logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ

30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведевро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот, баробари мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, ҳамчунин масъалаҳои  вобаста ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти шарокати стратегии Тоҷикистону Русияро таъкид дошта, изҳори бовар намуд, ки масоили рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду шарики стратегӣ ва муттафиқ ҳаллу фасл шуда, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахши мо пайваста таҳкиму густариш меёбанд.
Дар робита ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, хусусан афзудани нооромиҳо дар шимоли Афғонистон, ба масоили вобаста ба татбиқи барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дастгирии техникии неруҳои сарҳадии кишвари мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Баррасии масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иҷрои нақшаҳои кории ширкати «Газпром» - и Русия дар Тоҷикистон ва фаъолияти Неругоҳи барқи обии Сантӯда - 1 ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Ба масоили саҳлу сода намудани шароити ҳуқуқии корӣ ва будубоши муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Федератсияи Русия таваҷҷуҳи бисёр зоҳир гардид. Аз ҷумла, изҳори бовар карда шуд, ки санҷишу тафтиши кирдорҳои кормандони алоҳидаи мақомоти дахлдори Русия, ки боиси марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санк-Петербург гардид, бо риояи талаботи қонун ва мунсифона ҷараён меёбад ва  омилони ин ҳодисаи нангин ҷазои сазовор мегиранд.
“Мо умедворем, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани рӯҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд”, - таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Ҳукумати Русия изҳор кард, ки рафти таҳқиқи ин ҳодисаи нанговар дар зери назорати худи ӯ буда, барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон ёфтааст.
Дар фароварди суҳбат Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ ба натиҷаҳои дилхоҳ мерасад ва будубоши меҳмонони воломақом дар Тоҷикистон гуворо хоҳад буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2015    №: 218    Мутолиа карданд: 1160
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед