logo

маориф

7 МЕДАЛ ҲАНӮЗ ДАСТОВАРДИ ОХИР НЕСТ

Хонандагони гимназия - интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» аз Олимпиадаи байналмилалии риёзӣ, ки дар шаҳри Патуми Тайланд доир гардид, бо 7 медал ба Ватан баргаштанд.

Эҳсон Хушбахтов, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки дастовардҳои шогирдони гимназияи мазкур дастоварди калон аст. Зеро онҳо дар олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ миёни 20 кишвар рақобат карданд.
«Аз 30 октябр то 8 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Патум Тании давлати Шоҳигарии Тайланд 12 - умин Олимпиадаи байналмилалии риёзӣ барои наврасон баргузор гардид, ки дар он хонандагони 20 кишвар ширкат варзиданд.
Дар ин олимпиада Ҷумҳурии Тоҷикистонро 12 нафар хонандаи  синфи 7 - и гимназия - интернати Тоҷикистону Русия  «Ҳотам ва ПВ» - Умедҷон Икромов - ҷойи 2, Глеб Петухов, Далер Пиров, Ҳотами Бахтовар, Шохрухҷон Исматов - ҷойҳои 3 ва хонандагони синфи 7 - и литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ - Баҳром Саидошуров ва Муҳаммадшариф Исмоилов, ки ҷойҳои 3 - юмро ноил гардиданд, муаррифӣ намудаанд. Дар маҷмӯъ хонандагони тоҷик соҳиби 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ шуданд.
Инчунин, аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Анталияи давлати Туркия Олимпиадаи VII байналмилалии мактаббачагон ва донишҷӯён аз фанни табиӣ - риёзӣ  баргузор гардид, ки дар он хонандагони 8 давлат  ширкат варзиданд.
Дар ин олимпиада ҷумҳурии моро 11 - нафар хонандаи Литсей - интернати Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд. Фотима Ёрзода, хонандаи синфи 6, аз фанни биология - ҷойи 1, Баракатулло Гулов, хонандаи синфи 10, аз фанни химия, ҷойи - 1, Зуҳро Ёрзода, хонандаи синфи 6, аз фанни биология, ҷойи - 2, Муҳаммадиқболи Усмон, хонандаи синфи 8, аз фанни география, ҷойи - 2, Ориён Ҷонмаҳмадов, хонандаи синфи 10, аз фанни география, ҷойи - 2, Азиза Нигматова, хонандаи синфи 7, аз фанни санъати тасвирӣ, рассомӣ, ҷойи - 1, Комила Қурбонова, хонандаи синфи 6, аз фанни санъати тасвирӣ, ҷойи - 2, дар маҷмӯъ сазовори 4 медали тилло ва 5  нуқра гардиданд.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илм то имрӯз хонандагони мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 125 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 28 медали тилло, 31  нуқра ва 66  биринҷӣ мебошад.

Ҳарамгул САНГОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2015    №: 225    Мутолиа карданд: 2118
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед