logo

энергетика

Агар барқ хомӯш шавад... ба куҷо ва ба кӣ бояд муроҷиат кард?

Бояд тазаккур дод, ки истифода аз қувваи барқ дар навбати аввал сарфакорӣ, эҳтиёткорӣ ва риояи дурусти қонуну қоидаҳоро тақозо менамояд. Мутаассифона, аҳолӣ ва кормандони баъзе идораю муассисаҳо аз рӯи маслиҳати мутахассисон амал намекунанд ва аз сабабҳои надонистан, нодуруст ва ғайриқонунӣ истифода бурдани асбобҳо, симҳо ва таҷҳизоти барқӣ ба ҳодисаҳои нохуш мувоҷеҳ мегарданд. Аз истифодаи нодурусти ноқилҳо, ки беиҷозат васл шудаанд, ҳодисаҳои нохуш, аз қабили сӯхтор сар мезанад. Мутахассисон ва коршиносон қисме аз сӯхторҳои дар бозору мағозаҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти истеҳсолӣ ба вуқӯъ пайвастаро, ки боиси нобуд шудани амволи шаҳрвандон ва ташкилоту корхонаҳо гардидааст, дар нодуруст истифодабарии қувваи барқ муайян кардаанд. Ташхисҳо нишон доданд, ки аз амали ғайриҳирфаии шахсони алоҳида теъдоди бештари сӯхтор ва садамаҳо ба амал омадаанд.
Ин як тарафи масъала аст. Тарафи дигари он ҳолатҳое мебошанд, ки зимни хомӯш шудани барқ, аз кор баромадани асбобҳои хона ва ё садама дар трансформаторҳо шаҳрвандон ба кӣ муроҷиат намудан ва  аз куҷо мадад пурсиданашонро намедонанд?
-Дар ҳама ҳолат расонидани ёрии саривақтӣ, гузаронидани корҳои пешгирӣ аз садамаҳо вазифаи коркунони мост, -гуфт зимни сӯҳбат Саидаҳмад Додов, муовини директори Шабакаи барқии шаҳри Душанбе. -Аз моҳи апрели соли 2008 ин ҷониб бо дастгирии роҳбарияти ШСХК «Барқи тоҷик» ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар  4 ноҳияи шаҳри Душанбе шабакаҳои барқии ноҳиявӣ ташкил шудаанд, ки ҳадаф аз созмон додани онҳо ҳарчи зудтар бартараф сохтани садамаҳо ва бо барқ беҳтар таъмин кардани аҳолӣ мебошад. Илова бар ин вобаста ба супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ ва қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ба зимистони солҳои 2009-2010 дар шабакаи барқии мо нақшаи чорабиниҳои махсуси ташкилию техникӣ тартиб дода, бо муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансур мувофиқа карда аз тарафи раиси ШСХК «Барқи тоҷик» низ тасдиқ шудааст. Тибқи нақша бояд дар 4 зеристгоҳи баландшиддати 110/35/10 кВт трансформаторҳои пуриқтидор ва дар 50 истгоҳи иловагӣ трансформаторҳои 6/10 кВт насб шаванд. Инчунин таъмир ва ивази зиёда аз 600 симчӯби фарсуда дар назар аст.
Ба гуфти Саидаҳмад Додов ҷиҳати таъминоти таҷҳизоти барқӣ дар шабакаи шаҳрӣ ягон камбудӣ ҷой надорад. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва татбиқи лоиҳаҳои маблағгузорӣ кардаи созмонҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ кабел, симчӯб ва трансформаторҳо сари вақт аз таъмир бароварда, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Чунончи, соли 2008 бо дастгирии Хазинаи Кувайт  зеристгоҳҳои «Ваҳдат», «Академикҳо» ва «Спортивная» бо таҷҳизоти ҳозиразамон таҷдид шудаанд, ки тавассути онҳо дар давраи зимистони гузашта таъминоти аҳолӣ бо барқ хеле хуб шуд.
Ба гуфтаҳои С. Додов розӣ шудан мумкин буд, агар дар рафти омода кардани мавод  доир ба хизматрасонии шабакаи барқ чанде аз шаҳрвандон шикоят намекарданд. Онҳо иброз намуданд, ки дар ҳолати хомӯш шудани барқ ё рух додани ягон ҳодисаи нохуш намедонанд ба кӣ ва ба куҷо муроҷиат намоянд. Ҳатто рақами телефонҳои Шабакаи барқи пойтахт ва ноҳияҳои он ба шаҳрвандон дуруст пешкаш нашудааст. Дар бисёр ҳолатҳо масъулон арзҳои шифоҳии аҳолиро дуруст гӯш намекунанд ва сари вақт мадад намерасонанд. Барои ҳамин ба шаҳрвандон лозим меояд, ки шахсони ғайрикасбиро ба хизмат даъват намоянд, ки аз ин хисороти ҳодисаҳои нохуш вазнинтар ва дучанд мешавад. Мусоҳибон пешниҳод доранд, ки шабакаҳои барқӣ низ ба амсоли сӯхторнишонҳо, милитсия, табибон, газ ва телефон рақами мушаххас дошта бошанд.
Ба саволи «Чаро масъулон барои даъвати таъҷилии мутахассиси барқ чунин рақами телефон ё марказе таъсис намедиҳанд?» Саидаҳмад Додов зикр кард, ки шабакаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ба қадри кофӣ бо телефонҳо таъминанд. Дар Шабакаи барқии шаҳри Душанбе рақамҳои зерини телефонҳо 227-27-27, 227-51-51, 227-43-43 барои тамос ва хизматрасонӣ насб шудаанд. Мутахассисони навбатдор дар ҳолатҳои фаврӣ ба мардум  хизмат мерасонанд. Имсол мо дар бисёр ҳолатҳо то соати 2-и шаб ба маҳаллаи зисти шаҳрвандон рафта, трансформаторҳои аз кор баромадаро иваз намудем.
Доир ба ҷорӣ кардани рақами телефонҳои кӯтоҳу мушаххаси  аз 01 то 09 ҳаминро гуфтаниям, ки ҳамаашон банданд. Идораи мо низ дар ҳамин фикр аст. Агар имконият шавад, мо ҳатман ин гуна рақамро ба Истгоҳи телефонии худкор (АТС) дархост медиҳем.
Шикояти шаҳрвандон аз хизматрасонии таъҷилии барқчиёни шабакаи барқи ноҳияи Фирдавсӣ зиёд буд. Сабабҳои мушкилотро аз сардори шабака Саид Кишваров пурсон шудем. 
-Яке аз масъалаҳои ҳалталаби шабакаи мо нарасидани мутахассиси баландихтисос мебошад, -гуфт Саид Кишваров. - Барои бартарафсозии ин масъала роҳбарияти ШСХК «Барқи тоҷик» чораҳои зарурӣ меандешад. Гурӯҳҳои фаврие, ки таъсис додаем, фаъолияти густурда доранд. Рақамҳои телефонҳои идораи моро кормандони тамоми раёсати хонаҳо (ЖЭУ), корхонаҳои фаръӣ, раисони маҳаллаҳо медонанд ва аз садамаҳои рухдода зуд кормандони моро огоҳ месозанд. Сокинони ноҳияи Фирдавсӣ  метавонанд бо рақамҳои  телефонҳои идораи мо: 701-84-10,  701-84-11, 701-84-20 дар тамос бошанд ва аз хизмати барқчиён баҳравар гарданд.
Аз сӯҳбат бо шаҳрвандон ва масъулони шабакаҳои барқӣ бармеояд, ки андешаҳои онҳо мухолифи якдигаранд. Гарчанде масъулони соҳаи барқ доир ба беҳтару сари вақт хизматрасониашон ба аҳолӣ ҳарф зананд ҳам, шикояти мардум ҳанӯз идома дорад. Онҳо мехоҳанд, ки дар соҳаи барқ низ ба монанди телефонҳои 01, 02, 03 ва 04 рақамҳои кӯтоҳу мушаххас ҷорӣ гардад ва хизматрасонии таъҷилӣ беҳтар карда шавад.
Бояд, ки масъулон роҳи дурусти ҳалли масъаларо дарёбанд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5477
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед