номаҳо
ШИКОЯТ
Ду толибаи тахминан 7-8-солаи хаста бо чеҳраҳои гирифтаи маъсумонаашон интизори маршрутка буданд. Бо омадани он ба сӯяш давиданд. Аммо, ронанда баъди пурсидан чун посух гирифт, ки пул надоранд, иҷозаи савор шуданашонро надод. Бисёр зорию илтиҷо намуданд, ки бояд зуд ба хона бираванд, чун шаб фаро мерасад, вале ҳеҷ натиҷа надод. Баръакс, бо онҳо дурушт муомила намуд ва суханони носазо ҳам гуфт. Мактаббачагон изҳор доштанд, ки ба тасодуф роҳкирояшонро дар куҷое афтондаанд. Аз чеҳраашон ҳувайдо буд, ки дурӯғ намегӯянд. Ронанда ба ин гуфта бовар накард ва бо хушунат баён дошт, ки дарро ҳарчи зудтар аз берун бипӯшанд. Ба ронанда гуфтам, ки роҳкироашонро ман пардохт менамоям. Пас аз он дилаш нарм гардиду иҷозаташон дод, ки ворид бишаванд.
Намедонам, барои чӣ баъзе калонсолон ин тасаввурро намекунанд, ки агар фарзандони онҳо ба ин ҳол гирифтор шаванд, дигарон бояд чӣ гуна муносибат бикунанд?
Фурӯғи СОҲИЛ,
донишҷӯ, ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2015 №: 216 Мутолиа карданд: 4933