъи муътадили бозори меҳнат ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар мебошад.
Дар натиҷаи амалисозии нақшаву барномаҳои давлатӣ давоми солҳои 2005-2015 дар миқёси вилоят қариб 48 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Вале ин нишондиҳанда ҳоло моро қонеъ карда наметавонад. Аз ин рӯ, вазорату идораҳо, дигар сохтору мақомоти марбута, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки тавассути боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ҷиҳати воридоти техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва тақвият бахшидани истеҳсолоти ватанӣ пайваста чораҷӯӣ намоянд.
Тайи даҳ соли охир дар қаламрави вилояти Суғд зиёда аз 500 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо зиёда аз 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шудаанд, ки ҳоло онҳо ба зиёдшавии ҳаҷм ва номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшаванда мусоидат карда истодаанд. Дар натиҷа имконияти афзоиш додани маҳсулоти воридотивазкунанда муҳайё гардида, ба ин васила ба диверсификатсияи содироти мол замина гузошта шудааст.
Мувофиқи маълумот соли гузашта дар вилоят ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2005 беш аз ду баробар зиёд мебошад. Ба ҳолати аввали сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 2,8 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 574 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин дар ин раванд бо бунёд кардани даҳҳо корхонаву коргоҳҳои коркарди гандум воридоти орд торафт коҳиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли орд дар дохили кишвар зиёд карда шуд.
Соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон низ яке аз бахшҳои зудрушдёбанда ва ояндадори соҳаи саноати вилоят маҳсуб мешавад. Барои рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмон, агар аз як тараф, мавҷуд будани захираҳои калони ашёи хом дар қаламрави вилоят мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар зиёдшавии аҳолӣ ва талаботи афзояндаи мардум ба манзили зист ва дигар иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшидааст.
Дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 100 корхонаву коргоҳҳои нав, ки дорои 1400 ҷойи нави корӣ мебошанд, ба фаъолият шурӯъ намудаанд. Корхонаҳои навтаъсис асосан бо коркарди маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмону хӯрокворӣ машғул буда, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат карда истодаанд.
Мо дар доираи сафари корӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ба фаъолияти як қатор корхонаву коргоҳҳои бузурги саноатӣ ифтитоҳ бахшидем, ки онҳо барои рушди минбаъдаи саноати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент корхонаи муштараки нави саноатӣ ба маблағи 135 миллион сомонӣ ба кор оғоз кард, ки иқтидори коркарди 300 тонна маъдани мису қалъагиро дар як шабонарӯз доро буда, дар он 100 нафар шаҳрванд бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин карда шуд ва коргоҳи дуюми заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан ба фаъолият оғоз кард.
Айни замон дар қаламрави вилоят бунёди корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1500 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1,2 миллион тонна семент дар як сол, комбинати металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1300 ҷойи корӣ босуръат ҷараён дорад. Тадбирҳои зикршуда имконият медиҳанд, ки дар давраи кӯтоҳмуддат иқтидори истеҳсолии саноати вилоят ду баробар зиёд карда шавад.
Муҳимтар аз ҳама, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт барои таъсиси ҷойҳои кори доимӣ, баланд гардидани сатҳи даромад ва имконияти харидории аҳолӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакат нақши муассир мебозад. Аз ин рӯ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо бонкҳои кишвар ва бахши хусусӣ, инчунин бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Дар баробари ин, ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои навтаъсиси истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои кори доимӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Вилояти Суғд дорои захираҳои фаровон дар самти рушди соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, сӯзишворию энергетикӣ, истихроҷи маъдан, кимиё ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон мебошад. Хусусан, захираҳои  бузурги  маъданҳои  нуқраву тилло, сурбу  руҳ,  мису металлҳои дигар, масолеҳи сохтмон, ангиштсанг, нафту газ ва нуриҳои минералӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими таъминкунандаи рушди иқтисодиёти вилоят мебошанд.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тақвияти иқтидори содиротӣ ва дар ин замина таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Солҳои охир дар қаламрави вилоят бо дастгирии Ҳукумати кишвар амалисозии як қатор лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи истихроҷи маъдан оғоз гардидааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо дигар вазорату идораҳои мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони корхонаҳои соҳа вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии лоиҳаҳои оғозшуда ва таъмини нишондиҳандаҳои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Самти дигари рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд,  густариш додани саноати сабук, бахшҳои дӯзандагиву бофандагӣ ва ҳунарҳои дигари мардумӣ буда, бо ин мақсад моҳи июни соли 2014 қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расидааст.
Бори дигар таъкид месозам, ки тақвият бахшидан ба раванди эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ, адрасу атласбофӣ ва омӯзонидани ҳунари қолинбофии дастӣ ба занону духтарони хонашин омили муҳими таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон мебошад.
Дар баробари ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли молҳо дар соҳаи саноати сабук тамоюли пастравӣ дошта, аз 592 миллион сомонии соли 2012 то ба 475 миллион сомонӣ дар соли 2014 кам гардидааст. Дар нуҳмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз 603 корхонаи саноатии вилоят танҳо 346 корхона суръати афзоишро таъмин намуда, 77 корхона умуман фаъолият накардааст.  Дар натиҷа суръати рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта паст гардида, корхонаҳои соҳаи саноати сабуки вилоят ҳамагӣ дар ҳаҷми 223 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки иҷрои саривақтии барномаи рушди саноати сабукро таъмин карда, ҷиҳати пешгирӣ намудани пастравии истеҳсолот ва боз ҳам густариш додани соҳаи бофандагиву дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чораҷӯӣ намоянд.
Солҳои охир дар вилоят дар заминаи татбиқи нақшаву барномаҳои Ҳукумати мамлакат садҳо иншооти гуногуни истеҳсоливу инфрасохторӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ бунёд гардида истодаанд. Ин раванд дар баробари зиёдшавии ҳамасолаи аҳолӣ ва беҳшавии вазъи иҷтимоии сокинони вилоят талаботро ба неруи барқ зиёд карда истодааст. Агар соли 2005 дар вилоят ҳамагӣ ду миллиард киловатт-соат неруи барқ истифода шуда бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2014 ба чор миллиард киловатт-соат расида, ду баробар зиёд гардидааст.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти шабакаи энергетикии вилоят якчанд лоиҳаи калонҳаҷм, аз ҷумла сохтмони хати интиқоли барқи 220 - киловолтаи «Қайроққум – Ашт» ва зеристгоҳи барқии 110 - киловолтаи “Ваҳдат” ба анҷом расида, ҳоло таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум ва бунёди хати интиқоли барқи “Қайроққум - Суғд -500” амалӣ гардида истодааст.
Мо ду рӯз пеш хати интиқоли барқи “Қайроққум-Ашт”-ро ба масофаи беш аз 74 километр, инчунин зеристгоҳи барқии “Ашт”-ро ба истифода супурдем, ки тавассути онҳо ноҳияи Ашт бевосита ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст гардид.
Иқтидори хати мазкур аз ҳаҷми барқи айни замон истифодашаванда се баробар зиёд буда, барои азхудкунии конҳои калони нафту гази ноҳияи Ашт ва даҳҳо лоиҳаҳои дигари иҷтимоиву инфрасохторӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Инчунин бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани зеристгоҳи барқии “Ваҳдат” бо ду трансформатори ҳар кадоме 16 мегаватт дар низоми барқрасонии шаҳри Хуҷанд муҳим буда, интиқоли неруи барқ ва шиддати он хеле беҳтар мегардад.
Ҳамзамон бо ин, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар неругоҳи Қайроққум ду лоиҳаи таҷдиду барқарорсозӣ амалӣ шуда истодааст. Арзиши умумии лоиҳа 1,6 миллиард сомониро ташкил дода, татбиқи он имкон медиҳад, ки дар баробари тамдид намудани муҳлати истифодаи неругоҳ, инчунин иқтидори он аз 126 то 174 мегаватт баланд бардошта шавад, ки аз ин ҳисоб ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ҳамасола боз 420 миллион киловатт - соат неруи барқ дода мешавад.
Хати ягонаи барқи 110 - киловолтаи Панҷакент-Айнӣ, ки солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда буд, барои интиқоли неруи барқ барои истифодабарандагони ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи Айнӣ-Панҷакент бо мақсади беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои водии Зарафшон бо неруи барқ таҳия карда шуд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки интиқоли неруи барқ аз 67 мегаватт то 320 мегаватт афзоиш дода шавад. Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷом додани лоиҳаҳои зикршуда ҳамаи имконияту воситаҳоро сафарбар намоянд.
Дӯстони азиз!
Соли равон бо идома ёфтани ҷараёни сохтмони иншооти бузурги истеҳсоливу иҷтимоӣ, амалӣ намудани тадбирҳо оид ба таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингард, азхудкунии заминҳои нав дар мавзеъҳои Моҳпарӣ ва Сомғору Мирзоработ, обёрӣ намудани заминҳои мавзеъҳои Даштикону Сексарӣ ва эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ба рушди устувори иқтисодиёти вилоят заминаи боэътимод фароҳам овард.
Сохтмони шаҳраки Сайҳун ва оғози бунёди шаҳраки замонавии Баҳористон барои беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Истаравшан, Ғончӣ ва ноҳияҳои атрофи онҳо дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои некбинонаи Ҳукумати мамлакат таҳкурсии мустаҳкам мегузорад. Умуман, аз аввали сол то ба имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 200 иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ба истифода дода шудаанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти муҳим, аз қабили бо об таъмин кардани заминҳои мавзеи Моҳпарӣ дар шаҳри Исфара, бунёди муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ғончӣ, Шаҳристон, бунёди пулҳо, азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ, аз ибтикороти созандаи мардуми вилоят дарак медиҳанд.
Дар робита ба ин, ба сокинони вилоят, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯсту бонангу номус, барои саҳми ватандӯстонаашон дар вусъати раванди созандагиву ободкорӣ миннатдории Ҳукумати мамлакатро баён намуда, итминон дорам, ки ин раванди нек минбаъд тавсеаи бештар пайдо мекунад.
Дар доираи сафари корӣ дар маросими ба истифода додани як қатор иншооти хусусияти иҷтимоиву иқтисодидошта, аз қабили биноҳои истиқоматӣ барои афсарони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар ноҳияи Ғончӣ, Қасри фарҳанг ва Маҷмааи таърихиву фарҳангии Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ иштирок карда, бори дигар эҳсос намудем, ки мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғд бо ифтихори баланди ватандорӣ барои ободии Тоҷикистони азизамон аҳлона заҳмат мекашанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Солҳои охир кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, танҳо соли гузашта дар ҳаҷми 3 миллиарду 670 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2005 1,7 баробар зиёд мебошад.
Ба ҳолати аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи беш аз 3 миллиарду 840 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 108 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки иқтидору имкониятҳои соҳаи кишоварзии вилоят ҳоло ҳам фаровон мебошанд. Махсусан, кишоварзони вилоят имконияти чандин баробар зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила бамаротиб зиёд кардани содироти меваро доранд.
Тибқи маълумот дар доираи амалисозии Барномаи давлатӣ оид ба бунёди боғу токзорҳо дар вилоят 20 ҳазору 400 гектар боғҳои нав бунёд карда шуда, иҷрои нақшаи барқарорсозии боғу токзорҳои мавҷуда ҳамагӣ 90 дарсад таъмин гардидааст. Инчунин, соли ҷорӣ бунёди боғу токзорҳои нав нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардида, ҳамагӣ 45 дарсадро ташкил додааст.
Бинобар ин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода мешавад, ки нақшаи дарозмуҳлати бунёди боғу токзорро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Бунёди инфрасохтори соҳа, яъне сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамон, таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот ва банду басти он ва таъмири роҳҳои дохилихоҷагӣ низ аз омилҳои рушди босуботи соҳа ба ҳисоб мераванд. Аммо ҳалли масъалаи зикршуда ҳоло дар сатҳи паст қарор дошта, боиси талафи маҳсулот гардида истодааст.
Аз ин лиҳоз, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешида, барои аз ноҳияҳои дурдаст харидорӣ ва захира намудани маҳсулот чораҷӯӣ намоянд.
Инчунин, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» вазифадор карда мешавад, ки истеҳсоли гармхонаҳои хурди васлшавандаро бо истифода аз алюминийи ватанӣ ва аз тариқи лизинг ба кишоварзон дастрас намудани онҳоро ба роҳ монад.
Ҳамчунин, ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» супориш дода мешавад, ки барои дастрас намудани техникаи кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияти босамари фонди бозгашти лизингиро таъмин намояд.
Бояд гуфт, ки гарчанде мо ҳамасола барои беҳдошти заминҳои корам аз буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузориву грантҳо маблағҳои зиёд сарф мекунем, вале ҳолати мелиоративии заминҳо ҳанӯз беҳбудии куллиро талаб менамояд.
Бар замми ин, бо сабаби корношоям гардидани пойгоҳҳои обкашӣ дар кишвар беш аз 11 ҳазор гектар замин бо об таъмин набуда, ҳамчун замини обӣ андозбандӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд майдони чунин заминҳо 3100 гектарро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ислоҳи чунин вазъият Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вазифадор карда мешавад, ки ислоҳоти идоравии соҳаро пурра ба итмом расонида, ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогардида, таъмини фаъолияти пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ, дарёфти механизми пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ва маблағҳои барқ чораҳои зарурӣ андешад.
Аз ҷониби дигар, таҳлили вазъи пахтакорӣ дар вилоят нишон медиҳад, ки ин самти муҳими соҳаи кишоварзӣ торафт паст рафта истодааст. Дар давоми 10 соли охир майдони заминҳои кишти пахта аз 86 ҳазор гектар то 43 ҳазор гектар, яъне ду баробар кам шудааст.
Бинобар ин, ба Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷо бо масъулини хоҷагиҳои деҳқонӣ зарур аст, ки доир ба ин масъала чораҳои зарурӣ андешанд. 
Ҳамчунин, масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва вилоятро зарур аст, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоиди соли ҷорӣ ҷиҳати гузарондани кишти тирамоҳӣ, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, бахусус аз худ намудани заминҳои бекорхобида аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, доир ба иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолии кишвар дар тамоми фаслҳои сол тадбирҳои пайваста андешанд.
Дӯстони гиромӣ!
Ба туфайли фазои орому осоишта ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар сол ба сол сатҳи зиндагии мардум боло рафта, боиси мунтазам афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ гардида истодааст. Аз ин рӯ, бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди вилояти Суғд бо мақсади васеъ намудани маҳалҳои аҳолинишин 12 ҳазору 500 гектар замин барои бунёди манзили зист ҷудо карда шуд. Дар натиҷа қисми зиёди оилаҳои ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ ва манзили нави истиқоматӣ шуданд.
Ҳамчунин дар қаламрави вилоят бо дарназардошти таҷрибаи муосири шаҳрсозӣ шаҳракҳои нав бунёд шуда истодаанд, ки онҳо низ ба беҳтар шудани шароити зиндагии сокинон мусоидат менамоянд. Бовар дорам, ки дар вақтҳои наздик бо бунёд шудани шаҳракҳои наву муосир оилаҳои серфарзанд ва хусусан оилаҳои ҷавон соҳиби замин ва хонаҳои замонавӣ шуда, дар муҳити беҳтару хубтар зиндагӣ хоҳанд кард. Чунонки дар хотир доред, дар арафаи таҷлили Наврӯзи имсола мо ба сохтмони шаҳраки Сайҳун санги асос гузошта будем.
Дар идомаи ин иқдом ду рӯз қабл дар шаҳри Истаравшан бунёди боз як шаҳраки навро бо номи Баҳористон оғоз бахшидем. Масоҳати шаҳрак 440 гектарро ташкил дода, дар он зиёда аз чор ҳазор оила соҳиби заминҳои наздиҳавлигӣ мегарданд ва дар ҳудуди он инфрасохтори зарурӣ бо биноҳои баландошёна бунёд карда мешаванд. Соли дуюм аст, ки дар вилоят барномаи “Соли роҳҳои обод” роҳандозӣ мешавад. Бо амалисозии ин барнома ҳолати беш аз 6 ҳазор километр роҳҳои маҳаллии ҳудуди вилоят беҳтар карда шуд.
Дар иртибот ба ин, ба кулли сокинони сарбаланди вилоят, соҳибкорони саховатманд ва дигар шахсони олиҳиммат, ки ба чунин иқдомҳои шоёни таҳсин  даст  мезананд,  миннатдории  самимии худро баён менамоям.
Ҳамзамон бо ин, роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки фаъолияташонро дар ин самт тақвият бахшида, якҷо бо соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланду бонангу номус ҷиҳати ободонии шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин бештар талош намоянд.
Ҳозирони арҷманд!
Босуръат идома пайдо кардани бунёду нав-созии иншооти соҳаи маориф барои дар шароити муосир таҳсил намудани насли ояндасози Ватан ва кору фаъолияти босамари кормандони соҳа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Зеро дар ҷараёни таҳкими давлатдории миллӣ омода кардани мутахассисони соҳибкасб ниҳоят муҳим буда, Ҳукумат аз ҳамин нуқтаи назар ба рушди соҳаи маориф ва ислоҳоти соҳа дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аҳамияти махсус медиҳад, ки амалисозии ин раванд аллакай самараи дилхоҳ дода истодааст.
Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки солҳои охир завқи наврасону ҷавонон ба таҳсил, азбар намудани маълумоти муосир, технологияҳои пешқадам ва сатҳу сифати омӯзиши забонҳои хориҷӣ хеле боло рафтааст.
Бо вуҷуди ин, шароити кунунӣ аз ҳамаи мо, хусусан аз аҳли маориф тақозо дорад, ки барои рушди соҳаи маорифи мамлакат ва дар ин асос таъмин намудани пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамон азму талоши бештар ба харҷ диҳанд.
Соли равон дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо бунёд ва таъмири зиёда аз 100 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 26 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти соҳа идома доранд.
Дар давоми 10 соли охир тавассути ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ дар вилояти Суғд барои беш аз 41 ҳазор хонанда мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ, беморхонаҳо барои 924 кат ва дармонгоҳҳо барои қабули 995 нафар дар як баст сохта, ба истифода дода шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар вилоят бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст, падару модарон ва шахсони саховатпешаву аҳолӣ тавассути ҳашар сохтани синфхонаҳои иловагӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Боиси қаноатмандист, ки муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғд ва Бадахшон масъалаи норасоии омӯзгоронро пурра ҳал намудаанд. Акнун мо бояд кӯшиш кунем, ки омӯзгорон мунтазам сатҳи касбии худро баланд бардоранд, аз курсҳои бозомӯзӣ гузаранд, таҷрибаи муосирро аз худ карда, онҳоро дар ҷараёни таълим ҷорӣ созанд.
Яке аз вазифаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар баробари таълиму тарбия инчунин ба хонандагон, хусусан ҷавондухтарон омӯзондани касбу ҳунар ва оини рӯзгордорӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар вилоят ба ин масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар мактабҳо маҳфилҳои рӯзгордорӣ ва қолинбофию адрасбофиро ба роҳ мондаанд, ки шоистаи таҳсину пайравӣ мебошад.
Ҳозирони гиромӣ!
Соли равон барои рушди соҳаи тандурустии вилоят зиёда аз 281 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки назар ба соли 2005 14 баробар зиёд мебошад. Яъне Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд.
Вале бо вуҷуди тадбирҳои амалишуда дар соҳаи тандурустии вилоят ҳоло ҳам масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд, ки масъулони соҳа бояд барои ислоҳи онҳо чораҷӯӣ намоянд. Аз ҷумла, гарчанде ки нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак то андозае кам шуда истодаанд, вале ҷиҳати боз ҳам кам кардани шумораи фавти кӯдакон бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд. Зеро нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то панҷсола танҳо дар соли 2014 қариб 1500 нафар ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ қариб 1000 нафарро ташкил додааст.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят, ки тайи ду-се соли охир мавриди таваҷҷуҳи мақомоти салоҳиятдори соҳа ва иддае аз шаҳрвандон қарор гирифтааст, қонунӣ будани раванди таъйиноти маъюбӣ, таъмини шаффофият ва асоснок муқаррар намудани гурӯҳҳои маъюбӣ мебошад.
Шумораи маъюбон дар вилоят нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба маротиб зиёд мебошад. Гарчанде аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳудуди вилоят ҷиҳати воқеъбинона муайян кардани раванди таъйини маъюбӣ як қатор тадбирҳо амалӣ карда шудаанд, вале то ҳанӯз масъалаи мазкур ҳалли пурраи худро наёфтааст.
Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дақиқ муайян кардани шумораи маъюбон, шаффофу воқеъбинона гузарондани таъйиноти маъюбӣ ва аз байн бурдани ҳама гуна ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар ин самт чораҳои бетаъхир андешанд.   
Инчунин, масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти нуқтаҳои ёрии таъҷилӣ, таъмини онҳо бо нақлиёт ва расондани хизмати аввалияи тиббиву санитарӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамоно боиси нигаронӣ боқӣ мондааст.
Аз ин лиҳоз, ба масъулони соҳа зарур аст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда, таҷҳизоти тиббӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ, беҳтар намудани заминаи моддиву техникии онҳо ва истифодаи самараноки заминҳои ба муассисаҳои тиббӣ вобасташударо таҳти назорат қарор диҳанд.
Дар ин росто, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ чораҳои саривақтӣ андешад.
Дӯстони азиз!
Соли 2015 дар вилоят Соли рушди фарҳанг эълон гардида, бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят васеъ ба роҳ монда шудааст.
Дар аввали соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифтани Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд ва Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои таблиғи бештари арзишҳои миллӣ тавсеа бахшид.
Мо дар оғози сафари кории худ дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ Маҷмааи таърихиву фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва дар маркази ноҳия Қасри фарҳангро ифтитоҳ кардем. Фикр мекунам, ки иқдоми мазкур рӯҳи бузургони миллати моро шод намуда, ҳамзамон бо ин, чунин мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ метавонанд ҳамчун макони сайру саёҳат ба сокинони мамлакат ва сайёҳони хориҷӣ хизмат намоянд.
Мо сиёсати давлатиро дар ин самт идома бахшида, ба қадри хизматҳои аҳли илму адаб ва маорифу фарҳанг ҳамеша мерасем ва онҳоро қадрдонӣ мекунем.
Воқеияти имрӯзаи ҷомеа аз аҳли эҷоду фарҳанг ва зиёиёни кишвар тақозо менамояд, ки ҳарчи бештар дастовардҳои истиқлолиятро васф намоянд, бо ҷомеа наздик бошанд, мардумро дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷ гузоштан ба таърихи дерина ва фарҳанги пурғановати халқамон тарбия кунанд, ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ, сулҳу суботро ситоиш намоянд ва шуҷоату матонати халқи азизамон ва фарзандони бонангу номуси онро мавзӯи эҷоди хеш қарор диҳанд.
Шоистаи зикр аст, ки ҷавонони баору номуси вилояти Суғд мисли ҷавонони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бо азму иродаи қавӣ илму дониш меомӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ мекунанд ва дар раванди пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободу зебо гардондани Ватани аҷдодиамон фаъолонаву бо дили гарм ширкат мекунанд.
Дар баробари ин, бори дигар таъкид менамоям, ки ҷавонони вилоят ташаббускориро аз даст надода, бояд худро аз амалҳои зишт ва ҳамроҳ шудан ба ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ дар канор гиранд.
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки ҷавонони мо доим ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он ҳамеша омода буда, шарафи Тоҷикистони азизамон, амнияти ҷомеаи кишвар, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии онро эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Дар ин раванд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва зиёиёну фаъолонро зарур аст, ки дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва роҳ надодан ба косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон мунтазам ва фаъолона кор кунанд.
