номаҳо
УНВОНИ «ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТ» АГАР ТАЪСИС ЁБАД...
Пештар барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои бузург дар истеҳсолоту хоҷагиҳои деҳқонӣ ба шахсиятҳои арзанда унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро сазовор медонистанд. Ин қадрдонӣ дар тарбияи меҳнатии насли наврас таъсири мусбати худро ҳатман мегузошт. Сокинони ноҳияи мо ҳоло ҳам ба номҳои пирони кор, аз қабили шодравон Миралӣ Маҳмадалиев, Мирзо Бобоев, Гавҳарбӣ Пиракова, Бозоргул Алиаҳмадова ифтихор доранд. Ба ин пирони кор солҳои зиёд дар хоҷагиҳои деҳқонӣ пайравӣ намуданд.
Имрӯз ҳам кам нестанд нафароне, ки баҳри ободии як гӯшаи ин сарзамини аҷдодӣ худро батамом ба меҳнат бахшидаанд ва натиҷаҳои баланди чашмрас низ доранд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки дар чунин маврид таъсиси унвони «Қаҳрамони меҳнат» мувофиқ аст ва ҳам зарурат дорад. Ин, албатта, ба пешравии кор, меҳнати пурсамару софдилона, соҳиб гардидан ба дастовардҳои бемислу монанд ва тарбияи насли наврас мусоидат мекунад.
Қурбон САФАРОВ,
раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати
ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2015 №: 216 Мутолиа карданд: 4450