номаҳо
ПЕШНИҲОД, АГАРЧИ МУФИД НЕСТ
Рӯзе бо ҳамроҳии як дӯстам ба нақлиёти мусофиркаше нишастем, ки ба ҷониби Қаряи Боло равона буд. Марди миёнсоле аввалин шуда роҳкироеро, ки аз тарафи шаҳрдорӣ тасдиқ шудааст, яъне 1 сомониву 60 дирам дароз кард. Аммо, баробари дидани тангаҳо пулчинаки нақлиёт гуфт: «Нарх 2 сомонӣ аст, 1 сомониву 60 дирам нест, дигарҳо мусофиронро то ба Қаряи Боло дар ин қисмати шаб бо нархи 3 сомонӣ мебаранд, мо бошем, 2 сомонӣ мегирем». Ӯ ҳамаро бо ин рафтору гуфтораш ҳайратзада кард.
Воқеан, боиси таассуф аст, ки чунин ҳолатҳоро борҳо аз тарафи ронандагон ва пулчинакҳои онон мушоҳида кардаем. Аммо аз чӣ бошад, ки бархе ба нархномаи тасдиқшудаи шаҳрдорӣ ба дидаи эътибор наменигаранд. Ин гуна ҳолатҳои ногуворро ҳамаи масъулон медонанд, аммо дар пайи ислоҳаш намешаванд. Пешниҳод мекунам, ки нархи роҳкироро ба ҷойи 80 дирами муқарраргардида 1 сомонӣ ва ба ҷойи 1 сомонию 60 дирам 2 сомонӣ бинамоянд. Дар ин сурат онҳо на моро мефиребанд, на шаҳрдориро ва низ масъулияти назорат, ки бе ин ҳам дида намешавад, аз миён меравад. Ё ман хато мекунам?
Доро СУҲРОБӢ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2015 №: 216 Мутолиа карданд: 3563