номаҳо
БАРОИ ЧӢ МОРО ФАРОМӮШ МЕКУНАНД?
Дар бораи ин ё он филми тоҷик мехонаму мешунавам, ки дар хориҷи кишвар маҳбубият пайдо кардаанду ба ҷоизаҳо мушарраф гардидаанд. Ҳамчун ватандор аз ин дастовардҳо шод мегардаму ифтихор мекунам. Ба шогирдон ҳам дар ин хусус суҳбат менамоям. Онҳоро то ҷое ба дастовардҳои фарҳанги замони истиқлол ошно месозам. Вале фикр мекунам, ки ин кам аст, бисёр кам. Доираи маълумотам бо чанд хабар маҳдуд мебошад. Наход имкони тарғиби бештари кинои тоҷик, хоса кинои замони истиқлолияти кишвар, мавҷуд набошад? То ба кай мо танҳо хабари наворбардории ин ё он филми тоҷикиро мехонем ё мешунавему халос? Чаро худи он филмҳоро ба мо нишон намедиҳанд? Ё онҳоро танҳо барои хориҷи кишвар, иштирок дар синамобазмҳо ва сокинони пойтахти мамлакатамон меофаранд? Барои чӣ моро фаромӯш мекунанд?
Н. АББОСОВ, шаҳри Чкалов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2015 №: 216 Мутолиа карданд: 4419