logo

мулоқотҳо

Ба Эмомалӣ Раҳмон Юрий Попов эътимоднома супурд

14 май  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов эътимоднома қабул намуд.
Дар сӯҳбати Сардори давлат бо Юрий Попов масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.
-Дар маҷмӯъ мо аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия қаноатмандем, зеро солҳои охир корҳои зиёд ба анҷом расидаанд, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни сӯҳбати ошкоро беш аз ҳама аз сатҳ ва мазмуни ҳамгироиҳои миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, илму маориф ва фарҳанг қаноатмандӣ зоҳир гардид.
Ҳамкориҳои энергетикии ду кишвар аз самтҳои стратегии муносибатҳои Тоҷикистону Русия маънидод шуд ва таъкид гардид, ки таҷриба ва робитаҳои судманди дар сохтмони муштараки Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бадастомада бояд дар бунёди дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти татбиқи баъзе санадҳои ҳамкории дуҷониба изҳори норозигӣ карда, таъкид дошт, ки суръат бахшидани корҳо баҳри оғози сохтмони 3 нерӯгоҳи миёнаиқтидори обӣ, истихроҷу коркарди газу нафт ва уран бояд аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ барои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар бошанд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

www.president.tj


Дар мулоқот бо Прези- денти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла НБО-и «Сангтӯда-1» таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гашт.
Ман фардо ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи бахшида ба мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур ба ин мавзеъ сафар мекунам. То ҷое иттилоъ дорем, рӯзҳои наздик баъзе корҳои техникии нотамоммонда анҷом мепазиранд. Ва маросими расмии ба истифодадиҳии «Сангтӯда-1» бо иштироки Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев сурат хоҳад гирифт.
Дар ин хусус Юрий Попов, Сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон, пас аз супурдани эътимоднома ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Ба гуфти сафири Русия дар вохӯрӣ бо Сардори давлат, инчунин як қатор масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, ба шумули рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, сиёсӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли баъзе масъалаҳои баҳсталаб, ки дар муносибатҳои байни ҳар ду кишвар ҷой доранд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Юрий Попов тазаккур дод, ки ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкориҳо ва дар сатҳи баланд қарор додани онҳо имконоти васеъ доранд. “Мо тасмим гирифтем, ки дар бунёди 3 НБО-и хурду миёна дар Тоҷикистон ширкат варзем”, -гуфт ӯ дар хотимаи нишасти матбуотӣ.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2110
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед