номаҳо
КИТОБҲОИ НАВИ ДАРСИРО ХОҲОНЕМ
Аз мактаб китобҳои куҳнаву фарсудаи дарсиро, ки чандин сол дар истифода буданд, ба фарзандам доданд. Нигоҳи ӯ ба онҳо хуш нест ва ба ҳусни хонаву ҷевони китоб халал ворид мекунад.
Мо фарзандамонро дар рӯҳияи дӯст доштани зебоӣ ва тозагӣ тарбия намудаем. Аз ин рӯ, ҳангоми истифодаи китобҳои дарсӣ, эҳсос мекунем, ки ранҷ мебарад, рӯҳан азоб мекашад. Инчунин, кӯшиш мекунад, ки камтар бо онҳо машғул бошад. Албатта, бо ин ҳоли ногувор дар андӯхтани дониш ба муваффақият камтар ноил мегардад.
Чаро мумкин нест, ки китобҳои дарсиро бештар нашр намоянду дар мағозаҳои китоб ба фурӯш бигузоранд? Мо имконияти харидории онҳоро дорем, охир. Ба ин васила фарзандони мактабхонамон ба китобҳои тозаву зебо бо эҳтироми хоса муносибат менамоянд.
Б. АМИНОВ, шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2015 №: 216 Мутолиа карданд: 3864