Тибқи маълумот дар давраи солҳои 2010 - 2014 ва 8 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд қариб 25 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла 229 ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шуда, сатҳи ошкор намудани онҳо 97 дарсадро ташкил додааст.
Соли ҷорӣ дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ 8 нафар аъзои оилаи Раҳматовҳо, сокинони шаҳри Хуҷанд, ки дар давоми солҳои 2005 - 2013 бо истифода аз силоҳи оташфишон якчанд ҷиноятҳои махсусан вазнини даҳшатангез, аз қабили ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва кушторро бо бераҳмии махсус содир намуда буданд, дастгир карда шуданд.
Аз  ҷониби  ин  гурӯҳи ҷиноятӣ соҳибкорон, сокинони шаҳри Хуҷанд, падару писар Бурҳонов Юлдош ва Бурҳонов Фарҳод бо тасарруф кардани маблағҳои пулии онҳо ба миқдори зиёда аз дусад ҳазор сомонӣ ва аҳли оилаи соҳибкор Бобоев Аҳмадхӯҷа дар ҳайати панҷ нафар бо тасарруф кардани  ҷавоҳирот ба таври бераҳмона кушта шудаанд.
Тайи чанд муддат ошкор нашудани ҷиноятҳои зикршуда дар байни сокинон тарсу ваҳмро ба миён оварда, боиси паҳн шудани овозаҳои зиёд ва ташвиши ҷиддии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардида буд.
Ҳамчунин, дар ин давра 1017 ҷиноят дар самти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ ба миқдори умумии беш аз 2 тоннаву 165 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла зиёда аз 223 килограмм героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Боиси нигаронист, ки аз ин миқдор ҷиноятҳои дар самти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифташуда 383 ҷиноят ё 38 дарсад аз тарафи ҷавонон ва 20 ҷинояти дигар аз ҷониби ноболиғон содир карда шудаанд.
Тибқи маълумот то имрӯз зиёда аз 1100 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла 50 нафар зан ҳамчун гирифтори бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ин давра аз дасти сокинони вилоят 1460 мил силоҳ дарёфт ва мусодира карда шуда, барои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ нисбат ба 42 нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Дар давоми солҳои 2011-2014 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти як қатор сохторҳои давлатии вилоят вобаста ба истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ камбудиҳои ҷиддӣ муайян гардида, аз онҳо 176 миллион сомонӣ зарари моддӣ ба манфиати давлат рӯёнда шудааст.
Ҳамчунин, дар ин муддат дар самти иҷрои қонунгузории андозу гумрук беш аз 4300 қонуншиканӣ ошкор гардида, ба маблағи зиёда аз 202 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлат баргардонда шудаанд, ки 18 миллион сомонии онро андозу пардохтҳои пинҳонкардашуда ташкил медиҳанд.
Ба ҳолати аввали моҳи октябри соли равон бақияи қарзи андоз дар вилоят 172 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки чунин ҳолат аз вазъи ташвишовари соҳа шаҳодат медиҳад.
Дар иртибот ба ин, бори дигар ба тамоми роҳбарону масъулони сохторҳои давлатӣ таъкид менамоям, ки дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ бо масъулияти ҷиддӣ муносибат карда, ҷиҳати иҷро гардидани пардохтҳои андозу боҷи гумрукӣ ва сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, дар навбати аввал омӯзгорону нафақагирон, тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.
Аз таҳлили арзу шикоятҳои сокинони вилоят бармеояд, ки то ҳанӯз масъулон дар масъалаи тақсимоти одилонаи замин ва истифодаи самараноки об ба саҳлангорӣ роҳ дода, дар аксари мавридҳо дар ин самти фаъолияти хеш ба қонуншиканӣ даст мезананд.
Аз ин лиҳоз, масъулону роҳбаронро такроран огоҳ месозам, ки арзу шикояти мардумро воқеъбинона, дар доираи қонун ва дар муҳлати муайяншуда баррасӣ намоед ва имконият надиҳед, ки заминҳои бо қарорҳои Ҳукумат ҷудошуда ғайриодилона тақсим гардида, дар ин самт ба амалҳои коррупсионӣ роҳ дода шаванд.
Доир ба муайян кардан ва ошкор намудани сабабу омилҳои ба ҳаракату равияҳои динии дорои характери экстремистиву ифротгароӣ шомил гардидани ҷавонон, содир кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, иштироки ҷавонони тоҷик дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, муайяну дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб намудани аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.
Дар ин раванд 342 нафар аъзои ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динии характери экстремистидошта, ки дар ҳайати гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бо мақсади барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ, динӣ, даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва амалҳои дигари барои давлату миллат хатаровар фаъолият доштанд, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Айни замон 169 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо аҳли оилаи худ дар урдугоҳҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Сурия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доранд.
Ҳамзамон бо ин, то ҳанӯз 213 нафар сокини вилоят - аъзои ҳизбу ҳаракат ва равияҳои экстремистӣ барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия дар кофтуков қарор дорад.
Дар иртибот ба масъалаҳои зикршуда таъкид менамоям, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолони ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсти кишвар вазифадоранд, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷалби сокинон, хусусан наврасону ҷавонон ба сафи ҳаракату гурӯҳҳои тундгарову экстремистӣ, инчунин дар самти баргардондани ҳамватанон аз кишварҳое, ки дар онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои диниву мазҳабӣ ҷараён доранд, саҳми худро дареғ надоранд. Зеро суботу оромии ҷомеа, пеш аз ҳама, аз муносибати ҳар яки мо алоқаманд аст ва мо набояд ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат бетарафӣ зоҳир намоем.
Ҳамчунин зарур аст, ки бо мақсади таблиғ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳангу мазҳаби бегона, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату ниҳодҳои террористиву экстремистӣ ва амалҳои дигари номатлуб тадбирҳои таъхирнопазир  андешида,  дар  байни  аҳолӣ  ва  хусусан нав-расону ҷавонон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шаванд.
Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати омӯхтани сабаб ва омилҳои воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, густариши ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм чорабинии «Маданияти шаҳрдорӣ» таҳия ва амалӣ шуда истодааст, ки қобили дастгирӣ мебошад. Зарур аст, ки чунин маъракаву чорабиниҳои барои сокинон судманд мунтазам ба роҳ монда шаванд.
Инчунин дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят то ҳол қонунвайронкуниҳо дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба мушоҳида мерасанд. Дар ин ҷода низ аз масъулон тақозо мегардад, ки назоратро ҷиҳати ба мусобиқаи байниҳамдигарӣ табдил наёфтани тӯю маърака ва маросими мотаму азо тақвият бахшанд.
Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсту солимфикри мамлакат, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси вилояти Суғд, минбаъд ба тақдири худ ва ояндаи ҷомеа бетарафӣ зоҳир намекунанд ва барои пешрафти Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Дӯстони арҷманд!
Дар ҳар як сафари кориям ба вилояти Суғд аз муваффақияту дастовардҳои сокинони вилоят, заҳмату талошҳои фаъолони он шод гардида, ба ҳар кадоми шумо ва ба ҳамаи шаҳрвандони вилоят изҳори ташаккур менамоям.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланд ва бонангу номуси вилояти Суғд суръати ободкориву созандагиро минбаъд дучанд афзуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани муқаддасамон саҳми муносиб мегузоранд ва бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни фархундаи 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омода гардида, ба истиқболи шоистаи ин ҷашни бузурги миллиамон боз даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти ҷашнӣ ҳиссаи ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Ман ба нангу номус, масъулиятшиносӣ ва ҳисси миллии ҳар як сокини вилоят бовар дорам ва умедворам, ки мо соли оянда низ шоҳиди дастовардҳои тозаи мардуми ободкору ватандӯсти он мегардем.
Дар фарҷом ба ҳамаи шумо – ҳозирони арҷманд ва тамоми мардуми сарбаланди вилоят дар роҳи иҷрои ҳадафҳои миллӣ ва истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барори кор орзумандам.
Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед, дӯстони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2015    №: 212    Мутолиа карданд: 1520
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед